logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» аз 2 августи соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2011, №7-8, мод.611) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати якуми моддаи 2 калимаи «аъзоёнаш» ба калимаҳои «аъзои худ» иваз карда шавад.
2. Аз матни моддаи 3 ва қисми 1 моддаи 10 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
3. Дар қисми 1 моддаи 6 калимаҳои «ба он монанд иттиҳодияҳо)» ба калимаҳои «иттиҳодияҳои ба он монанд)» иваз карда шаванд.
4. Дар қисми 2 моддаи 9 калимаҳои «ба ҷуз аз» ба калимаҳои «ба истиснои» иваз карда шаванд.
5. Ба моддаи 16 қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«5. Иттифоқҳои касаба мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи (низомномаи) иттифоқҳои касаба ҳангоми ошкор кардани поймолшавии ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоӣ, солимгардонии аъзои худ дорои ҳуқуқи тартиб додани санад, амрнома, тафтиши ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ ва овардани пешниҳод дар хусуси бартараф кардани чунин норасоиҳо ба корфармоён ва мақомоти дахлдори давлатӣ мебошанд.».
6. Ба қисми 1 моддаи 18 пас аз калимаҳои «шартномаҳои коллективӣ» калимаҳои «бо корфармоён, иттиҳодияҳои онҳо»  илова карда шаванд.
7. Ба моддаи 21 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Иттифоқҳои касаба ҳуқуқ доранд дар сурати ба онҳо муроҷиат намудани аъзои иттифоқҳои касаба аз  номи онҳо ба суд бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намуда, ҳуқуқу манфиатҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқҳои дигари ба муносибатҳои меҳнатӣ алоқаманди онҳоро ҳимоя намоянд.».
8. Қисми 2 моддаи 22 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Иттифоқҳои касаба бо мақсади назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, меҳнатӣ ва манфиатҳои аъзои худ ҳуқуқ доранд бозрасии назорати ҷамъиятӣ ташкил намоянд, ки салоҳияти онро оинномаи (низомномаи) иттифоқҳои касаба ва санадҳои меъёрии  ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.».
9. Қисми 3 моддаи 30 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Дар сурати мавҷуд будани розигии хаттии кормандоне, ки аъзои иттифоқи касаба мебошанд, корфармо ҳар моҳ аз музди меҳнати аъзои иттифоқи касаба ҳаққи аъзогии онҳоро дар муддати на дертар аз   3 рӯз пас аз пардохти музди меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ ба суратҳисоби иттифоқҳои касабаи дахлдор мегузаронад.». 
10. Ба қисми 1 моддаи 34 пас аз калимаҳои «Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаи «дорои» илова карда шавад. 
11. Ба моддаи 35 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Пешбурди фаъолияти оинномавӣ ва нигаҳдории воҳидҳои кории кормандони озоди иттифоқҳои касаба аз ҳисоби ҳаққи аъзогӣ ва манбаъҳои дигари манънакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.».    
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2020, № 1673
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2019, № 1492 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2019, № 732

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.01.2020    №: 4-7    Мутолиа карданд: 1860
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед