logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ интизор аст.
 

Чайн – кроссворди «Роғун»

Саволҳои шаш тарафи чарха:
1. НБО дар Туркия.
2. НБО дар Канада.
3. НБО дар Миср.
4. НБО дар Ҳиндустон.
5. НБО дар Тоҷикистон.
6. Номи дарёи Ҷопон, ки НБО дорад.
Саволҳои доираи калон:
1. Номи дарёи Бразилия, ки дар он НБО вуҷуд дорад.
2. НБО дар Федератсияи Россия.
3. Номи дарё дар Тоҷикистон, ки дар он НБО мавҷуд аст.
4. НБО дар Ветнам.
5. Номи дарёи Федератсияи Россия, ки  НБО дорад.
6. Номи дарёи Белгия, ки НБО дорад.
Саволҳои доираи хурд:
1. НБО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Номи дарёи Венесуела, ки НБО дорад.
3. НБО дар Конго.
4. НБО-и «Раздан» дар кадом давлат ҷойгир аст.
5. Номи дарё дар Африқо, ки НБО дорад.

Таҳияи Абдукабир ЗУБАЙДУЛЛОЕВ,
корманди шабакаҳои барқии ноҳияи Айнӣ

ҶАВОБ БА МУАММОИ «АДАДҲОИ НОМАЪЛУМ ЁФТА ШАВАНД» АЗ 17 ЯНВАРИ СОЛИ 2020
8 – 5 – 5 – 5 = -7
4 х 2 – 3 – 2 = 3
4 + 1 – 3 + 2 = 4
0    2     6    4

6 – 8 + 5 = 3
2 – 4 + 7 = 5
3 х 1 + 3 = 6
9    3  - 16

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


ЗОЯ. ЭҲСОНКОРЕ, КИ ҲАМАГӢ 8 СОЛ ДОРАД
Зоя Кукушкинаи ҳаштсола модел ва шахсияти маъруфест. Ӯ аз синни наврасӣ ба фаъолияти эҳсонкорӣ машғул аст ва аллакай, маблағи 600 ҳазор рублро ба 39 кӯдаки ятим ҷиҳати пайдо кардани оилаашон сарф намудааст.
Зоя дар Сибир ба дунё омада, пас аз муддате ба хонаи кӯдакон интиқол ёфт. Саломатияш, ки хуб набуд, ӯро касе ба фарзандӣ қабул намекард. Аммо, боре видео – анкетаи хурдсолро Татяна Кукушкина дид ва тасмим гирифт, ки духтаракро ба хонаводаи худ орад.
Боре модар бо Зоя дар яке аз марказҳои тиҷоратии шаҳри Москва сайругашт менамуданд, ки ба наздашон марде омад ва хоҳиш кард, ки онҳоро аккосӣ намояд. Баъдан ӯ духтаракро барои аккосии санҷишӣ даъват кард. Аз ҳамон лаҳза духтаракро ҷиҳати намоиши муд ва реклама даъват мекарданд.
Зоя аз модараш хоҳиш намуд, ки барои сабук гардондани зиндагии кӯдакони ятим ба ӯ ёрӣ расонад. Хонавода коллексияи хусусии либосҳои духтаракро таҳти бренди «Zoyakukushkina» таъсис дод. Маблағи фурӯши либосҳо ба бунёди видео – анкета сарф хоҳад шуд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ

 

Фурӯғи субҳи доноӣ...
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ…» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.

* * *
- Ҳанӯз ба худ наомадаам… Захмҳо азобам медиҳанд. Ташаккур, ки ёд кардед, - мегуфт ӯ, вале сирри дил ошкор намесохт. Гап сари ин, ки дар лаҳзаҳои мудҳиштарину маргбор мудом ба худ аҳд мекард: зинда ба диёр баргардам, то нафаси охирин саги газандаро озор нахоҳам дод. Ана ҷисму ҷонашро кашонда ба зодгоҳ овард. Вазъи сиҳатиаш низ беҳ мешавад. Аммо куҷост он вазифа ва касбу коре, ки ӯ ба сари худ бошад ва на бузург биёзораду не хурд? Ниҳоят пайдо шуд кори дилхоҳ. Ӯро ба идораи хоҷагии ҷангал ба кор даъват карданд.
* * *
Ногаҳон парда барандохтаӣ, яъне чӣ?
Маст аз хона бурун тохтаӣ, яъне чӣ?
Зулф дар дасти сабо, гӯш ба пайғоми рақиб,
Инчунин бо ҳама дарсохтаӣ, яъне чӣ?

ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…» АЗ 17 ЯНВАРИ СОЛИ 2020
Саъдӣ Шерозӣ
Фотеҳ Ниёзӣ  

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


МАМЛАКАТҲОИ ДОРОИ ЗАХИРАҲОИ АЗ ҲАМА ЗИЁДИ ТИЛЛО
(Аз рӯи маълумоти Шӯрои ҷаҳонии тилло ба ҳолати августи 2019)

1. ИМА – 8134,
2. Германия – 3367,
3. Италия – 2452,
4. Франсия – 2436,
5. Россия – 2219,
6. Чин – 1927,
7. Швейтсария – 1040,
8. Япония – 765,
9. Ҳиндустон – 618,
10. Нидерландия – 613,
11. Тайван – 424,
12. Португалия – 383,
13. Қазоқистон – 375
14. Ӯзбекистон – 352,
15. Арабистони Саудӣ – 323,
16. Туркия – 314,
17. Британияи Кабир – 310,
18. Лубнон – 287,
19. Испания – 282,
20. Австрия – 280 тонна.
Таҳияи Умар АЛӢ


АМСТЕРДАМ.  ШАҲРЕ БО СОАТИ ҒАЙРИОДӢ
Мусофирони хешро фурудгоҳи Амстердам на танҳо бо тарҳи зебо ва хизматрасонии олӣ, балки бо соати ғайриодиаш низ  мафтун кардааст. Чунин ба назар мерасад, ки гӯиё дар дохили соати он  касе мудом ҳаракат дорад. «Марди дохили соат» ақрабакҳои онро дар лаҳзаи зарурӣ тоза карда, боз барои ба ҷойи дигар кӯчондан, тасвири онро дар дигар мавқеъ мекашад.
Дар аввал дили кас ба ин марди заҳматкаш, ки беист кор карда, дар дохили механизм руст шудааст, месӯзад. Вале, пасон, маълум мешавад, ки ин маҳсули тахайюли дизайнер Маартен Баас буда, дар шакли видеоролик сабт шудааст, ки ба дараҷаи боварнокарданӣ воқеӣ менамояд.
Сабти ролик ба гардиши воқеии соат мутобиқ шудааст. Бинобар ин, ба он на танҳо ҳамчун объекти саргармӣ менигаранд, балки мусофирон аз рӯи амали он вақти парвозашонро низ муайян мекунанд.
Таҳияи М. ТАБАРӢ


ОДАМОНЕ, КИ БО ИНСОНДӮСТИ МАШҲУРАНД
Бисёри мо ҳунарпеша, овозхон ё варзишгарони дӯстдоштае дорем, ки фаъолияти касбии онҳоро қадр мекунем. Донистани он, ки ин шахсиятҳои машҳур дар зиндагӣ чи корҳои нек кардаанд, ба мо хуш меояд.
Криштиану РОНАЛДУ

Соли 2014 ба унвони футболбоз номае расид. Дар он волидони кӯдаки бемор аз ӯ хоҳиш карда буданд, ки кроссовка ва футболкаеро бо дастхаташ равон кунад, то аз фурӯши онҳо пули ҷарроҳии кӯдаки маризашонро пардохт намоянд. Криштиано на танҳо дархости онҳоро иҷро кард, балки барои ин хонавода ба маблағи 83 ҳазор евро чек ҳам навишт.
Таҳияи Наргис АТОЕВА


ҶЕЙН ГУДОЛЛ
ШАХСЕ, КИ 30 – СОЛИ УМРАШРО ДАР БЕШАЗОРИ ТАНЗАНИЯ ГУЗАРОНДААСТ
Ҷейн Гудолл, пажӯҳишгари англис, барои муайян кардани одат, хислат, миҷоз ва рафтори ҳайвонот 30 соли умрашро дар биёбони Гомбе – Стрими бешазори Танзания гузаронд. Ӯ дар ин муддат одатҳои ғайриодии ҳайвоноти гуногун, аз ҷумла маймунҳоро омӯхт.
Солҳои аввали омӯзиш Ҷейн ҳамагӣ 18 сол дошт ва ӯро дар ин кор касе ҳамроҳӣ намекард. Баъдан, ҳангоми сафар ба Африқо модараш бо ӯ ҳамроҳ шуд.
Ҳоло бошад, фактҳои ҷамънамудаи Ҷейн Гудоллро олимони дунё дастрас карда, дар корҳои илмиашон истифода мебаранд. Айни замон, Ҷейн  сафири байналмилалии СММ буда, мутахассиси варзидаи соҳаҳои приматология, этология ва антропология эътироф гардидааст.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Арасту
Аз Арасту пурсиданд:
- Чаро ҳасудон доим андуҳгин менамоянд?
Ӯ гуфт:
- Барои он ки, ин қабил одамон на танҳо аз ноомадиҳои худ, балки аз омад кардани кори дигарон ҳам ғам мехӯранд.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


ПУЛҲОИ АФСОНАВӢ
18. Пул дар кӯҳи Пиндос, Юнон
Инак, боз як пули афсонавии рӯҳро ҳаловатбахшандаи сангин, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Ин пул дар канори деҳаи Коннитса, дар дараи Аоос воқеъ аст ва то ҳол чун гузаргоҳи чӯпонҳои маҳаллӣ хизмат мекунад. Пул дар миёни кӯҳҳои баланд зебо, бовиқор, воқеан ҳам, афсонавӣ менамояд.
Лола РИЗОӢ, тарҷума аз русӣ


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Карузо
Пас аз марги сарояндаи машҳури опера Карузо, роҳбари театр бо мақсади дарёфти истеъдоди нав чанд нафарро барои имтиҳон даъват кард. Вақте яке аз ҷавонҳоро гӯш мекард, беихтиёр фарёд зад:
- Оҳ, синйор, шумо сад дар сад метавонистед дар ҷои худораҳматӣ бошед!
- Наход,- якбора ранг гардонда пурсид ҷавон.
- Бале, агар шумо ба ҷои ӯ мемурдед, Энрикои мо зинда мемонд!
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
СУД МАЙИТРО ЗИНДОНӢ КАРД
Дар Турин суд мафиози 29 - сола Томаз Черудоро ба муҳлати 24 сол равонаи зиндон намуд, барои он ки вай рақиби худро куштааст. Вале Томаз наметавонист ин муҳлатро дар ҳабс сипарӣ созад: ӯ аллакай мурда буд. 6 моҳ пеш аз содир гаштани ҳукми суд вай аз дасти бародарони мақтул ба шаҳодат расид. Аз суд талаб намуданд, ки ҳукмро лағв намояд, зеро намешавад, ки мурдаро равонаи зиндон намоянд. Ба ин хоҳиши хешони Томаз судя чунин посух дод: «Суд уҳдадор нест, ки муқаррар созад: гунаҳгор зинда аст ё мурда. Ҳукм баромад, онро бояд иҷро кард».
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


ОДАТҲОИ АҶИБИ БУЗУРГОН
ОНОРЕ ДЕ БАЛЗАК
кофемани гузаро
Балзак ҳаёташро бе қаҳва тасаввур намекард. Агар сухан дар бораи як финҷон қаҳваи хушбӯи субҳона равад, ҳеҷ гап не, вале  нависанда  дар як рӯз 50 бор бе қанд ва бе шир қаҳва менӯшид. Дар рафти навиштани асари «Мазҳакаи одамон» 15 ҳазор  бор  қаҳваи талх нӯшидааст.
Адиб моилшавиашро ба қаҳванӯшӣ чунин шоирона шарҳ додааст: «Бо нӯшидани қаҳва «гулхане» тамоми баданро фаро гирифта, то ба майнаи сар  мерасад. Дар ҳамин асно ғояҳо ба ҳаракат  омада, мисли аскарону афсарони шуҷоъ ба  ҷанги  бузург омода мешаванд». Ҳамин тавр,  бо   иштиёқи зиёди   қаҳванӯшӣ то 48 соат бетанаффус кор мекард.
Ғайр аз ин, нависанда донаҳои қаҳваро мехоид. Ба саломатии нависандаи  фаронсавӣ маҳз қаҳваи талх зиёни ҷиддӣ  расонд.  Таҳлилгарон  бар ин назаранд, ки  яке  аз  фарзияҳои вафоти   вай  дар  синни 51 - солагӣ    нӯшидани  қаҳваи заҳрнок  ва тоб наовардани дилаш дар муқобили он буд.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА


РОҲҲОИ ГАРОНТАРИНИ ҶАҲОН
Айни замон, шоҳроҳҳо қисми ҷудонашавандаи шабакаҳои ҷаҳонии нақлиётӣ мебошанд. Аз ин рӯ, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онҳо маблағи зиёд талаб мекунад. Ин аст, ки дар аксар кишварҳо роҳҳои асосиро пулакӣ мекунанд, ки дар ҳолати хуб нигоҳ доштанашон имконнопазир бошад. Мо ба шумо дар саҳифаи «Шоми шанбе» дар бораи роҳҳои гароннарх дар ҷаҳон маълумот медиҳем.
Москва
Роҳи аз ҳама гароннарх дар Россия ва ҷаҳон ин чаҳорум ҳалқаи нақлиётӣ дар Москва мебошад. Барои сохтани ҳар километри он 578 миллион доллар сарф шудааст. Чунин арзиши баланди он ба душвориҳои лоиҳакашӣ вобаста буд.

Адлер
Шоҳроҳи Адлер - Красная поляна (Марғзори сурх), ки ба муносибати Бозиҳои олимпӣ – 2014 дар Сочи сохта шуд, аз рӯи сарфи маблағ дар ҷаҳон дар зинаи дуюм меистад: барои бунёди 1 километр роҳ 140 миллион доллар харҷ гаштааст. 48 километри роҳ тавре сохта шудааст, ки бо зебоӣ ва бехатариаш ҳамто надорад.  Бо чипперҳо ва гузаргоҳҳо муҷаҳҳаз буда, арзиши умумии он беш аз 7 миллиард доллар аст.
Таҳияи Лола РИЗОӢ


ШУҲРАТИ ЧАНДЛАҲЗАИНА
Ҷефф Безос, асосгузори интернет - мағозаи «Amazon»  муддати 6 соат дар сархати сарватмандтарин ашхоси ҷаҳон қарор гирифт. Зеро дороии  Безос бо сабаби боло рафтани арзиши саҳмияҳои ширкат 10 миллиард доллар зиёд шуд ва ин боис гардид, ки ӯ аз асосгузори «Microsoft» Билл Гейтс пеш гузарад. Аммо, баъди 6 соати анҷом ёфтани савдо, қимати саҳмияҳои он якбора 3 дарсад поин фаромад ва Билл Гейтс аз нав мақоми худро баргардонд.
Даромади семоҳаи ширкат таҳлилгаронро ба ҳайрат овард. Агентии «Bloomberg» дороии ин тоҷири сарватмандро 93,8 миллиард, маҷаллаи «Forbes» бошад, 93,1 миллиард доллар арзёбӣ намуданд. Нахустин сомонаи ӯ моҳи июли соли 1995 фаъол шуд. Муддати як моҳи аввал бе таблиғ ва бе дастгирӣ фаъолият намуд. Дар ҳоле ки аксари чунин ширкатҳо бар асари буҳрони молиявӣ аз фаъолият бозмонда буданд. Даромади якҳафтаинаи Безос 20 ҳазор долларро ташкил дода, дархостҳо аз  ИМА ва  зиёда аз 40 кишвари  олам фиристода мешуд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


12 ТЕЗСУРЪАТТАРИН НАҚЛИЁТ ДАР ҶАҲОН
11. Киштии кайҳонии идорашавандаи – Аполлон - 10 (39895 км/соат)
Аполлон - 10 чорумин киштии идорашаванда дар лоиҳаи кайҳонии ИМА Аpolo мебошад. Он бояд парвози озмоиширо пеш аз сар додани Аполлон - 11 ба кайҳон анҷом медод ва қоидаи нишасти онро дар Моҳ  муайян менамуд.      
26 майи соли 1969 замони баргашт аз Моҳ суръати Аполлон - 10 ба 39895  км/соат баробар шуд ва онро соли 2010 ба китоби рекордҳои Гиннес дохил карданд.
Таҳияи  Сайфулло АШУРОВ


ОДАМОНИ МАЪРУФЕ, КИ ИСТЕЪДОДИ ОНҲО ПАС АЗ ФАВТАШОН ЭЪТИРОФ ГАРДИДААСТ
Бисёр одамони маъруфе ҳастанд, ки дар ҷомеа дар доираи кори хеш фаъолияту зиндагӣ доранд. Сарфи назар аз он, ки оё онҳо барои маъруфу машҳур шудан кӯшиш ба харҷ додаанд ё на, ягон нафаре аз эшон наметавонад бидонад то кадом ҳад пас аз фавташ машҳур хоҳад шуд. Инак, чанд нафареро, ки ҳатто пас аз маргаш таъсири бузурге ба ҷомеа, ҳамчунин, фарҳанг, гузоштааст, манзур мегардонем.

Эдгар Аллан По
Адиби барҷастаи амрикоӣ мунтазам ба эҷод ва интишори шеъру ҳикояҳои кӯтоҳ машғул буда, аз ин ҳаргиз маблағе ба даст намеовард. Эдгар тамоми умрашро дар фақр ва бечорагӣ гузарондааст. Ҳатто, касе ӯро чун эҷодкор эътироф намекард. Танҳо пас аз маргаш адабиёти Амрико дарк кард, ки Эдгар Аллан По бо эҷодиёти нодири  хеш ҳамчун як адиби навовар дар арсаи адабиёт мавқеи хос дошта, асарҳояш ҷавобгӯи сатҳи ҷаҳонианд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ТАСМИМИ ИЗДИВОҶ
Аз Мулло Насриддин мепурсанд, ки ҳеҷ вақт ба фикри издивоҷ афтода будӣ.
- Оре,- мегӯяд дар посух ва идома медиҳад:- Он вақт ҷавон будам. Тасмим гирифтам, ки зане ҷисман ва ақлан солим пайдо кунам. Ба ин хотир биёбонҳоро тай намудаму ба Димишқ расидам. Бо зани зебое ошно шудам, аммо аз дунё бехабар буд. Баъд ба Исфаҳон рафтам. Бо зане вохӯрдам, ки маълумоти зиёде дар бораи осмон ва ҷирмҳои осмонӣ дошт, аммо зебо набуд. Дар ин ҳоли ноумедӣ шунидам, ки дар Қоҳира зане зебо ва таҳсилкарда аст. Ба суроғаш рафтам, то бо ӯ издивоҷ намоям.
- Пас чаро издивоҷ накардӣ?
- Мекардам, аммо, мутаассифона, ӯ ҳам ба дунболи марди комил мегашт.
Таҳияи Зебунисо ҲАМИДЗОДА, донишҷӯи ДДЗТ ба номи С. Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.2020    №: 18    Мутолиа карданд: 822
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед