logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 марти соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 3, мод. 193; с. 2009, №5, мод. 323; с. 2010, № 3, мод. 154; с. 2011, № 6, мод. 459; с. 2013, № 7, мод. 517; с. 2014, № 11, мод. 645; с. 2016, №3, мод. 137; с. 2017, № 1 - 2, мод. 10, мод. 11, мод. 12, № 5, қ. 1, мод. 298) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Муқаддима бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқӣ, низом, сохтор ва ташкили фаъолият, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо, хизмат дар мақомоти Агентӣ, ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ, таъминоти молиявӣ, моддию техникии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд.».
2. Дар моддаи 3:
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар самти мубориза бо коррупсия;»; 
- дар сархати дуюм калимаҳои «фаъолияти соҳибкорӣ» ба калимаи «хоҷагидор» иваз карда шаванд.
3. Дар қисми 3 моддаи 5 рақами «24» ба рақами «12» иваз карда шавад.
4. Ба моддаи 6 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Дастгир намудан, маҷбуран овардан, кофтукови шахсии корманди Агентӣ, азназаргузаронии молу мулк, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, ки онҳоро истифода мебарад, танҳо дар вақти дастгир намудани ӯ ҳангоми содир кардани ҷиноят, дар дигар мавридҳо бошад, танҳо вобаста ба парвандаи ҷиноятии оғозгардида нисбати корманди Агентӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.».
5. Дар ном ва матни моддаи 7 калимаҳои «талаби» ва «Талаби» мувофиқан ба калимаҳои «талаботи» ва «Талаботи» иваз карда шаванд.
6. Дар моддаи 10 калимаҳои «арзу шикоятҳо ва дигар муроҷиати шаҳрвандон ва шахсони» ба калимаҳои «муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва» иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 11: 
- ба қисми 3 пас аз калимаи «молиявӣ,» калимаҳои «пешгирии коррупсия,» илова карда шаванд;
- ба қисми 5 ҷумлаи дуюм дар таҳрири зерин илова карда шавад:           «Агентӣ дорои муҳр ва нишони фарқкунанда мебошад.»;
- қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«6. Низомнома дар бораи нишони Агентӣ, тасвир ва тавсифи он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Директори Агентӣ тасдиқ карда мешавад.». 
8. Дар моддаи 13:
- сархати дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- низомнома, дастур, дастурамал ва дигар санадҳои меъёрии воҳидҳои сохториро тасдиқ менамояд;»;
- сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- сардорони сарраёсатҳо ва раёсатҳои Дастгоҳи марказӣ, сардорони раёсатҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанберо  бо ризояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;»;
- дар сархати шонздаҳум калимаи «фармонҳои» ба калимаи «фармоишҳои» иваз карда шавад.
9. Дар қисми 2 моддаи 14 калимаи «Муовинони» ба калимаҳои «Муовини якум ва муовинони» иваз карда шуда, ҷумлаи дуюм хориҷ карда шавад.
10. Қисми 2 моддаи 15 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Дар Дастгоҳи марказӣ сарраёсатҳо, раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳо мавҷуданд. Дар сарраёсатҳо, раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳо ваколатдорони калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳим, ваколатдорони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳим, ваколатдорони оперативӣ, муфаттишони калон оид ба корҳои махсусан муҳим, муфаттишон оид ба корҳои махсусан муҳим, муфаттишони калон, муфаттишон, сарнозирон, нозирони калон, нозирон, навбатдорони калони оперативӣ, навбатдорони оперативӣ, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисон мавҷуданд.».
11. Дар моддаи 17:
- ба қисми 4 пас аз  калимаи «нозирон,» калимаҳои «навбатдорони калони оперативӣ, навбатдорони оперативӣ,» илова карда шаванд;
- аз қисми 7 калимаҳои «фармонҳо ва» хориҷ карда шаванд.
12. Дар ном ва матни моддаи 18 калимаҳои «мақоми» ва «Мақоми» ба калимаҳои «мақомоти» ва «Мақомоти» иваз карда шаванд.
13. Дар моддаи 19:
- дар ном ва матни модда калимаҳои «мақоми» ва «Мақоми» ба калимаҳои «мақомоти» ва «Мақомоти» иваз карда шаванд;
- дар сархати панҷум калимаи «талаби» ба калимаи «талаботи» иваз карда шавад;
- дар сархати даҳум калимаи «соҳибкориро» ба калимаи «хоҷагидориро» иваз карда шавад; 
- ба сархати нуздаҳум пас аз калимаҳои «аз ҷумла» калимаҳои «маҷалла ва» илова карда шаванд.
14. Дар моддаи 22:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 22. Изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ»;
- дар матни модда калимаҳои «тавқифгоҳҳои» ва «онҳо» мувофиқан ба калимаҳои «изолятори (тавқифгоҳи)» ва «он» иваз карда шаванд.
15. Дар моддаи 26:
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Ба хизмат ба мақомоти Агентӣ шаҳрвандоне, ки барои содир намудани ҷиноят маҳкум шудаанд ё дар асоси моддаи 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудаанд, қабул карда намешаванд.»;
- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Ҳангоми ба мақомоти Агентӣ ба кор қабул шудан шаҳрвандон, ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худро пешниҳод менамоянд.»;
- қисми 4 қисми 5 ҳисобида шуда, дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«5. Ишғоли мансаби холӣ дар Агентӣ дар асоси озмун ва ё дар ҳолатҳои зарурӣ бо тариқи гузариш аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи дигар вазорату идораҳое, ки маҳорати баланди касбиро доро мебошанд, дар асоси қарори ҳайати мушовараи Агентӣ ва бо фармоиши Директори Агентӣ амалӣ карда мешавад.»;
- қисмҳои 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11, 12, 13, 14 ва 15 мувофиқан қисмҳои 6, 7, 8, 9, 10, 11, 12, 13, 14, 15 ва 16 ҳисобида шаванд.
16. Моддаи 261 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 261. Ҷойивазкунии (ротатсияи) ҳайати роҳбарикунанда дар мақомоти Агентӣ 
1. Бо мақсади истифодаи самараноки маҳорати касбӣ, пешгирӣ аз зуҳуроти коррупсионӣ ва бархӯрди манфиатҳои шахсӣ ва давлатӣ дар мақомоти Агентӣ ҷойивазкунии (ротатсияи) ҳайати роҳбарикунанда гузаронида мешавад.
2. Қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти Агентиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.».
17. Моддаи 321 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 321. Пешниҳоди эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии кормандони мақомоти Агентӣ
Кормандони мақомоти Агентӣ (ба истиснои хизматчиёни гражданӣ) эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш.  Душанбе, 2 январи соли 2020, № 1663
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 23 октябри соли 2019, № 1456
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:    
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2019, № 722

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.01.2020    №: 4-7    Мутолиа карданд: 1892
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед