logo

мулоқотҳо

Аксел Шиммелпфенниг: «Мо сохтмони нерӯгоҳи Роғунро дастгирӣ менамоем»

12 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор доир ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфеннигро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд.

Таваҷҷӯҳи асосӣ ба натиҷаҳои татбиқи барномаи ҳамкории Тоҷикистону Хазинаи байналмилалии асъор дар соли 2009 ва дурнамои иҷрои он дар соли равон зоҳир гардид.
Ба иттилои Аксел Шиммелпфенниг, мутобиқи барнома Хазинаи байналмилалии асъор ба Тоҷикистон илова бар 40 миллион доллари амрикоӣ, ки соли 2009 ҷудо шуда буд, боз 40 миллион доллари дигар барои дастгирии тадбирҳои зиддибӯҳронӣ бояд ҷудо намояд.
Гуфтугӯйи судманд оид ба нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, муносибот бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии мададрасон  ва татбиқи барномаҳои энергетикии Тоҷикистон сурат гирифт.
Аксел Шиммелпфенниг ба самарабахшии тадбирҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор намуд, ки ба ҳадди 3,4% таъмин намудани афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2009 нишондоди хуб аст, зеро бисёр кишварҳои ҷаҳон соли гузаштаро бо нишондодҳои пастравии зиёд, ҳатто то 10-15% ҷамъбаст намуданд.
Роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистонро умедбахш арзёбӣ намуд. Ба гуфти ӯ, Тоҷикистон дар соли 2010 метавонад афзоиши ҳаҷми истеҳсолотро то ба 5% расонад ва ин дар ҳолест, ки болоравии иқтисоди ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 3,9% пешбинӣ шудааст.
Аксел Шиммелпфенниг ҳуқуқи Тоҷикистонро доир ба сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ эътироф намуда, аз ҷумла  изҳор дошт: «Ба андешаи мо Тоҷикистон, албатта, бояд норасоии нерӯи барқро тавассути бунёди иқтидорҳои иловагии истеҳсолӣ бартараф созад» ва дар робита ба бунёди нерӯгоҳи Роғун таъкид намуд: «Мо сохтмони нерӯгоҳи Роғунро дастгирӣ менамоем, танҳо механизми маблағгузории он, аз ҷумла сарфи маблағҳои аз фурӯши саҳмияҳо ҷамъшуда, бояд шаффоф бошад ва ҳамчунин нишондиҳандаҳои рушди макроиқтисодии кишвар ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ба эътибор гирифта шаванд».
Ҳар ду ҷониб омодагии устувори худро баҳри таҳким ва густариши ҳамкориҳои судбахш таъкид намуданд.

www.president.tj
* * *
-Хазинаи байналмилалии асъор ҷиҳати дастгирии Барномаи иқтисодии Тоҷикистон  дар соли равон 40 миллион доллар ҷудо менамояд, -гуфт Аксел Шиммелпфенниг, роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор доир ба Тоҷикистон, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба намояндагони воситаҳои ахбори омма.
-Мо бо  намояндагони Ҳукумат ва Бонки миллӣ натиҷаҳои татбиқи Барномаи  иқтисодии Тоҷикистонро дар соли 2009 ва дурнамои онро   барои соли 2010 баррасӣ намудем.  Дар ин  хусус   ба роҳбарият ва Шӯрои иҷроияи Хазинаи байналмилалии  асъор гузориши муфассал пешниҳод хоҳем кард.
Ба гуфти роҳбари Хазинаи байналмилалии асъор  соли 2009 барои Тоҷикистон соли хеле душвор буд. Дар ин давра интиқоли маблағҳо аз ҷониби муҳоҷирони корӣ 31 дар сад коҳиш ёфта, содироти молу маҳсулот ба андозаи 5,5 фоиз поин рафт.- Бо вуҷуди ин, -гуфт Аксел Шиммелпфенниг, - иқтисодиёти кишвар рӯ ба рушд ниҳода,  ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 3,4 фоиз афзоиш ёфт, дар ҳоле ки бисёр кишварҳо соли рафтаро бо пастравии истеҳсолот (10-15 фоиз) ҷамъбаст намуданд. Ин муваффақият дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани сиёсати иқтисодӣ ва татбиқи саривақтиву самарабахши Барномаи зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омад. Мувофиқи хулосаҳои Хазинаи байналмилалии асъор дар соли 2010 афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар Тоҷикистон 5 фоиз пешбинӣ шудааст, ки ба ин зиёд шудани интиқоли маблағҳо аз тарафи муҳоҷирони корӣ, ҳамчунин боло рафтани нархи алюминий ва пахта дар бозори содиротӣ мусоидат хоҳад кард. Гузашта аз ин, тибқи пешгӯии коршиносон   ҳаҷми маҳсулоти содиротии Тоҷикистон дар соли равон 7 дар сад афзоиш хоҳад ёфт.
Аксел Шиммелпфенниг иброз дошт, ки Тоҷикистон имкониятҳои фаровони ғанӣ гардонидани буҷети давлатиро дорад. Ба ин мақсад дар кишвар бояд дар баробари алюминий ва пахта ба парвариш ва  истеҳсоли маҳсулоти  кишоварзӣ,  махсусан меваю сабзавоти аълосифати содиротӣ, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардад. Дар ин робита роҳбарияти ХБА ва шӯрои иҷроияи он ҷиҳати дастгирии Барномаи зиддибӯҳронии Ҳукумат ва рушди устувори иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Додоҷон Рӯзиев, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1985
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед