logo

сиёсат

ХОТИРИ ДОНО ЗИ ТӮФОНИ ҲАВОДИС ФОРИҒ АСТ

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ воқеан таассуроти амиқеро ба сокинони кишвар гузошт. Яке аз нуктаҳои муҳими Паём дастури Сарвари давлат ҷиҳати идомаи таблиғу тарғиби китобхонию маърифатнокӣ дар байни аҳли ҷомеа мебошад, ки арзиши маънавие барои ояндаю имрӯзи миллат дорад. Ҳар як фарди бедордил барои ғанӣ гардондани забони модарӣ, ки онро Пешвои миллат забони шево ва шоирона ном мебарад, «ҷаҳду талош варзад ва ҳамзамон ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва барои баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд».
Сарвари давлат дастур доданд, ки на як солу ду сол, балки ҳар сол озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...»  баргузор гардида, ба он доираи ҳар чӣ васеътари ҷомеа ҷалб карда шавад. Тибқи ин дастур китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд. Зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад.
Як нуктаи муҳим, ки ба он таваҷҷуҳ кардан бамаврид аст, ин баробари насли ҷавон калонсолонро ба китобхонӣ даъват намудани Президенти мамлакат аст, ки ин даъватро бояд ҷиддан қабул намуда, дар байни насли калонсолон китобхониро бештар тарғиб намоем.
«Китоб хонед, бемор намешавед», - дар ин  таъкиди Пешвои миллат як ҷаҳон маънӣ нуҳуфтааст. Мо имрӯзҳо, мутаассифона, бемориҳои асаб, фишорбаландӣ, изтироб ва хасташавии майнаро дар мардуми сайёра зиёд мушоҳида мекунем, ки ба даст дорухату бозори дорухонаҳоро гарм медоранд. Дарвоқеъ, осори бузургони сухан абадӣ ҳастанд, ки аз он шоҳасарҳо дурри маънӣ суфта, шахс метавонад, ҳаёти худро беҳтар намояд, рӯҳбаланд ва ба зиндагӣ дилгарм шавад.
Иқдоми Пешвои миллат - тақдими китоби «Тоҷикон» ба ҳар хонаводаи тоҷикистонӣ туҳфаи гаронарзиши ӯст ба хотири эҳёи худшиносию маърифатнокии миллати куҳанбунёду хирадофари тоҷик. Ҳамагон бо дарки масъулият ва сипос аз иқдому азмҳои дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешгирии ҳар гуна зуҳуроти тахрибкор, ки аз ҷаҳолат маншаъ мегиранд, машъали маърифатпарваронаи ӯро бояд чун қарзи шаҳрвандии хеш ҳамеша фурӯзон нигоҳ дорем.
Ҷамшеди ФОЗИЛ, узви ИЖТ, ноҳияи Тоҷикобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.01.2020    №: 19    Мутолиа карданд: 927
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед