logo

иқтисод

БОҒПАРВАРӢ. ВОСИТАИ МУҲИМИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

Боғдорӣ ҳамчун соҳаи манфиатбахши кишоварзӣ манбаи даромад, омили баланд бардоштани сатҳи зиндагии шоистаи мардум, ҳамчунин, шукуфоии кишвар маҳсуб ёфта, дар меҳвари таваҷҷуҳи  Ҳукумати мамлакат қарор дорад.  Афзудани майдони боғу токзор ва вусъати корҳои сабзу хуррамгардонӣ дар сар то сари ҷумҳурӣ гувоҳи ин гуфтаҳоянд.
Хушоянд аст, ки имрӯзҳо иҷрои Барномаи “Рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020” ва бунёди боғу токзори нав дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ муташаккилона идома дорад. Тибқи маълумоти маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ, бо мақсади рушди соҳа ва иҷрои барнома соли гузашта дар ҷумҳурӣ дар масоҳати 3285,9 гектар (103,1 дарсади дурнамо) боғу токзори нав бунёд гардид, ки аз он 2938,4 гектарро боғ ва 347, 5 гектарро токзори нав ташкил медиҳад. Инчунин, 2359,3 гектар боғу токзори куҳна аз нав барқарор карда шуд.
Алҳол кишоварзон аз обу ҳавои мусоид самаранок истифода намуда, дар  талу теппаҳои бо намӣ таъмин бунёди боғу токзори навро идома дода истодаанд.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, боғдорон метавонанд ҳосилнокии миёнаи боғу токзорро аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокии дарахтони мевадиҳанда  ва ҷорӣ намудани технологияи нави инноватсионӣ боз ҳам  баланд бардоранд. Яке аз роҳҳои асосии расидан ба ин ҳадаф бунёди  боғҳои интенсивӣ мебошад, зеро   ҳосилнокии боғҳои интенсивӣ нисбат ба боғҳои муқаррарӣ чанд баробар зиёд аст. Соли гузашта дар ҷумҳурӣ дар масоҳати 197,7 гектар боғи интенсивӣ ва 3 гектар боғи ситрусӣ бунёд гардидааст. 
Рушди  боғу токзорро бе ривоҷи соҳаи ниҳолпарварӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст, зеро солимӣ, дарозумрӣ, маҳсулнокӣ  ва аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранокии боғи нав аз навъи ниҳолҳои он вобастагии калон дорад. Самти асосии фаъолияти 13 хоҷагии ниҳолпарварии махсусгардондашудаи КВДҶ  «Тоҷикниҳолпарвар» парвариш ва тайёр намудани ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва ҳамчун соҳаи ёрирасон истеҳсоли мева, ангур, ғалла, картошка, сабзавот ва полизиҳо мебошад.    
Тавре Асомиддин Назарзода, сардори корхона, иброз дошт, бо мақсади иҷрои барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар мамлакат ҳамасола хоҷагиҳои ниҳолпарварии корхона зиёда аз як миллион бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, ток, тут, ороишию сояафкан тайёр менамоянд.
- Ба хоҷагиҳое, ки боғу токзор бунёд менамоянд, аз ҷониби мутахассисони корхона пайваста ёрии машваратию амалӣ расонда мешавад. Дар  навбати аввал истеҳсоли он навъҳое ба роҳ монда шудааст, ки дар макони ҷойгиршавии хоҷагии ниҳолпарварӣ минтақабандӣ карда шудаанд. Раванди истеҳсоли ниҳолҳо дар хоҷагиҳо аз ҷониби нозирони раёсати назорати тухмӣ ва фитосанитарии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат карда мешавад. Дар соли дуюми парвариши ниҳол  ҳангоми гузарондани пайванд нозирону мутахассисон барои мушаххас намудани навъи пайванд ва тоза будани ниҳолон аз ҳашароту касалиҳои карантинӣ санҷишҳо гузаронда, санадҳои лозимӣ тартиб медиҳанд. Дар асоси санадҳои тартибдодашуда ба хоҷагӣ «Шаҳодатномаи мушаххаскунандаи навъи ниҳол» супурда мешавад, - изҳор дошт А. Назарзода.
Воқеан, рушди соҳаи боғдорӣ ба истифодаи самараноки заминҳои таллу теппа ва бекорхобида, афзоиши содироти мева ба хориҷи мамлакат, гирифтани даромади хуби иқтисодӣ, рушди деҳот, бунёди иншооти таъйиноти гуногун ва  таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад. 

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.01.2020    №: 16    Мутолиа карданд: 712
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед