иқтисод
ҲАДАФ - ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА
Паёми нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ тамошо карда, рӯҳу илҳоми тоза гирифтем. Ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро баҳри рушди устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисодию хоҷагии мамлакат доир ба баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии халқ возеҳу равшан баён намуд.
Дар ин замина роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ ҷиҳати зиёд кардани майдони кишти зироатҳо, ташкили гармхонаву сардхонаҳо ва беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватании аз лиҳози экологӣ тоза, коркарди маҳсулоти соҳа ва афзоиш додани ҳаҷми содироти он чораҳои қатъӣ андешанд.
Дар Паём масъалаи бо сабабҳои гуногун коҳиш ёфтани содироти нахи пахта, меваю сабзавот ва консерва зикр шуд.
Пахтакорӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзӣ ба шумор рафта, дар заминаи он сатҳи зиндагии мардум ба маротиб беҳтар хоҳад шуд. Соҳаи пахтакорӣ манбаи асосии таъмини аҳолии деҳот бо ҷойи кор, ашёи хоми саноатӣ ва воридкунандаи асъори хориҷӣ мебошад.
Деҳқонони вилояти калонтарини пахтакори мамлакат - Хатлон бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда бобати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон бо истифода аз боду ҳавои мусоид дар майдони 122097 гектар (70 дарсади дурнамои кишти имсолаи пахта дар ҷумҳурӣ) пахта кошта, иҷроиши дурнамои пешбинигардидаро 100,1 дарсад таъмин намуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, ҳамоҳангсозии фаъолияти корхонаҳо, ташкилоту идораҳои вилоятӣ, ҳалли масъалаҳои ҳавасмандгардонии кишоварзони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва хоҷагиҳои пахтакори вилоят ситоди вилоятии “Ҳосил - 2019” – ро таъсис дод.
Дар натиҷаи роҳандозии дурусти як қатор тадбирҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 276 ҳазору 300 тонна пахта ҷамъоварӣ шуда, дурнамою истеҳсол 100,4 дарсад таъмин гардид. Ҳаҷми ҳосили бадастомада дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 86 ҳазору 443 тонна зиёд мебошад.
Аз як қитъаи замин гирифтани чанд ҳосил, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи тухмипарварӣ низ аз нуктаҳои муҳими Паём буда, минбаъд бояд самти асосии фаъолияти олимон ва кишоварзон қарор гиранд.
Бо вуҷуди ин, барои расидан ба мақсадҳои олӣ ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва фароҳам овардани шароити созгор барои зиндагии ҳар фарди Тоҷикистон нигаронда шудаанд, бояд бо ҳисси масъулиятшиносии баланд ва пурсамар талош варзем.
Умед ЗОҲИРЗОДА,
муовини раиси вилояти Хатлон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.01.2020 №: 1 Мутолиа карданд: 744