logo

маориф

АТТЕСТАТСИЯИ ОМӮЗГОР. АЗ 5 СОЛ БА 3 СОЛ ТАҒЙИР ЁФТ. ЧАРО?

Раванди кори таълиму тарбия, яъне раванди педагогӣ мақсаднок, пурмазмун ва махсус ташкилкардашуда мебошад, ки дар ҷараёни он таъсири мутақобилаи тарбиядиҳанда ва тарбиягиранда таъмин карда мешавад. Ин ба он мазмун аст, ки омӯзгор низ дар баробари шогирдонаш ба худтакмилдиҳӣ ва донишандӯзии пайваста ниёз дорад.
Аз ин хотир, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди дурандешонаеро ироа намуданд: «Ҳамаи кормандони соҳаи маориф, аз дастгоҳи вазорат ва сохторҳои маҳаллии он то устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликият, дар тамоми қаламрави кишвар ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронда шаванд».
Сарвари кишвар нахуст эътимоду боварии самимии худро ба омӯзгорон изҳор дошта, бо дилсӯзӣ афзуданд: «Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. Лекин пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо мекунад, ки онҳо низ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кӯшиш кунанд».
Пешвои миллат пас аз таҳлилҳои ҳамасолаи хеш пай бурданд, ки як қисм аз омӯзгорон бо ҳамон дониши дар замони донишҷӯӣ омӯхтаашон иктифо меварзанд ва дигар ба омӯзиши паҳлуҳои наву кашфношудаи ихтисоси хеш камари ҳиммат намебанданд. Бо ин сабаб, муҳлати гузарондани аттестатсия аз 5 сол ба 3 сол тағйир ёфт. Дар баробари ин, ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ супориши қатъӣ дода шуд: «Ба Вазорати маориф ва илм зарур аст, ки фаъолияти курсҳои такмили ихтисоси омӯзгоронро боз ҳам тақвият бахшад».
Раванди педагогӣ мақсад, мазмун,  вазифа ва методу воситаҳои худро дорад, ки онҳо барои ноил гардидан ба натиҷаҳои ба манфиати ҷамъият равонакардашуда истифода мебаранд. Дар ин ҷараён такмили ихтисос ҳатмист.
Равшан аст, ки баҳри баланд бардоштани сифати таҳсилот, пеш аз ҳама омӯзгори хуб лозим аст. Чунки омӯзгор меҳвари сифати таҳсилот буда, бо хонанда ҳамарӯза кор мекунад. Донистани технологияи муосир, набзи сиёсати дохиливу хориҷӣ, донистани яке аз забонҳои хориҷӣ омӯзгори имрӯзро обрӯву эътибор мебахшад.
Дар таҳияи китобҳои дарсӣ, таҳияи барномаву раҳнамоҳои вижаи ихтисосӣ низ фаъол бошад. Омӯзгороне, ки дар рафти таълиму тарбия нозуктарин ҷанбаҳои маорифро барои худашон кашф мекунанд, бояд дар шакли матлабҳои ҷудогона интишор диҳанд, ба шогирдонашон чун мавод пешниҳод намоянд.

Гулчеҳра САФАРОВА,
омӯзгори МТМУ № 24, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.12.2019    №: 248    Мутолиа карданд: 2701
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед