logo

иқтисод

МЕЪМОРӢ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ЗЕБОТАР ХОҲАД ШУД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ сохтмонро яке аз соҳаи муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум ном бурданд. Зикр гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат рушди соҳаи сохтмон баръало ба назар мерасад. Танҳо дар давоми ҳафт соли охир ба маблағи беш аз 37 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта, қариб 8 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шудааст.
Сохтмончиёну меъморон ва лоиҳакашони мамлакат дастуру супоришҳоеро, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, роҳнамои фаъолияти худ қарор дода, барои иҷрои вазифаҳои барномавӣ талошу кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дилрабоии шаҳру хиёбон, кӯчаю биноҳои мамлакат, умуман симои Ватани азизамон, аз як ҷиҳат боиси ифтихор бошад, аз ҷониби дигар, бар дӯши мо масъулияти азим вомегузорад.
Хонаро пойтахти зиндагӣ мегӯянд, ки бесабаб нест. Аз ин рӯ, кӯшиш мекунем, ки ин «пойтахт» ҳамеша чароғон бошад. Сарвари давлат дар Паём зикр карданд, ки ҳар нафар метавонад хонаи худро бо тарҳи меъмории хоси миллати тоҷик бунёд намояд ва ба фарзандони худ мерос гузорад. Имрӯзҳо ҳар хонае, ки сохта мешавад, хоҳ дар маҳал ва хоҳ дар марказ, ҳам зиндагии соҳибхона ва ҳам намои шаҳру деҳоти моро зебоӣ мебахшад. Мардуми тамаддунофари тоҷик ба зиндагии аз ин ҳам беҳтару роҳат шоиста аст. Ҳар хиште, ки болои ҳам мегузорем, ба хотири таъмини чунин зиндагист. Итминони комил дорам, ки биносозони Тоҷикистон барои боз ҳам ободу зебо гаштани симои Ватани маҳбубамон ва таъмини шароити боз ҳам беҳтари зиндагии мардуми сарбаланд бо дили гарму бозуи қавӣ содиқона меҳнат мекунанд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ширкатҳои ватании сохтмонию лоиҳакашӣ ва сохтмончиёну меъморони баландихтисоси дорои донишу малакаи замонавӣ ба арсаи созандагӣ омаданд. Имрӯзҳо меъморони ватанӣ на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он низ фаъолияти пурсамар доранд ва беҳтарин тарҳҳои биною иншоотро омода ва амалӣ месозанд. Барои инкишофи соҳаи меъморию сохтмон дар ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳамин аст, ки ҳамасола бо заҳмати меъморону сохтмончиёни ватанӣ дар гӯшаю канори мамлакат иншооти муҳташаму хуштарҳ бунёд меёбанд. Сохтмони  манзил, меҳмонхонаҳо, иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, бахусус дар шаҳри Душанбе, васеъ ба роҳ монда шудааст. Тайи се соли охир Душанбе ба шаҳри замонавии беназир табдил ёфт. 
Ташаббускори азнавсозиҳо ва илҳомбахши сохтмони иншооти муосир дар кишвар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, соҳаи сохтмону меъморӣ  ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад. Бовар аст, ки  сарзамини хуршедии мо таҳти сарварии Пешвои миллат дар ояндаи наздиктарин ҳамсафи кишварҳои тараққикарда ва пешсафи ҷаҳон мегардад.
Зебоию ободии шаҳру ноҳияҳои кишвар аз таҳияи мукаммали нақшаҳои генералӣ вобастагӣ дорад. Дар пайи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат марҳила ба марҳила нақшаҳои генералӣ аз нав таҳия гардида, барои бо низоми муайян бунёд намудани бинову иншооти хуштарҳу замонавӣ ва кӯчаҳои васею хиёбонҳои зебо заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷониби кумита ба татбиқи босифати нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ диққати махсус дода мешавад. Айни замон аз 65 шаҳру ноҳияи мамлакат нақшаи генералии 62 шаҳру ноҳия пурра таҳия гардида, мавриди амал қарор дорад.
Зебоию ободии шаҳрҳо, кӯчаю хиёбонҳо, биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ, иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва ҳазорҳо коху қасрҳои муҳташам аз заҳмати биносозону меъморон аст.
Кормандони кумита иҷрои вазифаҳоеро, ки аз ҳидоятҳои Президенти ҷумҳурӣ ва Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 бармеоянд, самти асосии кори худ қарор дода, баҳри иҷрои саривақтии онҳо талош менамоянд.
Итминони комил дорам, ки сохтмончиёну меъморони ҷумҳурӣ дастуру супоришҳоеро, ки аз Паём бармеоянд, барномаи амал қарор дода, фаъолияти мақсадноки худро барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистон равона менамоянд ва бо дарки масъулият барои иҷрои вазифаҳои дар Паём гузошташуда кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Ҷамшед АҲМАДЗОДА,
раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.2020    №: 18    Мутолиа карданд: 685
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед