logo

маориф

 ПАЁМ ВА СИЁСАТИ ИҶТИМОӢ

Масъалаи маориф чун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва манбаи асосии ташаккули захираҳои инсонӣ дар кишвар мавриди таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зимни паёму суханрониҳои худ дар иртибот ба соҳаи маориф ҳамеша дастуру супоришҳои мушаххас дода,  рушди пайгиронаи онро дар сиёсати иҷтимоии худ ҳамчун масъалаи аввалиндараҷа арзёбӣ менамоянд.
Пешвои муаззами миллат дар ироаи Паёми навини худ ба аҳли маориф дастур доданд, ки  назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонда, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир созанд.
Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Пешвои муаззами миллат ғолибони озмунҳоро аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд менамояд. Дар мавсими истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон тасмим мегирад, ғолибони озмунҳои фаннӣ, хонандагони лаёқатмандро ба истироҳатгоҳҳо ҷалб намуда, бо ҷалби олимони соҳаи фанҳои дақиқ зимни истироҳат, машғулиятҳои фанниро ба роҳ монанд.
Умуман, дар сиёсати иҷтимоии  Сарвари давлат дастгирии иҷтимоии кормандони маориф ва илм, донишҷӯён афзалият доранд ва ин бартарият дар солҳои минбаъда низ боқӣ мемонад.
Дар асоси дастурашон аз 1 сентябри соли 2020 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда мешавад. Инчунин, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии нафақагирони кишвар бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат аз 1 сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 15 фоиз зиёд мегардад.
Масъалаи саломатии кормандон ва аъзои оилаи онҳо дар ин меҳвар қарор дорад. Ҳамасола қарори алоҳидаи Ҳукумати мамлакат дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон қабул гардида, барои кӯдакони ятиму бепарастор, аз оилаҳои камбизоат ва кӯдакону наврасони болаёқат аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ истироҳати тобистона ташкил карда мешавад.
Ҳар сол ҷиҳати фарогирии кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳои тобистона 55 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо кӯдакони ятиму бепарастор, аз оилаҳои камбизоат, онҳое, ки дар муассисаҳои давлатии таълимӣ, яъне мактаб - интернатҳои вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таҳти сарпарастӣ ва таъминоти давлат қарор доранд, бо роҳхат ба ин истироҳатгоҳҳо равона карда мешаванд.
Дар ин раванд, ҳар сол дар 1348 истироҳатгоҳи наздимактабӣ, 164 истироҳатгоҳи меҳнативу истироҳатӣ, 4 истироҳатгоҳи намуди санаторӣ, 83 истироҳатгоҳи фароғативу таълимӣ, 329 истироҳатгоҳи варзишу беҳдоштӣ, 265 мавзеи тандурустӣ, 19 истироҳатгоҳи назди интернатҳо барои кӯдакону наврасон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлат истироҳат ва солимии кӯдакону наврасон таъмин мегардад.
Мушкилиҳои мавҷуда дар ин самт низ дар таваҷҷуҳи доимии Пешвои муаззами миллат мебошанд. Дар мулоқоте, ки  Пешвои муаззами миллат  бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони ташкилоти калонтарину бонуфузи ҷамъиятӣ - Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дошт, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ доир ба масъалаи дар мавзеъҳои бехавф ва хушбоду ҳаво бунёд намудани истироҳатгоҳҳои замонавӣ барои кӯдакону наврасон чораҷӯӣ намоянд.
Бо назардошти болоравии нархи маҳсулот ва хизматрасониҳо, арзиши роҳхатҳо ба санаторияву осоишгоҳҳо ва нокифоя будани маблағҳои ҷудошаванда, ки на ҳамаи кормандон имконияти истироҳат ва табобатро доранд,  Пешвои муаззами миллат  ба масъулин тавсия доданд, ки санади «Тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва дигар чорабиниҳои беҳдоштию пешгирикунанда дар корхонаҳо” - ро бо назардошти арзиши воқеии роҳхатҳо ва андозаи маблағи аз суғуртаи давлатии ба ин самт равонгардида ҳаматарафа омӯхта, баъди такмил ва бартараф намудани камбудиҳо дар муддати 3 моҳ лоиҳаи нави тартиби мазкурро таҳия ва ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Пешвои муаззами миллат дар ироаи Паёми худ, ба масъалаи нақши фаъоли занону духтарон дар ҷомеаи имрӯза таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Хушбахтона, ҳоло шумораи занон дар соҳаҳои маориф беш аз 70 фоизро ташкил медиҳад. Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ гардондани Фармони Президент доир ба баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида, занону бонувони лаёқатмандро ба вазифаҳои  роҳбарӣ ҷалб намудааст.
Айни замон 40% роҳбарии ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои таълимӣ, 11 нафар  раисии кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияҳо, 16  нафар  кормандони дастгоҳи марказии сохторҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро занону духтарон ташкил медиҳад.
Дар асоси дастурҳои паёмӣ ва сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат фароҳам овардани шароити мусоид барои  ҷавонон ва ҷалби онҳо ба варзиш минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарин мавриди таваҷҷуҳи доимии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
 
Рамазон ОДИНАЗОДА,
раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.01.2020    №: 2    Мутолиа карданд: 2573
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед