logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 2012 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, № 9, мод. 838; с. 2013, № 12, мод. 889, мод. 890; с. 2015, № 3, мод. 210, № 11, мод. 965, мод. 966; с. 2016, № 3, мод. 150, № 11, мод. 883; с. 2017, № 1-2, мод. 21, № 5, қ. 1, мод. 280; с. 2018, № 2, мод. 66, мод. 67, № 7-8, мод. 529; с. 2019, № 4-5, мод. 227, № 6, мод. 322, № 7, мод. 473), тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Аз сархати якуми қисми 1 моддаи 220 калимаҳои «геологӣ ва (ё)» хориҷ карда шаванд.
2. Дар моддаи 223:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Бонуси обунавӣ аз ҷониби шахсе пардохт мешавад, ки дар озмун барои гирифтани ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ ғолиб омадааст ё ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминиро дар асоси музокироти мустақим ва (ё) иҷозатнома (иҷозат)-ро барои истихроҷи маъданҳои фоиданок тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтааст.»;
- қисми 2 хориҷ карда шавад.
3. Дар моддаи 225:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Маблағи муқарраршудаи бонуси обунавӣ аз ҷониби истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ пас аз гирифтани иҷозатнома (иҷозат) оид ба ҳуқуқи истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ дар мӯҳлатҳои зерин пардохт карда мешавад:
а) барои маъданҳои фоиданоки маъмул ва маъданҳои фоиданок (ба истиснои субъектҳое, ки дар соҳаи истихроҷи ангишт фаъолият менамоянд):
- сӣ фоизи маблағи муқарраршудаи бонуси обунавӣ дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз санаи гирифтани иҷозатнома (иҷозат) оид ба ҳуқуқи истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ;  
- ҳафтод фоизи маблағи боқимондаи муқарраршудаи бонуси обунавӣ аз санаи оғоз намудани корҳои истихроҷи маъданҳои фоиданок дар давоми   1 (як) сол аз рӯи ҳиссаҳои баробар барои ҳар моҳи давраи ҳисоботӣ;
б) барои истихроҷи ангишт вобаста ба андозаи бонуси обунавии ҳисобшуда: 
- то 200000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ташкил додани маблағи бонуси обунавӣ дар давоми 2 (ду) сол аз рӯи ҳиссаҳои баробар барои ҳар моҳи ҳисоботӣ;
- аз 200000 то 500000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ташкил намудани маблағи бонуси обунавӣ дар давоми 4 (чор) сол аз рӯи ҳиссаҳои баробар барои ҳар моҳи ҳисоботӣ;
- аз 500000 то 1 миллион нишондиҳанда барои ҳисобҳо ташкил намудани маблағи бонуси обунавӣ дар давоми 6 (шаш) сол аз рӯи ҳиссаҳои баробар барои ҳар моҳи ҳисоботӣ; 
- зиёда аз 1 миллион нишондиҳанда барои ҳисобҳо ташкил намудани маблағи бонуси обунавӣ дар мӯҳлати 10 (даҳ) соли аввали фаъолият аз рӯи ҳиссаҳои баробар барои ҳар моҳи ҳисоботӣ.»;
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ метавонад маблағи пурраи ҳисобшудаи бонуси обунавиро, новобаста аз муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур, якбора пардохт намояд.»;
- қисмҳои 2 ва 3 мувофиқан қисмҳои 3 ва 4 ҳисобида шаванд.
Моддаи 2. 
1. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
2. Муқаррароти  қисми 3 моддаи 1 Қонуни мазкур нисбат ба он субъектҳое низ татбиқ мегардад, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур дорои иҷозатнома оид ба ҳуқуқи истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ мебошанд ва дар асоси қарордоди истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ нисбати фаъолияти онҳо бо тартиби муқарраргардида маблағи бонусҳои обунавӣ ҳисоб карда шудааст.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2020, № 1675
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 23 октябри соли 2019, № 1454
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2019, № 735

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.01.2020    №: 4-7    Мутолиа карданд: 2240
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед