logo

фарҳанг

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЭҲЁИ САДА

Ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи ду ҷашни бузурги миллӣ - Наврӯз ва Меҳргон ҷашни Сада низ аз нав эҳё ва барқарор гардид.
 
Эҳёи ин ҷашн дар идомаи иқдомҳои созанда ва муаррифии фарҳанги қадима сурат гирифта, дар тақвияти худшиносии миллӣ ва тарғиби расму оинҳои миллии халқи шарафманди тоҷик аҳамияти зиёд дорад. Ҷашни Сада дар миёни идҳои сегонаи миллати тоҷик мақому манзалати хосса дошта, ифодагари пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин, давраи ниҳолшинонӣ, киштукори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзист.
Анъанаҳои ҳаётдӯстона ҷав-ҳари ҷашни Садаро ташкил менамоянд. Дар байни суннатҳои Сада гулхан афрӯхтан мавқеи асосӣ дорад. Ба ин маънӣ, ин ҷашнро метавон ҷашни мелоди оташ - манбаи гармиву нур номид. Чун дар ҷашни Сада рӯзҳо ба сӯи гармӣ майл намуда, рустанҳову шукуфтанҳо оғоз меёбанд.
Таҷлили Сада аксаран дар қаламрави шоҳони ориёӣ  шабҳангом оғоз гирифта, дар ҳар манзилу кӯча бо ҷамъомади ҷавонон, суҳбати мардони рӯзгордида, бо нишоту шодмонӣ баргузор мегардид. Муҳимтарин нишони он оташафрӯзӣ ва равшан гардондани зулмати шаб арзёбӣ  мешавад.
Аз нуктаҳои боло пайдост, ки ҷашни мазкур аз наздик шудани фасли баҳор ва омода шудан ба коркарди замин барои киштукор, ҳамчунин, сипарӣ шудани зимистону сармо ва фаро расидани Наврӯз башорат медиҳад. Бинобар ин, мардум дар ҷашни Сада аз саҳрову пуштаҳо ҳезум ҷамъоварӣ намуда, гулхан меафрӯхтанд ва дар болои бом шуълаи оташро фурӯзон намудан ба ҳукми анъана даромада буд. Солҳои пеш нишонаҳои ин ҷашни бостонӣ дар деҳоту минтақаҳои кӯҳистон вуҷуд дошт. Дар даврони собиқ шӯравӣ ба ин ҷашн тамғаи хурофот заданд ва он то ҳадде ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд.
Аз рӯйи иттилои гоҳшуморҳо, Сада ба муносибати «аз хонаи зимистониаш убур намудани хуршед» ва ба баҳор майл кардани он ҷашн гирифта мешудааст. Аҷдоди мо солро ба ду бахш тақсим мекарданд: тобистони ҳафтмоҳа ва зимистони панҷмоҳа. Таҷлили ин ҷашн низ аҳамияти тақвимӣ дошта, аз рӯ ба гармӣ ниҳодани табиат ва омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ шаҳодат медиҳад.

Тоҷинисо МИРЗОХОНОВА, омӯзгори МТМУ  № 58, ноҳияи Фирдавсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2020    №: 17    Мутолиа карданд: 694
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед