logo

маориф

20 СОЛИ МУҲИМ БАРОИ РУШДИ ИЛМИ КИШВАР

Дар партави ташаббуси Пешвои муаззами миллат оид ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ
Таърихи пурғановати халқи тоҷик саҳифаҳои зиёди омӯзанда ва пурифтихор дорад, ки бузургтарин бахши онро илму маърифат, бахусус илмҳои табиатшиносӣ, ташкил медиҳанд. Ниёгони донишманди мо ҳанӯз дар гузаштаҳои дур ба масоили гуногуни табииёт ва коинот таваҷҷуҳ зоҳир карда, доир ба ҳар ҳодисаю раванд андешаҳои илмии хешро баён менамуданд. Нобиғаву алломаҳое чун Абулаббос Фарғонӣ, Муҳаммад Хоразмӣ, Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Абулвафо Бузҷонӣ, Умари Хайём, Насириддини Тӯсӣ, Алоуддин Қушчӣ, Ҷамшеди Кошонӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон дар рушду пешрафти аксар соҳаҳои дар замони хеш маълуми илмҳои табиатшиносӣ саҳми бузург гузоштаанд.
Дақиқан, дастоварду кашфиёти илмии олимони хақли тоҷик дар асрҳои VIII-XV яке аз саҳифаҳои муҳимтарини илму фарҳанги умумибашариро дар бар мегирад. Зеро аллакай аз асри VIII оғоз карда илмҳои ҷудогонаи табиатшиносӣ, ба монанди нуҷум, табииёт, кимиё, ҳаётшиносӣ, заминшиносӣ, ҷуғрофиё ва ғайра рӯ ба тараққӣ ниҳоданд.
Тоҷикон аз қадим ҳамчун халқи фарҳангпарвару соҳибтамаддун шинохта шуда, дар ин маврид муаррихи рус И. Гейер дар соли 1901 хеле хуб фармудааст: “Дар миёни миллатҳои Осиёи Марказӣ тоҷикон мардуми босаводу бофарҳанг буда, кулли дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ ва меъмории минтақа натиҷаи заҳмати онҳост”.
Истиқлолияти давлатӣ ба халқи тоҷик имкон фароҳам овард, ки ин гузаштаи пурифтихори хешро соҳибӣ кунад ва амалҳои накуи ниёгонашро эҳё ва идома диҳад. Хушбахтона, ба бахти мо - тоҷикон ҳанӯз дар давраи ҳассосу тақдирсоз марди далер ва илмдӯст Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст гирифтанд ва сар аз оғози фаъолияти давлатдорӣ илму маорифро соҳаи муҳимтарину афзалиятноки кишвар эълон намуданд. Маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар низоми илму маориф ислоҳоти ҷиддӣ рӯи кор омада, ба рушди ҳамаҷонибаи улуми табиатшиносию дақиқ заминаву шароитҳои муосид фароҳам оварда шуданд. Дар ин маврид зикр кардан зарур аст, ки яке аз ташаббусҳои бузурги Пешвои муаззами миллат дар рушди илму техника, ин эълон кардани соли 2010 ҳамчун «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» буд.
Мусаллам аст, ки дар байни тамоми илмҳо улуми табиатшиносӣ ва дақиқ нақши пешбарандаро мебозаду дастовардҳои рӯзафзуни он зиндагӣ ва фаъолияти инсонро беҳбуд мебахшад. Бинобар ин, Пешвои миллат бо дарки он, ки барои таҳлилу баррасии мавзӯъҳои илмӣ ва аз худ кардани донишҳои илмӣ як ё ду солро бахшидан нокифоя аст, солҳои 2020 – 2040 - ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд ва ин ташаббуси Сарвари давлат аз ҷониби пиру барнои кишвар хеле хуш истиқбол ёфт.
Агар мо бодиққат ва жарф назар афканем, ҳар Паёми Президент идомаи мантиқӣ ва пурракунандаи паёмҳои қаблӣ аст. Яъне, онҳо бо ҳам чун занҷир пайваст буда, марҳила ба марҳила ҳадафҳои стратегии Тоҷикистонро дар бар мегиранд. Далели ин гуфтаҳо амалӣ гаштани ҳадафҳои олии кишвар - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва соли гузашта пешниҳоду амалигардии ҳадафи чорум, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад.
Ҳукумати кишвар бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар барномаву нақшаеро, ки барои пешрафти Тоҷикистон аст, дар вақту соати мусоид қабул, пешниҳод ва дар амал татбиқ кардааст. Ман ба ҳайси як мутахассиси ҷавони илмҳои дақиқ, ин пешниҳоди Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ оид ба эълон гардидани солҳои 2020 - 2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» басо бамаврид ва талаби замон дониста, ин 20 солро барои илми тоҷик муҳимтарин марҳила ва бузургтарин имконият мешуморам. Чунки имрӯз барои инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат шароиту имконоти воқеӣ ва мусоид фароҳам оварда шудаанд. Воқеан, имрӯз имкон ва қудрати “ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва инчунин, тавсеаи тафаккури техникии насли наврас” - ро дорем.
Пешрафти босуръати илмҳои дақиқ, риёзӣ ва техникаву технология дар ҷаҳони муосир моро ҳушдор медиҳад, ки дар самти инкишофи ҳаматарафаи ҷомеа, махсусан азхудкунии илмҳои дақиқ, риёзӣ ва техникӣ аз тарафи наврасону ҷавонон диққати ҷиддӣ диҳем. Ин аст, ки Пешвои муаззами миллат бо таъкид ба масъулон ва омӯзгорон ишора намуданд: “Назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонда, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд”.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки барои дар оянда боз ҳам рушд кардану пешрафти Меҳани маҳбубамон - Тоҷикистон бояд мутахассисони донишманду баландтахассус ва дорои ҷаҳонбинии васеи илмиро тарбия намоем.

Анвар ҚОДИРОВ,
номзади илмҳои техникӣ,
директори Маркази рушди
инноватсионии илм ва технологияи нави
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2020    №: 17    Мутолиа карданд: 2934
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед