logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ КОРХОНАҲОИ ДАВЛАТӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» аз 28 феврали соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №2, мод.42; с.2008, №10, мод.807; с.2010, №12, қ.1, мод.818) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни  моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Ба қисми дуюми моддаи 7 сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- салоҳияти шӯрои нозирон;».
3. Моддаи 11 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 11. Идоракунии корхонаи давлатӣ  
Идоракунии корхонаи  давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақоми ваколатдор анҷом медиҳад.
Мақомоти корхонаи давлатӣ инҳоянд:
- мақоми болоӣ – муассис;
- мақоми идоракунӣ –  шӯрои нозирони корхонаи давлатӣ;
- мақоми иҷроия – роҳбари корхонаи давлатӣ.
Низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои нозирони корхонаи давлатӣ, номгӯйи корхонаҳои давлатӣ, ки дар онҳо шӯрои нозирон таъсис дода мешавад, инчунин номгӯйи корхонаҳои давлатиеро, ки дар онҳо шӯрои нозирон ва роҳбари корхонаи давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва таъин карда мешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Мақоми ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба моликияти ҷумҳуриявӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ нисбат ба  моликияти коммуналӣ дар асоси қарорҳои дахлдори худ дар корхонаҳои давлатӣ шӯрои нозиронро таъсис медиҳанд ва низомномаи онро тасдиқ менамоянд.
Тартиби интихоби аъзои шӯрои нозирон, гузаронидани маҷлиси шӯрои нозирон, қатъи салоҳияти аъзои шӯрои нозирон тибқи низомномаи намунавии шӯрои нозирон муайян карда мешаванд.».
4. Моддаҳои 111, 112 ва 113 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Моддаи 111. Шӯрои нозирони корхонаи давлатӣ
Шӯрои нозирон роҳбарии умумии фаъолияти корхонаи давлатиро анҷом медиҳад, ба истиснои ҳалли масъалаҳое, ки тибқи Қонуни мазкур ба салоҳияти муассиси корхонаи давлатӣ ва ё мақоми ваколатдори он дохил мешаванд, ё ин ки ба зиммаи роҳбари корхона вогузор шудаанд.
Шумораи аъзои шӯрои нозирон дар асоси оинномаи корхонаи давлатӣ дар ҳайати на камтар аз 5 (панҷ) нафар тасдиқ карда мешавад.
Узви шӯрои нозирон танҳо шахси воқеӣ буда метавонад. Роҳбар ва ё корманди корхонаи давлатӣ наметавонад ҳамзамон аъзои шӯрои нозирони ҳамин корхонаи давлатӣ бошад.
Тартиби ҷуброни хароҷоти аъзои шӯрои нозирон вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои онҳо бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби муассис ё мақоми ваколатдори он муайян карда мешавад.   
Моддаи 112. Салоҳияти шӯрои нозирони корхонаи давлатӣ
Ба салоҳияти шӯрои нозирони корхонаи давлатӣ масъалаҳои зерин мансубанд:
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти корхонаи давлатӣ;
- тасдиқи буҷети солона, хароҷоти амалиётию ғайриамалиётӣ ва нақшаи фаъолияти молиявӣ-хоҷагидории корхонаи давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия;
- маъқул донистани аҳдҳои калоне, ки 30 фоиз ё бештари арзиши тавозунии дороии корхонаи давлатиро ташкил дода, мутобиқи маълумоти муҳосибавии он дар санаи охирини ҳисоботӣ муайян гардидаанд, ба истиснои аҳдҳо нисбати молу мулке, ки розигии муассисро талаб мекунад;
- тасдиқи ҳисоботи солона ва ҳисоботи солонаи муҳосибавии корхонаи давлатӣ;
- тасдиқи аудитори корхонаи давлатӣ ва муайян намудани андозаи пардохти хизматрасонии он;
- баррасӣ ва арзёбии ҳисоботи роҳбари корхонаи давлатӣ;
- дар мувофиқа бо муассис ё мақомоти ваколатдори он тасдиқ намудани тақсимоти фоидае, ки баъд аз интиқоли пардохти ғайриандозӣ ба буҷет дар ихтиёри корхона боқӣ мондааст;
- баррасии масъалаҳои дигари пешбининамудаи Қонуни мазкур ва оинномаи корхонаи давлатӣ.
 Муассиси корхонаи давлатӣ метавонад ваколатҳои алоҳидаи худро ба шӯрои нозирони корхонаи давлатӣ вогузор намояд.
Моддаи 113. Роҳбари корхонаи давлатӣ
Роҳбари корхонаи давлатӣ аз ҷониби муассис ё мақоми ваколатдори он таъин шуда, тибқи шартномаи меҳнатӣ ба онҳо ва шӯрои нозирон ҳисоботдиҳанда мебошад.
Дар шартномаи меҳнатӣ ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ва масъулияти роҳбари корхона, шароити меҳнат, истироҳат ва таъминоти моддии ӯ, мӯҳлати шартнома ва шартҳои дигари пешбининамудаи Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. 
Роҳбари корхонаи давлатӣ барои ҳолати кор дар  корхона шахсан масъул мебошад. 
Роҳбари корхонаи давлатӣ қарорҳои муассис ва шӯрои нозиронро иҷро карда, ҳамаи масъалаҳои фаъолияти корхонаро мутобиқи салоҳияташ, ки бо Қонуни мазкур ва оинномаи корхона муайян шудааст, ҳал менамояд.
Роҳбари корхонаи давлатӣ бе ваколатнома аз номи корхона амал мекунад, манфиатҳои онро дар муносибатҳо бо мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ намояндагӣ менамояд, шартномаҳо мебандад, ваколатномаҳо медиҳад, суратҳисобҳои бонкӣ мекушояд ва аҳду амалҳои дигарро, ки мухолифи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  нестанд, анҷом медиҳад.».
5. Дар қисми якуми моддаи 25 калимаи «молик» ба калимаҳои «шӯрои нозирон» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2020, № 1679
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 23 октябри соли 2019, № 1448
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси  Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2019, № 739

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.01.2020    №: 4-7    Мутолиа карданд: 1838
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед