logo

фарҳанг

САДА - РАМЗИ ҲАМБАСТАГӢ

Яке аз маросимҳои суннатии мардуми форсизабон ҷашни Сада мебошад, ки дар оғози  шомгоҳи даҳуми баҳман (30 январ) баргузор мегардад ва онро Обонрӯз меноманд. Ҷашни Сада ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардум буда, онро дар кишварҳои форсизабон, Аврупо (Суис), Амрико (Калифорния) ва Австралия бо оташи бузург ва  сурудхониву пойкӯбӣ ҷашн мегиранд. 
Сада дар забони авестоӣ ба маънои баромадан ва тулӯъ кардан  будааст. Аввалин рӯзи зимистонро пас аз шаби Ялдо таваллуди дигари Хуршед ё Меҳр медонем. Солҳои охир бо ташаббуси Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон низ Сада ҳамчун маросими суннатӣ ҷашн гирифта мешавад.
Донишманди тоҷик Абурайҳони Берунӣ навиштааст: "Сада гӯянд, яъне сад ва он ёдгори Ардашери Бобакон аст ва дар иллат ва сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишуморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд. Ва бархе гӯянд, иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс – падари нахустин – сад тан шуданд ва яке аз худро бар ҳама подшоҳ гардонданд… ва низ омада: «шумори фарзандони Одам Абулбашар дар ин рӯз ба сад расид». Назари дигар ин аст, ки Сада маъруф ба садумин рӯзи зимистон аст, яъне аз ибтидои зимистон (аввали обонмоҳ) то даҳи баҳман. Сад рӯз ва аз даҳи баҳман, ки ҷашни Сада аст, сад рӯз ва аввали баҳор 50 рӯз ва 50 шаб будааст. Ва ба ин сабаб аз имрӯз ба баъд инсон ба оташ даст пайдо кардааст, шаб ҳам монанди рӯз равшану гарм аст ин шабҳо ҳам шумурда мешаванд.  
Аз устураҳои ҷашни Сада танҳо яке ба пайдоиши оташ ишора дорад. Фирдавсӣ навиштааст, ки Ҳушанг подшоҳи Пешдодист, ки шеваи кишту кор, кандани коррез, яъне обанбору ҷӯйҳо, шинондани дарахтонро ба ӯ нисбат медиҳанд.  Дар китобҳои «Ат-тафҳим» ва «Осор-ул-боқия» - и Абурайҳони Берунӣ афрӯхтани оташро бар бомҳо медонад, ки бо дастури Фаридун анҷом мегирад.
Падид омадани оташ ва бунёд ниҳодани ҷашни Сада дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ин зайл омадааст, ки Ҳушанг бо чанд тан аз наздиконаш аз кӯҳ мегузашт, ки мори сиёҳе намудор шуд. Ҳушанг санги бузургеро бардоша ба сӯи мор раҳо кард. Санг ба кӯҳ бархӯрд ва оташ аз бархӯрди сангҳо бархост ва фурӯғе падид омад:

Бар омад ба санги гарон санги хурд,
Ҳам ону ҳам ин санг гардид хурд.
Фурӯғе падид омад аз ҳарду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.
Ҷаҳондор пеши Ҷаҳонофарин,
Ниёиш ҳамекарду хонд офарин.
К-и ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,
Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод.
Яке ҷашн кард он шаб, бода хӯрд,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Ҷашни Садаро бисёре аз бостоншиносон бо достони кашфи оташ тавассути Ҳушанг, ки яке аз подшоҳони афсонавии Эрони бостонӣ будааст марбут медонанд, ки мисраъҳои боло далели ин фикр аст.   
Ҷашни Садаро дар байни мардуми форсизабон бо роҳҳои гуногун пешвоз мегиранд. Намунае аз ин ҷашн чунин аст. Дар даҳумин рӯз, ё Обонрӯз аз баҳманмоҳ ба оташ гирён кардани ҳезуме, ки  мардум аз пагоҳӣ аз боми хонаи худ, ё аз баландии кӯҳистон ҷамъ оварданд, ин маросим оғоз мешавад. Маросими ҷашнӣ  ҳамеша ба шакли дастҷамъӣ ва бо ҷамъ шудани  мардуми шаҳр, маҳалла ва ё деҳот дар як ҷо ба оташгиронии бузурге баргузор мегардад. Мардум дар ҷамъ овардани ҳезум ба якдигар кумак мекунанд ва ба ҳамин тартиб Ҷашни Сада барпо мегардад. Ҳамин тариқ, дар Ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он ва давр задан дар атрофи оташ анъана будааст.
Ба ҳамин минвол, аз шаби таваллуди Хуршед, пас аз чил рӯз ба хотири гарму сӯзон шудани Офтоб, ниёкони мо ҷашни Садаро гиромӣ медонистанд. Чилрӯзагии Хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман чун Сада ҷашн мегирифтанд ва пас аз 50 рӯз, яъне 21 март замони ба балоғат расидани онро ба таври васеъ ид мекарданд, ки он Наврӯз аст.
Мардуми деҳоту шаҳристонҳо, пеш аз ҳама деҳқонон, дар ин айём аз рӯи расму анъана ба кандани каналу ҷӯйборҳо, тоза кардани кӯчаҳо, кишт кардани замин ва пошидани пору ба заминҳо, тайёр намудани тухмии кишт, нигоҳубини махсуси чорво ва ҳайвоноти хонагӣ барои аз фасли зимистон солим баровардани онҳо чорабиниҳои махсус меандешиданд.
Бинобар ин, Сада ва ҷашнгирии он монанди дигар ҷашнҳои фарҳангиву суннатӣ дар дидгоҳи ниёкони мо, қисме аз маросим ва дигаргуниҳои воқеии зиндагонии инсонӣ ва табиату кайҳон мебошад. Ҷашни Сада ин ягона иди милливу суннатӣ дар бахши тозакунии ҷӯю ҷӯйборҳо, кишоварзӣ ва омода сохтани заминҳои корам барои кишту кор дар байни ҷашнҳои дигар дар давоми сол аст. Чунки ин ҷашнҳои миллӣ аз ибтидои пайдоишашон фаъолияти иҷтимоӣ-меҳнатии ниёконамонро ифода мекарданд. Дар баробари ин, пайваста бо ҷашнҳои суннативу миллӣ дар ҳаёти мардуми мо назму низоми ахлоқӣ  ва худшиносиву ҳувияти миллӣ баръало ҳувайдо мегардад. Ин ҷашнҳо мардумро ба тозагиву озодагӣ, ростиву ростгӯӣ, некандешӣ, хайрхоҳӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ, адлу адолат, фарҳангдӯстӣ, муҳаббату рафоқат даъват намуда, фазилату нурро дар муқобили разолату зулмот мегузоштанд. Аз тарафи дигар бо шарофату баракати ин ҷашну маросимҳо инсон метавонад дар муқобили ҳирсу ҷӯши нафсонии Аҳримании хеш ғалаба кунад.    

Тоҷинисо МУРОДОВА,
ходими пешбари ИФСҲ ба номи
А. Баҳоваддинов, номзади илмҳои фалсафа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.01.2020    №: 19    Мутолиа карданд: 713
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед