logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

МИЛИТСИЯ
дар Душанбе 10 нафар кордбадастро дастгир кард
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе зарфи як ҳафтаи охир дар доираи амалиёти шартӣ бо номи «Корд» нафаронеро боздошт намуданд, ки бо худ силоҳи сард доштанд. Шумораи боздоштшудаҳои кордбадаст 10 нафарро ташкил дода, нисбат ба онҳо чораҳои қонунӣ андешида шудаанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба онҳое, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо силоҳи сард дарёфту мусодира гардид, чораҳои гуногуни таъсиррасони қонунӣ, аз ҷумла нисбат ба ду нафар ҳабси маъмурӣ, нисбат ба волидайни як нафар ноболиғ протоколи маъмурӣ ва нисбат ба 7 нафари дигар ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шуданд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо нашри акси дастгиршудагон дар сомонаи худ аз шаҳрвандон даъват ба амал овардааст, ки ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои бо худ гирифта гаштани силоҳи сард, ки ҳамагон аз оқибатҳои нохуши он хуб огаҳанд, бетараф набошанд ва амалу рафтори фарзандони худро зери назорат қарор диҳанд. Дар идома таъкид шудааст, ки милитсияи пойтахт барои аз байн бурдани ин амали номатлуб дар ҷомеа мубориза бурда, амалиётҳои мақсаднокро дар ҳудуди шаҳри Душанбе идома медиҳад.

ЧОРВОДУЗДӢ
дар ноҳияи Панҷ
Муроҷиати як сокини деҳаи Зарбдори ноҳияи Панҷ ба мақомоти милитсия оид ба рабуда шудани 2 сар чорвои калон, парда аз рӯи як амали силсиладуздӣ бардошта, гумонбар дастгир шудааст.
Кормандони ШВКД дар ноҳияи Панҷ муайян кардаанд, ки гумонбар ба дуздӣ - сокини 33 - солаи ноҳияи Ҷайҳун буда, 9 декабри соли 2019 дар дили шаб аз заминҳои хоҷагии деҳқонии «Намуна» - и ноҳияи Панҷ 2 сар чорвои сокини деҳаи Зарбдорро,  ки арзишашон 13000 сомониро ташкил медиҳад, дуздидааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, ҳамчунин, гумонбаршуда дар ду мавриди дигар чор сар чорвои калони сокинонро дуздидааст, ки ҳоло аз рӯйи ин ҳолатҳо тафтиш идома дорад.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.2020    №: 18    Мутолиа карданд: 873
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед