logo

иқтисод

ОБҲОИ МИНЕРАЛӢ АЗ ОМИЛҲОИ МУҲИМИ РУШДИ ТУРИЗМ ВА РЕКРЕАТСИЯ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки бояд дар минтақаҳои истироҳатию сайёҳӣ ва рекреатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалб кардани сайёҳони хориҷию дохилӣ шароитҳои хуби истироҳатӣ фароҳам оварда шаванд.  
Мушоҳидаҳои чандинсолаи олимон ва мутахассисони соҳаи туризм исбот намудаанд, ки инкишофи туризм ва рекреатсия (маҷмӯи тадбирҳо барои барқарорсозии саломатӣ – табобати санаторӣ, варзиши шавқмандӣ, шикор, моҳидорӣ, гардиш ва ғ.) дар ҳудуди ин ё он минтақа на танҳо аз мусоидии омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, демографӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ вобастагӣ дорад, балки мавҷудияти шароит ва сарватҳои табиӣ (релйеф, сохти геологии маҳал, иқлим ва захираҳои обӣ) низ яке аз омилҳои муҳими  ба мақсади туризм ва рекреатсия истифодабарии минтақа ба ҳисоб рафта, дар раванди бавуҷудоӣ ва рушди устувори  ноҳияҳои  истироҳатӣ ва сайёҳӣ  нақши бузург мебозанд.
Сарватҳои табиӣ яке аз омилҳои асосии ташкил намудани минтақаҳои туризми рекреатсионӣ ва истифодабарии босамари ҳудуд буда, дар пайдоиш ва инкишофи маҷмӯии минтақаҳои туристӣ таъсири муҳим мерасонанд. Минтақаҳои сайёҳии рекреатсионӣ хусусиятҳои ландшафт ва иқлим, гуногунии олами набототу ҳайвонот, имкониятҳои табиии машғулшавӣ ба варзиш, шикор, муолиҷа ва ғайраро фаро мегиранд. Ташкили ин ё он намуди фаъолият дар туризм ва рекреатсия омӯзиши хусусиятҳои  табиӣ - географии ноҳияро талаб мекунад.
Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги туристию рекреатсионист, аммо онҳо то ҳол ба таври пурра омӯхта нашудаанд. Мавҷудияти сарватҳои зиёди туристӣ – рекреатсионӣ дар қаламрави Тоҷикистон имконият медиҳад, ки дар тамоми манотиқи он инкишофи намудҳои гуногуни туризм ва рекреатсия ба роҳ монда шавад. Ин сарзамини таърихӣ бо кӯҳҳои осмонбӯсу сарбафалак, дараҳои зебоманзар, дарёҳои пуртуғёни кӯҳӣ, кӯлҳои беназиру нодир, чашмаҳои маъданию ҳароратноки худ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудааст.
Яке аз муҳимтарин сарватҳои табиӣ - туристии ин сарзамин обҳои маъдании он ба шумор мераванд, ки барои густариш додани туризми муолиҷавӣ заминаи асосианд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 200 чашмаи маъдании гарму сард мавҷуд аст.  Ҳар як чашма аз рӯи таркиб, сохт ва хосиятҳои  химиявӣ фарқ мекунад. Онҳоро аз даврони қадим мардуми маҳаллӣ истифода мебурданд.
Табобати санаторию истироҳатӣ низ дорои вижагиҳои худ аст. Пеш аз ҳама, табиати мусоиди кишвари мо бо обу ҳавои мувофиқ, чашмаҳои нодири оби гарми табобатӣ ва кӯлҳои зиёди кӯҳиву рӯдҳои шӯх ҳар як бинандаро мафтуни хеш мекунад. Дуруст  ва оқилона истифода бурдани ин имкониятҳо барои рушди туризми кишвар хеле муҳим аст ва метавонад манбаи хуби даромади аҳолӣ гардад.
Тоҷикистон дар самти рушди саёҳати муолиҷавӣ чунин бартариҳо дорад:
- муолиҷа ба воситаи иқлим (климатотерапия);
- муолиҷа ба воситаи ҳаво (аэротерапия);
- муолиҷа ба воситаи офтоб (гелиотерапия);
- муолиҷа ба воситаи офтоб ва оббозӣ (талассотерапия).
Дар ин маврид чашмаҳои гарми истироҳатгоҳҳои "Хоҷа Обигарм" дар ноҳияи Варзоб, "Обигарм" дар ноҳияи Файзобод, "Шоҳамбарӣ" дар шаҳри Ҳисор, "Чилучорчашма" дар ноҳияи Носири Хусрав ва минтақаи Бадахшон, бахусус ноҳияи Ишкошим, хеле мувофиқ ва маълуму машҳуранд ва сайёҳон аз дер боз онҳоро медонанд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Тоҷикистон дар ин самт имкониятҳои бузурге дорад, ки аз мавҷудияти ёдгориҳои гуногуни таърихиву фарҳангӣ, мавзеъҳои нодири тиббиву муолиҷавӣ, кӯҳнавардӣ ва дигар дороиҳое, ки табиат барои мо додааст, бармеоянд”.
Вусъати рушди сайёҳӣ дар заминаи чашмаҳои минералӣ дар баробари таъсири мусбии он ба ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин, барои ҷалби маблағгузориҳои ватанию хориҷӣ ба инфрасохтори сайёҳӣ низ мусоидат менамояд.

Суҳроб  БОБОКАЛОНОВ,
Гулсара МАСТОВА,
устодони Донишкадаи давлатии
забонҳои Тоҷикистон
ба номи Сотим Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.01.2020    №: 15    Мутолиа карданд: 765
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед