logo

иқтисод

ЧОЙ. КАЙ АЗ ВОРИДОТ БА СОДИРОТ МЕГУЗАРЕМ?

Дар сарзамини биҳиштосои мо  – Тоҷикистони азиз қариб ҳама гуна рустаниҳои шифобахшу ғизоӣ мерӯянд, яъне рустаниҳоеро парвариш карда метавонем, ки аз онҳо  чойҳои хушбӯю бомаза ва назар ба навъҳои воридотии он беҳтар омода кардан мумкин аст. Як қисми рустанию гиёҳҳои худрӯи диёрамон низ ба ин имкон медиҳанд. Аммо имрӯзҳо сари дастархони ҳамватанонамон бештар чойҳои ҳиндию арабӣ, чинию таиландиро мебинем, ки нархи баланд доранд.
Таассуфовар аст, ки бо вуҷуди фаровонии имконияти истеҳсоли чойи аълосифат дар мамлакат ҳанӯз дар ин самт корхонаи махсус надорем. Ҳоло як килограмм чойи босифат аз кишварҳои Ҳиндустон, Покистон, Тайланд ва мамлакатҳои дигар бо  арзиши 100 - 150 сомонӣ ба ҷумҳурии мо ворид мегардад. Дар рӯи мизи утоқи кории бархе роҳбарони  ташкилоту корхонаҳо, тарабхонаҳои боҳашамат  бештар чунин навъҳои чойро мебинем. Илоҷи чойро бо нархи баланд нахаридан ҳам нест. Зеро талаботи мардуми ҷумҳурӣ  ба истеъмоли чой  хеле зиёд аст. 
Барои чӣ дар Тоҷикистони офтобрӯяи табиаташ ба парвариши ниҳоли чой  мусоид ин маҳсулот истеҳсол намешавад?
Бо назардошти  иқлими мусоид ва табиати кишвар мо имкон дорем, ки  бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ тарзу усули нигоҳубини ниҳолҳои чойро дар  кишварҳои Ҳиндустону Чин омӯхта, онро дар кишвар парвариш намоем. Дар мамлакатҳои  Эрону Туркия барои истеҳсоли чой бо харҷи зиёд  ниҳоли зайтун парвариш карда мешавад.  Ба андешаи ман, ниҳоли зайтун дар Тоҷикистон нисбат ба давлатҳои номбурда беҳтар инкишоф меёбад.
Ҳангоми саёҳат дар  шаҳри Батумии Гурҷистон аз майдони таҷрибавии  парвариши ниҳоли чой дидан намудам. Он аз буттаи  пахтаи мо фарқе надорад. Кош дар Тоҷикистони мо низ чунин майдонҳои парвариши ниҳоли чой мавҷуд мебуд. Ҳоло  зарур омадааст, ки заминҳои бекорхобидаи домони кӯҳу теппаҳоро ба майдони кишти чой табдил диҳем. Соҳили сангобҳои кӯҳистони кишварамон низ барои парвариши ниҳоли чой бисёр мувофиқ ва мусоид аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ саноатикунонии босуръатро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Ин иқдом аз ояндаи дурахшон башорат медиҳад, зеро ҳадаф аз ин ташаббуси некбинона, пеш аз ҳама, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани захираҳои нуҳуфтаи ҷумҳурӣ аст. Дар ин роҳ барои дастгирии соҳибкорон имкониятҳои зиёд фароҳам гардидаанд. Истеҳсоли чойи ватанӣ аз зумраи масъалҳоест, ки дар раванди саноатикунонии босуръат бояд ҳалли худро ёбанд. Бо вуҷуди мавҷуд будани имкониятҳои фаровон, вазоратҳои саноату технологияҳои нав ва кишоварзии ҷумҳурӣ ҳанӯз дар ин ҷода ягон чораи мушаххас наандешидаанд.  

Раҳмат ШЕРАЛИЕВ,  омӯзгор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.12.2019    №: 248    Мутолиа карданд: 1099
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед