logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ интизор аст.
 
Ададҳои номаълум ёфта шаванд
 
Таҳияи Амриддин ИСОЕВ, корманди НБО "Роғун"
 
 
ҶАВОБ БА МУАММОИ «ТАҚСИМИ КОНФЕТ», 
АЗ 10 ЯНВАРИ СОЛИ 2020
Дар халта 930 дона конфет мавҷуд буд.  
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
КИТОБ. ВАРЗИШ БАРОИ МАЙНАИ САР ВА ЗИДДИ СТРЕСС 
Таҳқиқоти анҷомдодаи олимон исбот кард, ки китоб омили хубе бар зидди стресс мебошад. Нейробиологҳо чунин мешуморанд, ки хондани китоб амали одӣ нест. Шинохту хондани ҳарфу ҳиҷову калимаҳо ва дарки матни азбаршуда ҳашт қисмати майнаи сарро ба кор дароварда, муносибати нейронҳоро фаъол мекунад. 
Хониши китоб стрессро то 68 дарсад фурӯ менишонад. Ҳамчунин, китобхонӣ мушакҳоро суст ва набзи инсонро муътадил мегардонад. Онҳое, ки ба сифати дармон шунидани мусиқиро интихоб намуда буданд, стрессашонро то 61 дарсад ва касоне, ки чойнӯширо авлотар дониста буданд, то 54 дарсад фурӯ нишонда тавонистанду халос. Ҳамин тавр, сайругашт натиҷаи  42 ва бозиҳои видеоӣ  21 дарсад коҳиш додани стресс шуд. 
Равиши хониш тахайюлро низ ба таҳрик оварда, инсонро ба эҷодкорӣ ҳидоят менамояд. Мутахассисон хондани китобро барои солхӯрдагон амали ҳатмии ҳаррӯза мешуморанд. 
Таҳияи Бахтовар КАРИМЗОДА
 
 
ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ...
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ…» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
 
Баҳор омад, ки ҳар соат равад хотир ба бустоне,
Ба ғулғул дар самоъ оянд ҳар мурғе ба дастоне.
* * *
Ҳамаи ин бори ғами на танҳо модари азизу меҳрубони ба ин вазъияти басо мушкил афтодаро, балки, инчунин, бори ғаму андӯҳи ҳамаи онҳоро, ки дар ин рӯзу моҳҳои вазнини тақдири Ватан ба сари онҳо низ афтода, дар ин ҷангал рӯз ба сар мебурданд, хеле сабук мекард, зиёда аз он, ба таъбири худи беморон, «давои бебаҳои дили маҷруҳи онҳо» мегашт.
 
ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…», АЗ 10 ЯНВАРИ СОЛИ 2020.
Рӯдакӣ. 
Этел Лилиан Войнич.   
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
ПАРАСТУ – ПАРАНДАИ СОЛ
Ҳамасола, қабл аз оғози соли нави мелодӣ дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ озмуне доир мегардад, ки он ба парандаи сол рабт дорад. Ин озмуни ба ҳукми анъана даромада, бори 8 – умаш ҷамъбаст гардид. Бо пешниҳоди донишмандони бахши табиатшиносӣ, парасту (фароштурук) «Парандаи сол – 2020» интихоб шуд. Ин дафъа барои муҳокима 14 парандаи нодир пешниҳод гардида буд. 
Парасту парандаи сиёҳбол мебошад. Дарозиаш 10 - 23 см, вазнаш 15 - 20 грамм буда, болаш дарози камбар, пойҳояш кӯтоҳ мебошад. Тахтапушташ сиёҳча, баъзан кабудтоб, сабз ё арғувонӣ, шикамаш сафед аст.
Оилаи фароштурукҳо аз 75 намуд иборат буда, бештари онҳо дар қитъаи Африқо зиндагӣ мекунанд. Дар ҳудуди Россия бошад 10 намуди он ба чашм мерасад.  
Таҳияи Умар АЛӢ
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Шепкин ва пйеса 
Аз ҳунарманди маъруф Шепкин мепурсанд:
- Шумо бештар нақшҳои асосиро офаридан мехоҳед ё дувумдараҷаро? 
- Ин аз пйеса вобаста аст, - мегӯяд Михаил Семёнович, - агар пйесаи хуб бошад, мехоҳам дар нақши асосӣ бошам, агар не, нақшеро интихоб мекунам, ки на танҳо хурд, ҳатто ноаён бошад. 
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
ТЕЛЕСКОПИ NASA
САЙЁРАИ НАВРО ПАЙДО КАРД
Моҳи апрели соли 2018 аз ҷониби NASA телескопи кайҳонии TESS ба коинот бароварда шуд. Дар ин муддат он экзосайёраеро пайдо намуд, ки шояд дар он ҷо об мавҷуд бошад. Гап дар бораи сайёрае меравад, ки дар он шухҳои харсангдор мушоҳида шудаанд. Андозаи вай чанд маротиб аз Замин калонтар аст, - хабар додааст Le Figano.
Сайёра дар атрофи ситорае давр мезанад, ки масса ва дараҷаи он нисбат ба Офтоб ду маротиб камтар мебошад. Дар зимн, масоҳати байни сайёра ва ситора шаш маротиба хурдтар нисбат ба Замин ва Офтоб аст.
Давомнокии сол дар ин экзосайёра ҳамагӣ 37 рӯзи заминиро ташкил медиҳад. Тахмин меравад, ки шароити ин сайёра қариб ба шароити заминӣ монанд аст. Ба таври потенсиалӣ дар ин сайёра эҳтимол шароити маскуният мавҷуд бошад.
Дар ҳақиқат, ин гуна пешгӯиҳо маънои онро надоранд, ки дар сайёраи мазкур воқеан ҳаёт бошад. Масалан, Зӯҳра ва Миррих дар минтақаи потенсиалии маскунӣ ҷойгиранд, вале дар онҳо ҳаёт вуҷуд надорад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
АЗ ҲАЁТИ БОНУВОНИ ШУҶО
Людмила Павличенко. 
Бонуе, ки бо снайпер 309 фашистро куштааст
Людмила Павличенкоро дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун маъруфтарин бону - нишонзан эътироф кардаанд.  Вай аз синни 21 - солагӣ ба варзиши сабук, аз ҷумла шиноварӣ ва тирандозӣ машғул шуда, дар яке аз сабқатҳои тирандозӣ ҳамагонро ба ҳайрат овард. Маҳз ҳамин сабқат  боис гардид, ки ӯро ба курсҳои омӯзишии тирандозӣ бо снайпер даъват кунанд. 
Ҳамин тавр, дар Киев аз курсҳои нишонзанӣ гузашта, имкони иштирок дар набардҳои воқеиро пайдо кард.   Ӯ 309 сарбоз ва афсари душманро  нобуд карда, саҳми арзандаи худро дар ғалабаи  артиши Шӯравӣ  дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузоштааст. 
Людмила Павличенко яке аз занҳоест, ки ихтиёран ба ҷанг рафта, дар ҷануби Украина, дар ҳимояи Одесса ва Севастопол иштирок намудааст. Баъди ҷанг солҳо зиста, филми ҳуҷҷатиро дар бораи худ тамошо кардааст.  
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ 
БАЪДИ САГҲО ХОНА БА КӢ МЕМОНАД?
Дар як гӯшаи орому монанд ба хилваткадаи шаҳри Кэддингтони Англия ду хоҳари солхӯрдаи шавҳарнокарда мезист. Вақте ки онҳо аз дунёи фонӣ ба дорулбақо реҳлат карданд,  хонаю боғашонро ба 6 саг ба мерос гузоштанд. Дар васиятномаашон онҳо хоҳари хурдии худ – Эвелини беваро вазифадор намудаанд, ки нигоҳубини сагҳоро ба зимма бигирад. Эвелин, ки 200 метр дуртар аз хоҳарбузургонаш мезист, ҳар субҳ ба сагҳо гӯшт ва дигар намуди ғизо меовард, дигар ба чизе кордор намешуд. Сагҳо дар ошёнаи якум мезистанд ва аз он ҷо дар дилхоҳ вақт баромада дар боғ ҷасту хез мекарданд. Танҳо як чиз норавшан буд, баъди мурдани сагҳо хонаву боғ ба кӣ мемонад? 
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
 
 
СОКИНОНИ КАДОМ КИШВАРҲО НАФАҚА НАМЕГИРАНД
ТАИЛАНД
Дар кишвари «табассумҳои биҳиштӣ» то соли 1998 таъминоти иҷтимоӣ ба хизматчиёни давлатӣ мансуб буд. Баъдан ҳукуматдорони Таиланд қонунеро қабул намуданд, ки тибқи он молияи нафақа ба тиҷорат вогузор шудааст. Акнун 3 фоизи даромад ба фонди нафақа гузаронда мешавад. Боз 1 фоизи дигар аз буҷети давлатӣ ба фонд ворид мегардад.
Мушкил он аст, ки қариб нисфи аҳолии қобили меҳнат ғайри расмӣ кор мекунанд. Ба ин хотир, онҳо нафақаи ҳадди ақал ба андозаи 700 бат мегиранд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
ОДАМОНИ МАЪРУФЕ, КИ ИСТЕЪДОДИ ОНҲО ПАС АЗ ФАВТАШОН ЭЪТИРОФ ГАРДИДААСТ
Бисёр одамони маъруфе ҳастанд, ки дар ҷомеа дар доираи кори хеш фаъолияту зиндагӣ доранд. Сарфи назар аз он, ки оё онҳо барои маъруфу машҳур шудан кӯшиш ба харҷ додаанд ё на, ягон нафаре аз эшон наметавонанд бидонанд то кадом ҳад пас аз фавташон машҳур хоҳанд шуд. Ва, инак, чанд нафареро, ки ҳатто пас аз маргашон таъсири бузурге ба ҷомеа ва, ҳамчунин, фарҳанг гузоштаанд, манзур мегардад. 
 
1. Винсент Ван Гог
Мусаввараҳои офаридаи ӯ, ки имрӯзҳо девораҳои машҳуртарини оламро оро медиҳанд, намунаи олитарин ҳунари наққошӣ ба шумор рафта, Гогро чун рассоми сатҳи ҷаҳонӣ машҳур кардааст. Аммо ҳунари ин рассоми нодир танҳо пас аз маргаш қадр гардид. Ван Гог дар хурдӣ бисёр оромтабиат буда, расмҳои кашидаашро ҳамеша пинҳон мекард. Боре барои табобаташ пул лозим мешаваду яке аз мусаввараҳояшро ба музояда мегузорад. Вале ангораи ӯро ҳамагӣ ба маблағи 109 доллар мехаранд. Пас аз маргаш маълум мешавад, ки офаридаҳои Ван Гог зиёда аз 2000 адад будааст ва имрӯзҳо арзиши ҳар яке аз он ба миллионҳо доллар баробар гардидааст.   
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
 
МАРК ТВЕН ВА РАССОМ
Боре Марк Твен коргоҳи рассоми номиеро тамошо меравад. Аз миёни расмҳои зиёд манзарае хушаш меояд, ки дасташро сӯи он бурда, мехоҳад ҷузъиётеро аниқ намояд.
- Эҳтиёт кунед, - якбора дод мезанад рассом, - рангҳо ҳанӯз хушк нашудаанд.
- Ташвиш нашавед, ҷаноб, - мегӯяд Марк Твен, - ман дастпӯшак дорам.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
АНДАРЗҲО
Чизе бигӯ, ки арзиши он беш аз хомӯшӣ бошад.
Дейл Карнеги
* * *
Агар мехоҳӣ коре бикунӣ, ки дар як сол самар бидиҳад, гандум бикор. Агар мехоҳӣ коре бикунӣ, ки дар ду сол самар бидиҳад, дарахт шинон. Агар мехоҳӣ коре бикунӣ, ки дар сад сол самар бидиҳад, мардумро тарбият намо.
Конфутсий
* * *
Агар наметавонед қаҳрамон бошед, лоақал мард бошед.
Гёте
* * *
Номи нек пероҳанест, ки ҳаргиз куҳна намешавад.
Эдисон
* * *
Донишманд касест, ки чизи муҳимро медонад, на бисёрро.
Эсхил
* * *
Ақли инсон се калид дорад, ки ҳама чизро мекушояд: дониш, андеша ва тахайюл.
Виктор Гюго
Таҳияи Абдусаттор ОДИНАЕВ
 
 
ПУЛҲОИ АФСОНАВӢ
17. Пули Ханчжоу, Чин
Бо дарозии 36 километр тӯлонитарин пулест, аз болои уқёнус убур намуда, аз халиҷи Ханчжоу мегузарад. Намудаш низ зебост, ба шакли ҳарфи S сохта шудааст. Яке аз пулҳои зебо дар ҷаҳон ҳисобида мешавад. Халиҷи Ханчжоу дар баҳри Шарқи Чин ҳамчун муъҷизаи табиӣ ном баровардааст. Оби он ҷараёни тез дошта мавҷҳои бузургро ба вуҷуд меорад. Дар байни иншооти бунёдёфта ҷазирачаест бо масоҳати 10000 метр. Аз ин ҷо тамошои пул ба истироҳаткунандагони бешумор ҳаловат мебахшад. 
Лола РИЗОӢ, тарҷума аз русӣ
 
 
ХИРАДМАНДИ ДУРАНДЕШ 
Мӯйсафеде кӯдаконро ниҳоят дӯст медошт ва пайваста ба онҳо туҳфа медод. Ҳадияҳо бисёр нозук буданд. Ҳангоми бозӣ ҳарчанд эҳтиёт менамуданд, аммо бозичаҳо мешикастанд. Ин ҳолат боиси ғамгинӣ ва гиряи онҳо ҳам мешуд. 
Пирамард баъди чанд рӯзе бозичаҳои аз ин ҳам нозуктарро ба онҳо тақдим мекард. Волидони бачаҳо дар тааҷҷуб афтоданд ва назди мӯйсафед омада гуфтанд: «Мо медонем, ки ту марди наҷибӣ. Фарзандони моро дӯст медорӣ ва ба онҳо некӣ мехоҳӣ. Аммо барои чӣ ба онҳо чунин туҳфаҳои нозук ҳадия менамоӣ? Бозичаҳо бисёр зебоянд, лекин зуд мешикананд ва боиси гиряи онҳо мегарданд».
Пири хирад бо нимтабассуми зебое гуфт: «Солҳо мегузаранд.  Нафароне ёфт  мешаванд, ки ба онҳо қалб, муҳаббат ва ҳатто зиндагияшонро мебахшанд, ки аз ҳадияҳои ман дида нозуктаранд.
Шояд туҳфаҳои ман онҳоро эҳтиёткорона муносибат кардан нисбат  ба падару модар, ёру бародар ва дӯстдоштаҳояшон омода созанд».
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
 
 
МӮЗАИ НАПОЛЕОН
117 ҲАЗОР ЕВРО ФУРӮХТА ШУД
Як ҷуфт мӯзаи император ва сарлашкари  машҳури Фаронса Наполеон Бонапарт дар яке аз музоядаҳо ба маблағи 117 евро фурӯхта шуд. Ҳарчанд дар оғоз 50 ҳазор евро баҳогузорӣ шуда буд. 
Наполеон ин мӯзаҳоро ҳангоми бадарға шуданаш дар ҷазираи Еленаи Муқаддас, пӯшида мегашт. Генерал Анри Бертраний Наполеонро дар ин сафараш ҳамроҳӣ намуда, баъдтар мӯзаро ба ҳайкалтарош Карло Марокетти туҳфа мекунад. 
Дар онҳо тамғаи мӯзадӯзи машҳури Париж Жак, ки устохонааш дар кӯчаи Монмартр ҷойгир буд, гузошта шудааст. Наполеон ба Жак зуд – зуд  мӯза фармоиш медод. Ҳамон вақт император барои як ҷуфт мӯза ҳамагӣ 80 франк пардохт намуда буд.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
 
 
ЛЕОНАРДО ДИ КАПРИО:
«НОМАМРО ДИГАР НАМЕКУНАМ!» 
Леонардо ди Каприо, ҳунарманди маъруфи ҷаҳони синамо, зодаи машҳуртарин шаҳри Амрико – Лос - Анҷелос буда, номи ӯро модараш Ирмелин бо ихлосе, ки ба пажӯҳишгар ва рассоми оламшумул Леонардо да Винчи дошт, номгузорӣ кард. Модари ҳунарманд филми дар бораи да Винчи гирифташударо такрор ба такрор медид. Орзу мекард, ки агар соҳиби писар шавад, ҳатман номи ин нобиғаро ба фарзандаш медиҳад ва чунин ҳам кард. 
Писараш аллакай дар 14 - солагӣ дар роликҳои хурди тарғиботӣ ва чанд қисми силсилафилми «Санта Барбара» нақш офарид ва ба назари коргардонҳо афтод. 
Вале бештари коргардонҳо иваз кардани номашро ба сабаби куҳнаву дақёнусӣ будани он талаб мекарданд. Мехостанд номаш Лео бошад. Ҳамчунин, ороиши мӯяшро қабул надоштанд. Аммо Леонардои ҷавон ба принсипҳои худ содиқ монд ва коргардонеро ёфт, ки ороиши мӯй ва номашро пазируфт. 
Ҳунарманд минбаъд, бо филмҳои «Ромео ва Ҷулйетто», «Титаник», «Гейтсбии бузург» маҳбуби ҷаҳониён гашт ва соли 2016  барои филми «Зиндаҷон» якбора ду ҷоизаи муътабар – «Глобуси тиллоӣ» ва «Оскар» - ро ба даст овард. 
Орзуи модари 76 - сола амалӣ шуд ва ягона фарзанди ӯ маъруфтарин шахсияти олам гардид. 
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР 
 
 
ҲАЗЛИ МУХЛИСИ ФУТБОЛ ВА ҚИССАИ 1 МИЛЛИОН
Мухлиси ашадии футбол Кэрсон Кинг, шаҳрванди 24 – солаи Амрико, ғайричашмдошт соҳиби миллион доллар шуд. Қисса ин аст, ки ӯ ҳангоми вохӯрӣ байни дастаҳои  «Айова Хокайс» ва «Айова Стейт Сиклонс» шухиомез навиштаеро ба ин маънӣ байни мухлисон паҳн кард: «Аз шумо хоҳиш дорам, ки  барои харидани як шиша пиво ба ман пул гузаронед». Вале мавсуф ҳаргиз гумон надошт, ки пас аз муддате 600 доллар ва баъдтар 1 миллион доллари амрикоӣ дар суратҳисобаш ҷамъ мешавад.
Мардонагии Кэрсон Кинг дар он сабаб шуд, ки ӯ аз як миллион ҳамагӣ маблағи 1 шиша оби ҷавро ба худ гирифта, боқимондаро ба суратҳисоби беморхонаи кӯдаконаи  шаҳри Айова гузаронд. 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
12 ТЕЗСУРЪАТТАРИН НАҚЛИЁТ ДАР ҶАҲОН
10. Тайёраи бесарнишин – HTV – 2 Сокол (21245 км/соат)   
Тайёраи мазкури бесарнишин озмоишӣ буда, дар доираи лоиҳаи DARPA сохта шудааст, ки суръати ниҳоиаш 21245 км/соатро ташкил медиҳад. Аввалин HTV – 2  22 апрели соли 2010 парвоз анҷом дод, вале дар дақиқаи 9 – уми парвоз алоқа бо он канда шуд ва ба нокомӣ дучор гашт.
Таҳияи  Сайфулло АШУРОВ

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2020    №: 14    Мутолиа карданд: 1086
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед