logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

МАВОДИ ТАРФГАРӢ
Қочоқбарон боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд
Кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ  ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд зимни як амалиёт дар минтақаи ноҳияи Ҷаббор Расулови шоҳроҳи Душанбе – Чанак аз дохили нақлиёти тамғаи «Мерседес - Бенс», ки таҳти идораи Дилшодҷон Ҳодибоев қарор дошт, маводи тарфгариро ошкор ва мусодира карданд.
Дар ин бора маркази матбуоти агентӣ хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи азназаргузаронии бордони нақлиёт аз дохили он 200 баста маводи тарфгарии навъи «хлопушка» дарёфт шудааст. Кормандони агентӣ муайян карданд, ки маводи тарфгариро сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Абдуғаффор Манонов 27 ноябри соли 2019 аз Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳи қочоқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардааст.
Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба А. Манонов ва дигар шарикон бо моддаи 1991 қисми 2 (муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ)  Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.

ДУЗДИИ 700 000 СОМОНӢ
Ҷиноят ошкор ва гумонбар дастгир гардид
Як сокини пойтахт, ки дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз ӯ марди 20 - сола ном мебарад, ба гумони дуздии 700 000 сомонӣ аз дохили воситаи нақлиёте дар Душанбе боздошт шуд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД, гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ баъд аз муроҷиати марди 28 - солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба ШВКД - 1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аз ҷониби маъмурони милитсия дастгир гардидааст. Ҳодиса дар кӯчаи Деҳотии пойтахт ба амал омада, боздоштшуда бо роҳи шикастани тирезаи воситаи нақлиёт ин миқдор маблағро рабудааст.
Феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

БАЛҶУВОН
Милитсия ба дасти чорводуздон завлона зад
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Балҷувон ду сокини деҳаи Зарнисори ноҳия – мардони 29 ва 35 - соларо ба гумони дуздии чорво дастгир намуданд.
Маркази матбуоти ВКД хабар дод, ки гумонбарон 15 декабри соли ҷорӣ аз чарогоҳи деҳаашон бо роҳи пинҳонӣ 3 сар чорвои калони шохдор, ки арзишашон 20 000 сомониро ташкил медиҳад, дуздидаанд. Ин кирдори ҷинояткорона аз ҷониби кормандони милитсия зуд ошкор гардида, ҳоло мавриди тафтишот қарор дорад.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2019    №: 246 - 247    Мутолиа карданд: 714
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед