иқтисод
ГРАНТҲОИ ПРЕЗИДЕНТӢ. КОРИ СОҲИБКОРЗАНОН РАВНАҚ ЁФТ
Раъногул Қурбонова, соҳибкорзан аз шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, дар вохӯрӣ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон андешаҳояшро ҷиҳати рафъи мушкилиҳои ҷойдошта баён намуд ва аз ҷониби Сарвари давлат дастгирӣ ёфт.
Раъно Қурбонова зани меҳнаткаш аст ва миёни ҳамагон тавассути кордонию мушкилнописандӣ обрӯманд шудааст. Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом шудани солҳои 2019 - 2021 – ро бо хушнудӣ пазируфт ва барои таъсис додани коргоҳи дӯзандагӣ камар баст. Лоиҳаи соҳибкории пешниҳодкардааш ба аъзои ҳакамони комиссияи озмунӣ писанд омад ва ҳамчун ғолиби гранти президентӣ дар вилояти Хатлон соҳиби 40000 сомонӣ гардида, аз ин ҳисоб барои тавсеаи фаъолияти коргоҳи дӯзандагӣ якчанд таҷҳизоти нави замонавӣ харид намуд. Шумораи кормандонаш аз ҳисоби бонувони маҳаллӣ зиёдтар шуда, сафи мизоҷонаш афзуд.
- Дар пайи ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ҳоло вазъи зиндагии занони деҳот хеле беҳтар шудааст. Онҳо ба соҳибкорӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ машғул шуда, аз ин ҳисоб рӯзгори худро обод мекунанд. Сафи соҳибкорзанон рӯз то рӯз зиёд мешавад ва ин ба рушду ободии бештари кишвари азизамон мусоидат мекунад, - гуфт Раъногул Қурбонова.
Ӯ, ки нозукиҳои касби дӯзандагиро аз модару бибии ҳунармандаш омӯхтааст, ҳоло роҳбари коргоҳи дӯзандагии «Мадина» буда, мизоҷонаш дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон хеле зиёданд. Имрӯзҳо касби дӯзандагиро ба бонувони дигар ёд медиҳад ва аз ин касб ҳам соҳиби нон асту ҳам соҳиби обрӯ ва шогирдони зиёд. Аз он меболад, ки шогирдонаш низ аз шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ самаранок истифода бурда, дар арсаи соҳибкорӣ муваффақ ва соҳиби грантҳои президентӣ шуда, корхонаҳои нав бунёд мекунанд ва дар ободию пешравии Ватан саҳм мегузоранд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.12.2019 №: 244 - 245 Мутолиа карданд: 754