logo

порлумон

МИНТАҚАИ РАШТ. ИНТИХОБОТ ОЯНДАРО МЕСОЗАД!

Дар минтақаи Рашт ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ корҳои омодагӣ идома доранд. Тавре Муллоҷон Аҳмадов, раиси комиссияи ҳавзаи ҳудудии якмандатаи Рашт, № 12 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” иттилоъ дод, ҳавзаи интихоботӣ фаъолияти худро дар асоси қонунгузорӣ вобаста ба интихобот ва санадҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида ба роҳ мондааст.

Ба гуфтаи ӯ, нахуст ҳайати ҳавза бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкил намудани ҳавза шинос шуда, вазифаҳои онҳо дар асоси қарори ҳавза муайян гардиданд. Ҷадвали навбатдории ҳайати комиссия таҳия гардида, мавриди амал  қарор дорад. Ҳуҷҷатгузорӣ мувофиқи матлаб ба роҳ монда шуда, 198 участкаи интихоботӣ дар ҳудуди ҳавза ташкил ва рақамгузорӣ шуд.  Рақам, нишонӣ, маҳали аҳолинишин, ҷойи овоздиҳӣ ва ҳайати комиссияи участкаҳои ҳавза дар 3 шумораи рӯзномаи “Оинаи Рашт” ба нашр расида, дар ҳамаи маҳалҳои овоздиҳии ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Лахш, Сангвор ва Тоҷикобод манзури хонандагон гардид. Лавҳаи ҳавза ва лавҳаҳои участкаҳои интихоботӣ тибқи дастури КМИР омода ва насб гардиданд. Ҷойи кории ҳайати ҳавза ва коргоҳҳои комиссияҳои участкавӣ ҷиҳозонда шуда, дар дафтари кории ҳавза гӯшаи иттилоотӣ ташкил гардид.
Ҳоло 6 нафар барои ба қайд гирифтан ба номзадии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавзаи якмандатаи Рашт, № 12 ариза пешниҳод кард. Аз ин шумора 3 нафар ба тариқи худпешбарӣ, 1 нафар аз тарафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 1 нафар аз тарафи Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва 1 нафар аз тарафи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон мебошад. Ҳуҷҷатҳои номзадҳо омода гардида, ҳоло дар омӯзиш қарор доранд.
- Дар участкаҳои интихоботӣ тамоми шароити мусоид фароҳам буда, бо интихобкунандагон ҷиҳати иштироки фаъол ва озодона дар интихобот корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда мешаванд. Барои мушоҳидачиёни миллию байналмилалӣ низ шароити хуб муҳайё карда шудааст. Инчунин, барои интихобкунандагоне, ки бинобар вазъи саломатӣ иштирокашон дар интихобот имконнопазир мебошад, ташкили қуттиҳои сайёр ба роҳ монда шудааст, -  гуфт дар хотимаи суҳбат Муллоҷон Аҳмадов.

Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.2020    №: 18    Мутолиа карданд: 615
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед