logo

сиёсат

МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ ИҚТИСОДӢ: АЗ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд дар ҷамъбасти ҳар сол ба Маҷлиси Олии мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвари худ ироа намудани Паём аз ҷониби Сарвари давлат мебошад. Пешниҳод гардидани Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо дар ҳақиқат тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи Тоҷикистон аст.

Паём, яъне сухани самимии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Асосан, тибқи мафҳуми умумиэътирофшудаи Паёми Президент ба парламент – яке аз шаклҳои муҳими ҳамкории Сарвари давлат ва мақомоти намояндагии умумимиллӣ мебошад. Паём, тибқи қоида, ин ҳисоботи расмии солона, ки ба вазъи давлат ва самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат аст. Ироаи Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ ин нафақат ҳуқуқ, балки уҳдадорӣ низ мебошад. Аслан, он аз ҷониби Президент шахсан дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Олӣ (агар аз ду палата иборат бошад) баён мегардад, ки аксар вақт дар тамоми ҳудуди мамлакат тариқи расонаҳои хабарӣ пахш мешавад.
Чунин намуди пешниҳоди маълумот ба ҷумҳуриҳои президентӣ хос мебошад, ки Президент ҳамзамон роҳбари Ҳукумат ба ҳисоб меравад. Дар амалияи давлатӣ - ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ шаклҳои гуногуни баёни Паёми Президент ҷой дорад. Масалан, Президенти ИМА ба Конгресс се намуди Паёмро ироа менамояд – Паём оид ба вазъияти мамлакат, дар бораи иқтисодиёт ва буҷети давлатӣ. Дар Федератсияи Россия – Паём баҳогузории ҳолати умумии давлат ва муқарраркунандаи барномаи қонунгузорӣ барои соли оянда мебошад (Тахиров Ф.Т. Актуальные проблемы истории и теории государства и права в условиях государственной независимости Республики Таджикистан. – Душанбе: Дониш, 2009. – С. 288-289).
Бояд иброз намуд, ки Паёми Президент дорои якчанд хусусиятҳо мебошад:
1. Ҳуҷҷати сиёсӣ - ҳуқуқие аст, ки ҳадафҳои афзалиятдошта ва самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, инчунин, хислати стратегӣ дорад (барои дурнамои наздик), ҳамзамон, мақсад вазифаҳо ва афзалияти сиёсати ҳуқуқиро муайян месозад.
2. Ба маънои маҳдуд ин ахбороти Президент дар назди мақомоти олии қонунгузор – парламент, ба маънои васеъ - барои мақомоти дахлдори давлатӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар маҷмӯъ, воситаи иттилоотонии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи дастовардҳо ва ҳадафҳои ниҳоии сиёсати давлат аст.
3. Вобаста ба мазмун, ҳисоботи гуногунранги сиёсие аст, ки тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар мегирад.
4. Шакли самараноки амалишавии ҳуқуқи Президент ба ташаббуси қонунгузорӣ аст, ки дар аксари ҳолат тавассути он асоснокии пешниҳоди қонунгузорӣ муайян мешавад.
5. Гарчанде, ки  Паём меъёрҳои ҳуқуқӣ надошта бошад ҳам, он хислати меъёрӣ дорад, зеро барои мақомоти дахлдори давлатӣ, шаҳрвандон ва ташкилотҳо дорои аҳамияти умумиҳатмӣ аст.
6. Ҳарчанд ин ҳуҷҷат санади меъёрӣ - ҳуқуқӣ нест ва дар қонун ба ин шакл муқаррар карда нашудааст, лекин вобаста ба мазмун (муайянсозии ҳадаф, вазифа, афзалиятҳо, чораҳои баррасӣ ва ҳал), аҳамият ва самти худ ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсати ҳуқуқӣ ва дар маҷмӯъ, ҳуҷҷати сиёсати ҳуқуқэҷодкунӣ аст (Камолов И.И. Система нормативно - правовых актов: проблемы теории и практики: монография. – Душанбе, 2015. – С. 3-63).
Дар айни замон, дар низоми сиёсии давлатдорӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад. Ин аст, ки на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми ҷумҳурӣ гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рӯй оварда, мазмуну моҳияти онро сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳанд.
Дар Паёми имсолаи Пешвои  миллат моҳияти равандҳои асосии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ арзёбии амиқ ёфта, маҷмӯи масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ҳамаҷониба баррасӣ гашта, барои рушди устувори ҳар як соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шуданд.
Аз назари мазмун ва муҳтавои умумӣ маҳаки асосии Паёми имсолаи Пешвои миллатро таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар ва рушди бонизоми он метавон арзёбӣ намуд. Зеро дар он асосан ба маҳаки муҳими рушд, яъне ба иқтисодиёт аҳамияти ҷиддӣ дода шудааст.
Аз нигоҳи асосгузори илми назарияи иқтисод Арасту, ки файласуфи барҷастаи ҳама давру замон эътироф шудааст, иқтисод ин илм оид ба рӯзгордории (хоҷагидории) оқилона мебошад. Иқтисод, ба андешаи Арасту, ин бунёди «боигарии (сарвати) ҳақиқӣ», андӯхти арзиши истеъмолӣ аст. Иқтисод, мегӯяд Арасту, ин фаъолияти муҳимтарин ва пурифтихортарин аст, чунки он эҳтиёҷоти ҳаётан муҳими инсонро қонеъ мегардонад.
Иқтисодиёт – ин системаи истеҳсолот, тақсимот, мубодила ва истеъмоли мол ва хизматрасониҳо мебошад. Албатта, асоси иқтисодро истеҳсоли мол ташкил менамояд. Бе истеҳсолот на савдо вуҷуд дорад, на мубодила ва на истеъмолот (Райзберг Б. А., Лозовский Л. Ш., Стародубцева Е. Б. Современный экономический словарь. — М.: ИНФРА-М, 2007. — 495 с.).
Функсияи асосии иқтисод ин офаридани чунин неъматҳое мебошад, ки барои фаъолияти ҳаёти инсон зарур аст ва бидуни онҳо ҷамъият инкишоф ёфта наметавонад. Иқтисодиёти ҷомеа ин организми мураккаб ва фарогиранда буда, фаъолияти ҳаёти ҳар як инсон ва ҷамъиятро таъмин менамояд.
Аз ин рӯ, Паёми хешро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз дастовардҳои Тоҷикистон дар соли сипаригардида оғоз намуда, махсусан қайд карданд, ки «татбиқи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд».
Яке аз самтҳои муҳиме, ки дар Паём мавриди таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат қарор гирифт, масъалаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар барои соли 2020 ва дурнамои он мебошад. Масъалаи аввалине, ки дар самти иқтисодӣ баррасӣ гардид, таҳлили суръати воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2019 мебошад. Тибқи маълумоти ҷойдошта, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ – ин (аз калимаи англ. gross domestic product, GDP) нишондиҳандаи муҳими макроиқтисодӣ, инъикоскунандаи маҷмӯи нархи ниҳоии бозории маҳсулот (мол, хизматрасонӣ ва диг.) дар дохили давлат дар соли сипаригашта бо истифодаи омилҳои истеҳсолот, ки ба ҳамин давлат ва дигар давлатҳо мансуб аст, фаҳмида мешавад (Барихин А.Б. Большой юридический энциклопедический словарь. – М.: Книжный мир, 2006. – С. 58).
Вобаста ба ин масъала зикр гардид, ки «соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт».
Вобаста ба масъалаи Буҷети давлатӣ, ки солҳои охир бо суръати муайян афзоиш ёфтааст, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард  сомонӣ баробар шуда, даромади пулии аҳолӣ бошад, беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш ёфт».
Масъалаи муҳиме, ки ҷанбаҳои иқтисодии Паёмро ташкил медод, пеш аз ҳама бақияи пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар буд. Дар ин самт қайд гардид, ки «бақияи пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар соли 2019 беш аз 9,5 миллиард сомониро ташкил карда, дар ҳафт соли охир 45 фоиз зиёд гардид». Аз Паём бармеояд, ки паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар яке аз масъалаҳои муҳим дар ҷомеаи Тоҷикистон маҳсуб гардида, доимо мавриди таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат, алалхусус Президенти мамлакат қарор дорад. Аз ин ҷост, ки сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт.
Оид ба паҳлуҳои дигари масъалаҳои демографии кишвар бошад, Пешвои миллат таваҷҷуҳи амиқ зоҳир намуда, баён доштанд, ки «… тибқи таҳлилҳо дар замони соҳибистиқлолӣ нишондиҳандаи умумии фавт қариб ду баробар, аз ҷумла фавти кӯдакони синни то панҷсола 3,2 баробар кам шудааст. Дар ин давра аҳолии Тоҷикистон аз панҷуним миллион қариб ба 9,5 миллион нафар расида, беш аз 70 фоиз афзудааст». Чунин нишондиҳандаҳои асосии демографии мамлакат маълум месозад, ки солимии аҳолии кишвар, аз ҷумла модару кӯдак, дар натиҷаи амалӣ гардидани барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ  беҳтар гардидааст.
Масъалаи саҳми бахши хусусӣ, баланд гардидани нишондодҳо ва таъсири он дар самти маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ яке аз дастовардҳои солҳои охир дар бахши иқтисоди кишвар махсусан арзёбӣ гардид. Вобаста ба ин масъала чунин зикр гардид, ки «саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли 2013-ум 54 фоиз буд ва ин нишондиҳанда соли 2019 ба 70 фоиз расонида шуд».
Ин нишондиҳанда гувоҳӣ он аст, ки Пешвои миллат ба рушди соҳибкории хусусӣ диққати доимӣ медиҳанд ва ҳаматарафа дастгирии онҳоро таъкид менамоянд. Дар ин замина зикр шуд, ки барномаи пешазинтихоботии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба масъалаи рушди паҳлуҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҳаёти иқтисодии кишвар бахшида шуда буданд, имрӯз тадбиқи амалии хешро дарёфтанд.
Вазифагузориҳо дар ин самт, дар асоси баёни Паём муайян намуданд, ки «Ҳукумати кишвар вазифадор карда мешавад, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти неруи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад».
Метавон иброз намуд, ки маҳз бо ташаббус ва дастгирии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои мутараққии ҷаҳон муносибатҳои устувори иқтисодӣ барқарор намуд, ки ҳоло ин кишварҳо дар татбиқи сиёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва барномаҳои рушди кишвар саҳмгузорӣ менамоянд. Дар давраи истиқлолият бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ зиёда аз 80 барномаи соҳавӣ қабул гардид ва амалисозии муваффақи аксари онҳо ба пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд (Обидов Ф. Истиқлолият ва дастовардҳои иқтисодӣ // Ҷумҳурият. 2019. № 197).
Рушди муносибатҳои иқтисодӣ дар мамлакат ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки барои муътадил инкишоф додани иқтисодиёти миллӣ ва  мутобиқсозии он ба бозори ҷаҳонӣ чораандешӣ намоем.
Рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолӣ дар кишвар ва ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мутобиқ будани он яке аз бахшҳои умдаи Паём ҳисоб меёбад, ки дар ин самт низ Пешвои миллат чунин таъкид намуданд: «шиддат гирифтани рақобати тиҷоратӣ миёни кишварҳо моро вазифадор месозад, ки дар самти пешгӯии хавфҳо ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ, инчунин, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ тадбирҳои зарурӣ андешем». Дар робита ба ин, Президенти мамлакат аз Ҳукумати ҷумҳурӣ талаб намуданд, ки «… соли 2020 ҷиҳати ба 87,4 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо суръати афзоиши он дар сатҳи 7,8 фоиз ва дар ҳаҷми 26 миллиард сомонӣ таъмин кардани қисми даромади буҷет чораҳои зарурӣ андешад. Ҳукуматро, ҳамчунин, зарур аст, ки дар 7 соли оянда суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар як сол 7 - 8 фоиз, афзоиши ҳаҷми онро беш аз 1,8 баробар ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,7 баробар таъмин намуда, ҷиҳати ба 45 фоиз расондани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва то 18 фоиз паст намудани сатҳи камбизоатӣ нақшаҳои тасдиқгардидаро босифат амалӣ намояд».
Чӣ тавре ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дарҷ гардидааст, диққати асосӣ ба консепсияи рушди устувори инсон дода шудааст. Бинобар ин, пурра аз байн бурдани камбизоатӣ, иваз намудани моделҳои ноустувор ва пешбурди моделҳои устувори истеъмол ва истеҳсолот, инчунин ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ бо мақсади рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ, вазифаҳои асосӣ ва шартҳои ҳаётан муҳими рушди устувори инсон маҳсуб меёбанд. Дар Паём ишора гардид, ки ҳоло Тоҷикистон дар давраи анҷомёбии марҳалаи аввали «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва оғози марҳалаи дуюми он қарор дорад. Вобаста ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки то охири соли 2020 барномаи миёнамуҳлати рушдро барои солҳои 2021 - 2025 қабул намояд. Яъне, рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад.
Боиси зикр аст, ки дар ҷабҳаи дастрасӣ ба мақсадҳои дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 дарҷгардида, се принсипи рушди оянда муайян карда шудааст: ҳимоявӣ (паст намудани осебпазирии рушди оянда), саноатӣ (баланд намудани самаранокии истифодаи захираҳои миллӣ), инноватсионӣ (инкишоф дар асоси ҷорӣ намудани навоварӣ дар тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ - иқтисодии ҳаёти кишвар). Дар асоси ин се принсип, се сенарияи рушд таҳия шудааст: инертсионӣ, саноатӣ ва саноатӣ–инноватсионӣ (Ризқулов Т. Иқтисод ва дастовардҳои Тоҷикистон дар замони истиқлолият // Ҷумҳурият. 2019. № 195).
Гузаштан ба технологияи рақамӣ яке аз самтҳои асосии мустаҳкам намудани сиёсати иқтисодии кишвар ба шумор меравад. Вобаста ба ин дар Паём Ҳукумати мамлакат вазифадор карда шуд, ки «... бо мақсади ҳарчӣ зудтар ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ки дар Паёми соли гузашта таъкид гардида буд, консепсияи иқтисодиёти рақамӣ ва дар асоси он барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамиро қабул ва амалӣ созад». Дар воқеъ қабул ва амалӣ гардонидани консепсияи иқтисодиёти рақамӣ ва барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамӣ талаби замон буда, дар пешрафт ва тараққиёти иқтисодии кишвар нақши муҳимро мебозад.
Мо дар мақолаи қаблии худ таҳти унвони Амнияти иқтисодӣ – ҳадафи стратегии давлат (Ҷумҳурият, 24.2019, №99 - 100) дар бораи аҳамият ва мақсадҳои ҷорӣ намудани технологияи рақамӣ ва иқтисодиёти рақамӣ қайд карда будем. Воқеан, дар замони муосир «иқтисоди рақамӣ» яке аз самтҳои афзалиятнок дар рушди иқтисодии мамлакат дониста мешавад. Тоҷикистон дорои тамоми шароитҳо ва заминаҳо ҷиҳати татбиқи минбаъдаи захираҳои рақамӣ ва афзоиш додани суръати рақамикунонии иқтисод мебошад.
Ҳамин тавр, иқтисоди рақамӣ – низоми муайяне мебошад, ки  муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар заминаи истифодаи технологияҳои рақамии иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) татбиқ мекунад. Он на танҳо барои ташкил кардани шароитҳои зарурӣ ҷиҳати пайдо кардани технологияҳои нави рақамии ояндадор нигаронда шудааст, балки барои истифодаи моделҳои инноватсионии пешқадами ташкил кардани савдо, тиҷорат, логистика, истеҳсолот равона гардидааст.
Аз ин рӯ, рушди минбаъдаи ҷомеа бе ташаккули иқтисоди рақамӣ номумкин аст. Технологияҳои рақамӣ дар солҳои наздик барои нигоҳ доштани манфиатҳои миллӣ, истиқлолияти итиллоотӣ ва технологӣ, рақобатпазирӣ дар саҳни ҷаҳонӣ ба омил ва шарти муҳим мубаддал мегардад. Тоҷикистон аз нуқтаи назари стратегӣ ба худ иҷозат дода наметавонад, ки аз рушди технологияҳои рақамӣ ва дигар намудҳои он қафо монад, балки аз фурсати муносиб истифода бурда, дар самти теҳнологияҳои нав ҷаҳиш кунад ва ба кишварҳои пешқадам наздик шавад (Нестеренко Е.А. Направления развития цифровой экономики и цифровых технологий в России  // Экономическая безопасность и качество. 2018. № 2 (31) - С. 9-14.). 
Бинобар ин, Пешвои миллат боисрор талаб мекунанд, ки дар самти ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ, ки таъсири омилҳои инсониро бартараф месозад, чораҳои мушаххас андешида ва қадамҳои қатъӣ гузошта шаванд.
Бо дарназардошти ин омил, Ҳукумати мамлакат дар самти ҷорисозии иқтисодиёти рақамӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва банди 2 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2019 «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» оид ба вусъат бахшидани корҳо, ҷиҳати татбиқи иқтисодиёти рақамӣ ва дар заминаи он ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодиёти мамлакат, Вазорати рушди иқтисод ва савдо муаззаф гардидааст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд (Қурбон Ш. Иқтисодиёти рақамӣ. Марҳилаи нави рушд // Ҷумҳурият. 2019. № 131).
Дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 30 декабри соли 2019 баргузор гардид, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод ва пас баррасӣ қабул карда шуд. Ин ҳуҷҷати муҳим, ки ба мақсади фароҳам овардани шароити мусоидаткунанда барои дигаргуншавии соҳаҳои фаъолияти инсон таҳти таъсири технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла рушди ҷомеаи иттилоотӣ, гузариш ба хизматрасониҳои давлатии рақамӣ ва ҳукумати рақамӣ, ҳамаҷониба ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт, иҷтимоёт ва дар натиҷа тезондани суръати рушди ҷумҳурӣ, баланд бардоштани рақобатнокӣ, афзоиши иловагии ММД ва беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби истифодаи технологияҳои рақамӣ равона шудааст, қувваи қонунӣ пайдо кард ва татбиқи он оғоз гардид.
Яке аз масъалаҳои мубрами иқтисодӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ, ташкили шароити мусоид барои фаъолияти бахши хусусӣ мебошад. Дар ин замина масъалаи андозу андозситонӣ ҷойи муҳимро дорад. Зеро солҳои охир мушоҳида мешавад, ки қисми назарраси соҳибкорон аз сангин будани шароити андозситонӣ изҳори норозигӣ намуда, тарки фаъолияти соҳибкорӣ кардаанд. Ин нуктаро ба назар гирифта, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Масъулонро зарур аст, ки ҳангоми таҳияи кодекси андоз ҳавасмандсозии истеҳсолкунандагони ватанӣ, боз ҳам соддаву оммафаҳм гардонидани маъмурикунонии андоз ва беҳтар кардани фазои сармоягузориро пешбинӣ намоянд. Мо бояд ба рушди бахши хусусӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда, заминаи ягонаи ҳуқуқиро барои ҳамаи иштирокчиёни фаъолияти иқтисодӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, муҳайё созем».
Як нуктаро дарҷ намудан зарур аст, ки имрӯз саҳми Ҳукумати ҷумҳурӣ дар рушду пешрафти бахши хусусӣ басо назаррас мебошад. Ин масъаларо мо бо далелҳои аниқ асоснок карда метавонем. Чуноне, ки дар Паём зикр шуд: «танҳо солҳои 2016 - 2018 маблағи умумии имтиёзҳои ҷоришуда беш аз 15 миллиард сомониро ташкил намуд, ки ин саҳми Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву истеҳсолӣ мебошад. Илова бар ин, дар заминаи ислоҳоти татбиқнамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир шумораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор шаш баробар кам шудааст. Агар соли 2016 шумораи чунин санҷишҳо қариб 300 ҳазорро ташкил дода бошад, соли ҷорӣ ҳамагӣ 48 ҳазорро ташкил кардааст». Ишораи Сарвари давлат ба он равона шудааст, ки санҷишҳои бемавриди сохторҳои назоратӣ монеъ ба рушди иқтисодӣ мебошанд.
Аз ҳама муҳим, ба андешаи мо, дар Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита қайд шуд, ки дар таҳрири Кодекси андоз натанҳо мутахассисони соҳа, балки аз ҳисоби соҳибкорон ҷалб карда шавад, то ки фикру андешаҳои худро пеш аз қабул намудани он пешниҳод намоянд. Ин нукта аз он дарак медиҳад, ки барои қабули навбатии Кодекси андоз нуқтаи назари табақаҳои гуногуни ҷомеа ба назар гирифта мешавад. Таклифи мазкур аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба он далолат медиҳад, ки аҳолӣ дар раванди ҳуқуқэҷодкунӣ фаъолона иштирок намуда, таклифу пешниҳоди худро иброз намоянд. Ин яке аз роҳҳои демократии таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ дар рушди бонизоми иқтисодиёти давлат мусоидат менамояд. Дар замони рушди иқтисоди бозоргонӣ чунин намуди фаъолият аз ҷониби давлатҳои пешрафта самаранок роҳандозӣ мешавад. Дар ин замина ҷалб намудани сармояи мустақими дохилӣ ва хориҷӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маврид мебошад.
Яке аз омилҳои таъмини инкишофи иқтисоди кишвар ин ҷалби бевоситаи сармояи хориҷӣ мебошад. Аммо сармоягузорони хориҷӣ то ба ҳол дастрасӣ ба маълумоти зарурӣ вобаста ба муҳити сармоягузорӣ, имконияти пурра ба лоиҳаҳои афзалиятдошта надоранд. Вобаста ба ин масъала дар Паёми Президенти кишвар чунин дарҷ гардид, ки «Ҳукумати Тоҷикистон ба сармоягузории соҳаҳои иқтисодиёт ҳамчун воситаи асосии саноатикунонии босуръат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар самти беҳтар гардондани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби ҳарчӣ бештари сармояи мустақим тадбирҳои мушаххасро амалӣ карда истодааст. Дар солҳои 2013 - 2019 ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар 57,3 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки қариб 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад. Тибқи санадҳои қабулшуда ҷалби сармояи хусусӣ бояд афзоиш ёфта, соли 2020 ҳиссаи он нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 10 фоиз расонида шавад».
Аз ҷониби Сарвари давлат эълон гардидани мораторияи 2 - сола ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ барои рушди соҳаи саноат ва таъсири бевоситаи он ба бахшҳои дигари иқтисодиёти кишвар заминаи мусоид мегузорад. Ислоҳоти иқтисодӣ доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ имкон дод, ки давоми даҳ соли охир нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта, рушди воқеии иқтисодиёт ба ҳисоби миёна 7 дарсад таъмин шавад, ки ин дар миқёси ҷаҳонӣ нишондиҳандаи назаррас аст.
Ҳоло дар назди мо доир ба истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии кишвар, табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ ва таъмин намудани сатҳи баланди зиндагии мардум, ҳамчунин, тавсеаи имкониятҳои шуғли босамари аҳолӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ вазифаҳои умда қарор доранд. Боварӣ аст, ки тадбирҳои роҳандозишуда ба саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамоянд ва Тоҷикистон ба кишвари рушдёфтаи индустриалӣ мубаддал мегардад (Аброр Ш. Саноат ва рушди иқтисод // Ҷумҳурият. 2019. № 67).
Ҳамчунин, дар заминаи ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷониба бо ширкатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудани бонки нав барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ айни муддао аст. Вобаста ба ин масъала дар Паём зикр карда шуд, ки «... ҳамкориро бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ бо мақсади ҷалби сармояи мустақим барои ташкили корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, бахусус, дар соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ тақвият бахшанд. Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ бонк таъсис диҳад».
Чуноне, ки маълум аст, дар иқтисоди миллии кишвари мо масъалаи содироти маҳсулоти ватанӣ ба диди нав ниёз дорад. Дар ин замина Президенти кишвар қайд карданд, ки яке аз масъалаҳои ҳалталаб дар пешбурди содирот ин муаррифӣ нагардидани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва иштироки нокифоя дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз масъулон, аз ҷумла Палатаи савдо ва саноат талаб карда шуд, ки дар ин самт корро ҷоннок намоянд. Аз ин ҷо бармеояд, ки мувофиқ намудани маҳсулоти содиротӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ, вобаста ба завқи истеъмолкунандагон ҳадафи асосии Сарвари давлат мебошад.
Барои муваффақ шудан дар ин самт, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Агентии содирот ва Палатаи савдо ва саноат вазифадор шуданд, ки барномаи рушди содиротро барои солҳои 2021 - 2025 таҳия ва ба баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд. Албатта, муаррифии маҳсулот аз ҷониби истеҳсолкунандагон ин заминаи асосии бомуваффақият ба савдо баровардани маҳсулот ва рушди соҳа мебошад.
Нигаронии Президенти мамлакат дар самти дастрасии соҳибкорону молистеҳсолкунандагон ба захираҳои молиявии дарозмуҳлат ва нисбатан арзон, ки то ба имрӯз ҳамчун проблема боқӣ мемонад, сурат гирифта, низоми бонкии кишварро вазифадор намуданд, ки он бояд ба рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, фаъолнокии бахши хусусӣ ва гардиши савдои хориҷӣ мусоидат намояд ва сарчашмаи асосии дастгирии молиявии ҳадафҳои давлат бошад.
Дар ин замина Бонки миллӣ вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати муайян намудани сабабҳои кам ҷалб гардидани сармояи дохиливу хориҷӣ барои ташкили бонкҳои нав ва камшавии сармояи оинномавии бонкҳои амалкунанда чораҳои зарурӣ андешида, сиёсати пуливу қарзиро ба рушди устувори иқтисоди миллӣ ва афзоиши содирот равона намояд.
Ғайр аз ин, Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки:
- якҷо бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Амонатбонк» ҷиҳати ба таври назаррас зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт, алалхусус, бахшҳои истеҳсолӣ ва паст кардани фоизи он чораҳои таъхирнопазир андешад;
- дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ барои дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда нигоҳ доштани сатҳи таваррум тадбирҳои мушаххасро амалӣ гардонад;
- бо мақсади таъсиси намояндагии бонкҳои алоҳидаи кишварҳои шарик ҷиҳати таъмини шароити беҳтар барои фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ бо сармояи шарикон чораҷӯӣ намояд.
Масъалаи тадбиқи амалии ҳадафҳои стратегӣ, омили асосии рушди давлат, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва обрӯи байналмиллалии Тоҷикистон мебошад. Соли 2017 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба ҳадафҳои стратегӣ иброз гардида буд, ки мо вазифадорем боз ҳам бештар заҳмат кашида, ба иҷрои ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ноил гардем, диёрамонро то гӯшаҳои дурдасттарини он боз ҳам ободу зебо гардонем, корхонаву коргоҳҳои нав бунёд кунем, барои сокинон ҷойҳои корӣ муҳайё намоем ва сатҳу сифати зиндагии халқамонро аз имрӯза дида, баланд бардорем. Вобаста ба ин масъала бо ташаббуси Президенти мамлакат чораҳои зарурӣ андешида шуда, амалигардонии ин ҳадафҳо дар фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ ва ниҳоди алоҳидаи ҷомеаи шаҳрвандӣ мавқеи хосаро касб намуданд.
Татбиқи амалии ҳадафҳои мазкур имконият доданд, ки давлату Ҳукумат барои роҳандозии стратегияи нави давлатӣ - саноатикунонии босуръати кишварро пешниҳод созад. Пешниҳоди мазкур дар ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2018 эълон гардидааст, ки барои табдил додани Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ - саноатӣ ба саноатӣ - аграрӣ мусоидат намояд. Масъалаи саноатикунонии босуръати кишвар, ки ҳамчун ҳадафи стратегӣ маҳсуб меёбад, дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Ташаббуси саноатикунонии Тоҷикистон дар пасманзари худ масъалаҳои бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон ва аҳолӣ, монеъ гардидан ба таблиғи ақидаҳои ифротӣ, аз байн бардоштани шиддати муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ба ин восита таъмини амнияту субот дар мамлакатро дар назар дорад. Саноатикунонии босуръати мамлакат паёмадҳои зиёди мусбат дорад. Бунёди корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохтори он сабаби бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии мамлакат ва ба даст овардани музди меҳнати кофӣ мешавад, ки ин дар навбати худ сабаби баланд шудани некӯаҳволии шаҳрвандон мегардад.
Мавзӯи мавриди назар, яъне саноатикунонӣ, инчунин, сабаби тағйирот дар таркиби ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мегардад. Сафи шаҳрвандоне, ки дар корхонаҳои саноатӣ кор мекунанд, меафзояд ва ин тағйирот дигаргунии сифатӣ дар таркиби ҷомеаи шаҳрвандии мамлакат аст. Дар ин замина, яке аз ҷанбаҳои муҳими Паёми Пешвои миллатро масъалаи саноатикунонии босуръати кишвар ташкил медиҳад. Дар Паём зикр гардид, ки «Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар 7 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 3 баробар (аз 10 миллиард сомонӣ ба 27,5 миллиард сомонӣ) ва ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 5,1 банди фоизӣ (аз 12,6 ба 17,7 фоиз) зиёд гардидааст». Ҳамзамон, таъкид гардид, ки «нишондиҳандаҳои соҳа ҷиҳати иҷрои босифати барномаҳои қабулгардида ҳанӯз нокифоя буда, корҳо дар самти баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, татбиқи сиёсати мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ қонеъкунанда нестанд».
Бо назардошти он ки  нишондодҳо то ба имрӯз нокифоя арзёбӣ гардиданд, Пешвои миллат дар Паём ба як қатор вазорату идораҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла « роҳбарони вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди маҳал ва Агентии содирот бояд якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба интихоби минтақаҳо тибқи занҷираи «ашёи хом - истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ - дарёфти бозори фурӯш» тадбирҳои  зарурӣ андешанд».
Вобаста ба беҳдошти фаъолияти соҳибкорӣ қайд гардид, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии содирот, яъне ду сохтори муҳими ин соҳа якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати баланд бардоштани малакаи соҳибкорон дар самти омода намудани нақшаҳои пешбурди фаъолият мунтазам чораҷӯӣ намоянд. Вазифа гузошта шуд, ки бо мақсади таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар асоси ашёи хоми ватанӣ ва пешниҳоди онҳо ба сармоягузорон дар назди Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷ-инвест» - и Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо ҷалби мутахассисони дохиливу хориҷӣ воҳиди алоҳидаи қарордодӣ таъсис дода шавад.
Ҳамзамон, нишондодҳои мазкур муайян месозанд, ки бо  кӯшишу талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ соли охир бо ширкатҳои сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ 14 созишномаи сармоягузорӣ ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим ба маблағи беш аз 14 миллиард сомонӣ ба имзо расонда шудааст, ки бо татбиқи онҳо 20 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд мешавад. Вобаста ба дурнамои ин масъала зикр гардид, ки дар соҳаи энергетика 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16,1 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Масъалаи тадбиқи амалии инфрасохтори нақлиёт ва умуман ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, яке аз паҳлуҳои муҳими Паёми Президенти кишварро ташкил менамояд. Вобаста ба ин масъала низ зикр гардид, ки «бунёди инфрасохтори нақлиёт барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва осон намудани содироти маҳсулоти ватанӣ ниҳоят муҳим мебошад. Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 8,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Соли 2020 лоиҳаҳои таҷдид ва бунёди қитъаи Обигарм - Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат - Қарамиқ (яъне Лахш) ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ, Қалъаихумб - Ванҷ  бо арзиши лоиҳавии 2,2 миллиард сомонӣ, Ҳулбук - Темурмалик ба маблағи 200 миллион сомонӣ ва сохтмони пули ҳафтуми дарёи Панҷ  миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афгонистон дар мавзеи Кокул бо 18 километр роҳи мошингард ба маблағи 70 миллион сомонӣ ва дигар лоиҳаҳо оғоз меёбанд».
Вобаста ба идомаи корҳои таҷдиду сохтмонӣ дар роҳҳои мошингарди Душанбе - Бохтар, Ҳуҷанд - Исфара, Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин, Шкев - Қалъаихумб, Кӯлоб – Муъминобод ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ идома доранд дар Паём зикр гардиданд ва барои дар сатҳи ҷавобгӯи талаботи стандартӣ то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода додани онҳо низ супоришҳои мушаххас дода шуд. Пешвои миллат дар ин замина вазорату кумитаҳои давлатиро вазифадор намуданд, ки «ҷиҳати дарёфти маблағҳои сармоягузорӣ барои бунёди долонҳои зидди тарма дар қитъаҳои осебпазири роҳи мошингарди Душанбе - Чанак ва беҳтарсозии имкониятҳои нақби «Истиқлол» тадбирҳои зарурӣ андешанд».
Вобаста ба ҷоннок намудани корҳои сохмону таҷдиди роҳҳои аҳамияти дохиливу минтақавӣ, аз ҷумлаи роҳи мошингарди Хуҷанд - Конибодом, Бохтар - Данғара - Кӯлоб, Бохтар - Носири Хусрав ва роҳҳои дигар ба масъулини соҳа супоришҳои мушаххас дода шуд.
Яке аз масъалаҳои дигари муҳиме, ки дар Паёми имсола ба он диққати махсус зоҳир гардид, корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солгарди Истиқлолияти давлатӣ  мебошад. Дар ин замина, қайд гардид, ки «дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шуданд». Инчунин, Пешвои муаззами миллат, аз соҳибкорону шахсони саховатпеша ва ширкатҳои истеҳсолии дохиливу хориҷии кишвар, ки дар ободониву созандагии Тоҷикистон саҳми худро гузоштаанд, ёдоварӣ намуда, дар фаъолият ва корҳои созандагии онҳо барору комёбӣ таманно намуданд.
Масъалаи сохтмон ва меъморӣ ҳамчун соҳаи муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ садо дод. Дар ин замина Пешвои миллат ба масъалаи сатҳу сифати сохтмон, санъати меъморӣ, ороишоти миллии шаҳру деҳоти мамлакат диққати алоҳида зоҳир намуда, таъкид сохтанд, ки «танҳо дар давоми ҳафт соли охир ба маблағи беш аз 37 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта, қариб 8 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар ба истифода дода шудаанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти афзоиши шумораи аҳолии мамлакат ва бо мақсади ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардуми кишвар 135 ҳазор гектар замин барои бунёди манзили истиқоматӣ тақсим карда, дода шуд».
Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалии имрӯзи сайёраи замин баромад менамоянд. Бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат Созмони Милали Муттаҳид соли 2013 - ро Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015 - ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт», эълон намуд. Айни ҳол, аксари чорабиниҳои ҷаҳонию минтақавии вобаста ба об дар чаҳорчӯбаи ҳамин даҳсола гузаронда мешаванд, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз ин ташаббусҳои байналмилалии Сарвари давлат аст. Дар идомаи ин раванд бо пешниҳоди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21-декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаеро зери унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»  солҳои 2018-2028, бо ҷонибдории 177 кишвари узви СММ қабул намуд.
Бояд зикр намуд, ки баррасии ин ё он масъалаи муҳим дар сатҳи СММ ва қабули қатънома доир ба он чунин маъно дорад, ки масъалаи баррасишаванда на танҳо барои як давлат ё минтақа, балки барои тамоми кишварҳои аъзои СММ муҳим ва зарур ба ҳисоб меравад. Яъне, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистанд бо ташаббусҳои худ мушкилоти моҳияти умумиҷаҳонидоштаро пешкаши СММ намоянд, ки онҳо қобили қабул шуданд.
Нисбати ин масъала дар Паём таваҷҷуҳ зоҳир гардида, аз ҷумла таъкид шуд ки «ба ҷаҳониён шарҳ додани аҳамияти ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об, пеш аз ҳама, вазифаи олимони кишвар мебошад. Дар Тоҷикистон истеҳсоли 98 фоизи неруи барқ ба соҳаи гидроэнергетика рост меояд. Хотирнишон месозам, ки истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус, захираҳои об яке аз сарчашмаҳои асосии тавлиди «энергияи сабз» ва рушди «иқтисоди сабз» ба ҳисоб меравад».
Вобаста ба тағирёбии иқлим, биёбоншавӣ ва хушксолӣ, ки боиси кам гардидани ҳосилнокии замин мегарданд, Пешвои миллат чунин таъкид доштанд: «Моро зарур аст, ки маданияти баланди заминдориро риоя намуда, ҷиҳати истифодаи самараноку сарфакоронаи об барои обёрии заминҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи захираҳои об тадбирҳои доимӣ андешем».
- Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳамчунин, бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон, пешниҳод мегардад, ки ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷие, ки ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, раводиди навъи сайёҳии бисёркарата дода, муҳлати он то 60 рӯз дароз карда шавад, - изҳор доштанд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари давлат, ҳамчунин, зикр намуданд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони хориҷие, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз як миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамоянд, пешниҳод мешавад, ки ба онҳо аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат раводиди бисёркаратаи панҷсола дода шавад.
Маврид ба зикр аст, ки рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ, хусусан дар раванди рушди иқтисод ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд. Ин аст, ки то имрӯз дар мамлакат зиёда аз 200 ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта, 15 лоиҳаи инфрасохтори сайёҳӣ аз имтиёзҳои пешбинишуда бархӯрдоранд.
Дар нуҳ моҳи соли 2019 беш аз як миллион нафар сайёҳон аз мавзеъҳои нодири ҷумҳурии мо дидан кардаанд, ки нисбат ба як соли пеш 20 фоиз зиёд мебошад.
Масъалаи низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва таъмини устувори низоми молиявии суғуртаи иҷтимоӣ низ дар Паём аз мавзӯҳои муҳим буд. Дар ин робита зикр шуд, ки «буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки соли 2013 - ум 1 миллиарду 683 миллион сомониро ташкил карда буд, соли 2020 дар ҳаҷми 3,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2013 қариб ду баробар зиёд мебошад. Ҳоло дар мамлакат 700 ҳазор нафар нафақахӯр, аз ҷумла 148 ҳазор маъюб, 5277 нафар ятими кулл ва 74 ҳазор ятим зери сарпарастии давлат қарор доранд. Соли ҷорӣ аз ҳисоби Буҷети давлат муассисаҳои пиронсолон ва маъюбон беш аз 36 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудаанд, ки ба ҳар як нафар 22 ҳазору 600 сомонӣ рост меояд».
Масъалаи расондани кумак ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон ва шахсони эҳтиёҷманд дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дошта, дар ҳама суханронӣ ва сафарҳои кориии Пешвои муаззами миллат ба шаҳру навоҳии кишвар, пеш аз ҳама ба дастгирии чунин қишри ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Масъалаи мазкур низ дар Паём дарҷ гардида, зикр шуд, ки «дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар дастгирии молиявии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва оилаҳои камбизоат афзалият дорад ва ин бартарият дар солҳои минбаъда низ боқӣ мемонад».
Сарвари давлат зимни ироаи Паём зикр намуданд, ки «бо мақсади дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18 - сола, инчунин, дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ дошта, ба онҳо дар асоси Қонун «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» нафақаи иҷтимоӣ таъйин шудааст, пешниҳод менамоям, ки аз 1 сентябри соли 2020 нафақаи онҳо 50 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он ба нафақаи нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» муқаррар гардидааст, баробар карда шавад. Тадбири мазкур имкон медиҳад, ки вазъи иҷтимоии қариб 30 ҳазор нафар нафақагир беҳтар гардад.
Инчунин, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии нафақагирони кишвар пешниҳод менамоям, ки аз 1 сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 15 фоиз зиёд карда шаванд.
Дар баробари ин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз ва музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда шавад».
Новобаста аз буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, ҷой доштани ноустувории иқтисодиёти давлатҳои пешрафта, вазъи имрӯзаи молиявии кишвар дар Паём маоши соҳаҳои буҷетӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ боло бардошта шуд, ки аз сиёсати ғамхоронаву хирадмандонаи Пешвои миллат сарчашма мегиранд.
Ҳамин тариқ, Паёми имсолаи Пешвои миллат боз як қадами қатъӣ ба сӯи ояндаи дурахшон арзёбӣ мешавад. Дар умум, сокинони ҷумҳурӣ Паёми навбатии Президенти кишварро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯҳияи баланд қабул намуда, ҳамаи дастуру супоришҳо ва пешниҳодҳои Пешвои миллатро саривақтӣ, пурмазмун ва барои беҳбудии мардуми Тоҷикистон равонагардида баҳогузорӣ менамоянд.
Зимни бурдани пурсишҳо ва назарсанҷӣ дар байни сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» фикру андешаҳои мусбӣ баён гардиданд. Аз ҷумла, ҷиҳати комилан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, такмили низоми ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав, вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, бунёди инфрасохтори нақлиёт, таъмини аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ, имтиёзҳо дар рушди соҳаи сайёҳӣ, пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзишро намунаи олии ғамхории навбатии Сарвари давлат нисбати мардум арзёбӣ менамоянд.
Бояд зикр намуд, ки дар баробари таҳлилу баррасӣ ва дурнамои масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ҳамзамон паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар, аз ҷумла тандурустӣ, илму маориф, фарҳанг, ҷавонон, занону модарон, худшиносии миллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамкориҳои минтақавию ҷаҳонӣ, масъалаҳои вобаста ба хатару таҳдидҳои замони муосир ва дигар мавзӯъҳои сарнавиштсози ҷомеаи Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд, ки шарҳу тавзеҳи онҳо паҳлуи дигари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро талаб менамоянд.
Бинобар ин, мо бевосита ба таҳлили самти иқтисодӣ - иҷтимоии Паёми Пешвои миллат, ки инъикоскунандаи рушди бонизоми иқтисодиёти кишвар мебошад, таваҷҷуҳ намуда, муҳимияти онро баён намудем.

Раҳимзода Рамазон Ҳамро,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент,
Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2338
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед