logo

ҳуқуқ

ҶАҲОЛАТ БАДБАХТӢ МЕОРАД!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ таъкид доштанд: «Нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар идораи давлат ва пешрафти ҷомеа хеле муҳим мебошад, зеро ҳокимияти судӣ дар асоси Конститутсия ва қонунҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд».
Таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки аксари ҷиноятҳои содиргашта аз надонистани одитарин ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ аз ҷониби аҳолӣ сарчашма мегирад. Аз ин рӯ, баҳри пешгирии болоравии сатҳи ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бояд чораҳои муассир андешида шаванд.
Мунтазам ташкил кардани корҳои тарғиботӣ- омӯзишӣ дар маҳалҳо, чоп ва паҳн намудани варақаҳои ҳуқуқӣ, ҳамкории бевоситаи мақомоти маҳаллӣ бо мақомоти судӣ, таҳияи барномаҳои ҳуқуқӣ дар телевизион, матбуот ва дигар васоити ахбори омма ба манфиати кор мебошад. 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ва мулоқотҳои судманди хеш ҳамеша таъкид ва аҳли ҷомеаро вазифадор менамоянд, ки афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир имрӯз бештар ба чашм мерасад. Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вақтҳои охир дастгир шудани гурӯҳҳои ҷиноятие, ки мехостанд дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, гувоҳи ин гуфтаҳост.
Бинобар ин, мақомоти судӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд.
Пешрафти босуботи давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таъмини амният, волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос меёбад. Таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо бояд чораҳои ҷиддӣ андешем.
Аз тарафи дигар, дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир, хусусан афзудани таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили экстремизму терроризм, моро зарур аст, ки ба шукронаи давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр барои суботу пешрафти сарзамини аҷдодӣ ҷаҳду талош намоем. Зеро ифротгароиву хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллату давлат танҳо бадбахтӣ меорад ва ба рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунад. Бо ин мақсад бояд донишҳои сиёсиамонро пайваста такмил диҳем, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ ҳамеша омода бошем.
Аз ин рӯ, гузариш ба муносибатҳои иқтисодии бозаргонӣ, ташаккулёбии арзишҳои демократӣ, ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ, гузарондани ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии шаҳрванд тақозо менамоянд, ки дар бобати беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ тадбирҳои зарурӣ андешем.
 
Шаъмигул НУРУЛЛОЗОДА,
судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.12.2019    №: 248    Мутолиа карданд: 1118
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед