logo

иқтисод

"ТАВОЗУН". МАҲФИЛИ НАВБАТӢ БО ИШТИРОКИ ВАКИЛОН

Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар доираи маҳфили журналистикаи иқтисодии «Тавозун» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ВАО, таҳлилгарон, коршиносони соҳаи иқтисод ва сохторҳои дигари марбута оид ба муаррифии «Дастурамал дар бораи амалӣ намудани назорати порлумонӣ оид ба ташаккул ва иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар доир гашт.

Тавре зикр гардид, ҳадафи дастурамал ба танзим даровардани ҷараёни назорати порлумонӣ  ва мунтазам намудани он аз болои давраҳои буҷетӣ дар Тоҷикистон аст, ки аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи ташаккулиёбии буҷети давлатӣ ва иҷроиши он дар бахши молияи давлатӣ амалӣ мешавад.
Дастурамалро кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, тибқи талаботи қонунгузорӣ ва таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ, таҳия намудаанд. Он имконоти назорати порлумонӣ аз болои буҷет ва дигар масоили идораи молияи давлатиро устувор менамояд, зеро маҳз назорати порлумонӣ яке аз омилҳои назорати давлатист, ки сохти конститутсиониро қавӣ мегардонад.
Мақсад аз баргузории чорабинӣ ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираи васеи журналистон ба баррасии масоили вобаста ба мукаммалгардонии назорати порлумонӣ дар низоми умумии молияи давлатӣ ва ташаккули шаклҳо ва усулҳои он арзёбӣ шуд. Иқдоми мазкур ба рушди журналистикаи иқтисодӣ ва боло бурдани фарҳанги молиявии  мардум низ мусоидат мекунад.

Кароматулло АТО,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2019    №: 246 - 247    Мутолиа карданд: 917
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед