logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҚАЛЛОБӢ
120 ҳазор сомонӣ барои ба "озодӣ" баровардани маҳбус
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кормандони милитсия зани 36 – солаеро боздошт намуданд, ки дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ гумонбар мешавад.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, зани дастгиршуда аввалҳои моҳи январ бо роҳи фиреб аз як сокини ҳамин ноҳия барои ба озодӣ баровардани падараш 120 ҳазор сомонӣ талаб намудааст. Ӯ ваъда додаст, ки бар ивази ин маблағ тавассути шиносҳояш маҳбуси 69 – солаеро, ки соли 2008 ба муҳлати 24 сол зиндонӣ шудааст, ба озодӣ мебарорад. Вале ҳангоми гирифтани ин миқдор маблағ санаи 13 январ дастгир шуда, ҳоло алайҳи ӯ бо моддаи 247 қисми 4 – и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки номбурда соли 2015 низ бо баҳонаи иҷрои чунин амал аз ҳамин мард 18 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст.  

ОДАМКӮШӢ
Гумонбар дастгир ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара марди 38- солаеро ба гумони одамкушӣ дастгир намудаанд.
Дар ин бора сомонаи ВКД хабар дод. Бино бар гузориши манбаъ, марди боздоштшуда, сокини кӯчаи Навободи шаҳри Исфара буда, 16 январ як сокини дигари ҳамин шаҳрро бо зарби корд ба ҳалокат расондааст. Чунин амали ҷинояткорона дар манзили истиқоматии марди фавтида ва он ҳам баъд аз истеъмоли машруботи спиртӣ рух додааст.
Ҳоло нисбат ба марди гумонбар бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани шахси дигар)  парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Ин модда аз ҳашт то понздаҳ соли маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ менамояд.

ДУЗДӢ
Марди қаблан судшуда бо ин ҷурм дастгир гардид
Як сокини шаҳри Душанбе, ки қаблан бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятӣ (дуздӣ) суд шудааст, дигарбора даст ба чунин амал зада, бо гумони дуздӣ аз сӯи кормандони милитсия боздошт шуд.
Номбурда, ки дафтари матбуотии ВКД аз ӯ марди 22 - сола ном мебарад, 20 декабри соли 2019 дар кӯчаи Ҳаёти нави пойтахт бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», ки ба марди 32 - солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ тааллуқ дорад, 200 - сомонӣ, 2 адад телефони мобилии тамғаи «Редми» ва «Самсунг С-9» - ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Тибқи иттилои манобеи хабар, зарари расондашуда аз ин амал 6 ҳазору 700 сомониро ташкил дода, феълан тафтишоти ҳодиса давом дорад.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.01.2020    №: 16    Мутолиа карданд: 982
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед