logo

фарҳанг

ШОҲМУЗАФФАР ЁДГОРӢ. ИНСОНЕ, КИ ҲАРГИЗ НАМЕРАНҶИД...

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ёдбуди нависандаи маъруф, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Шоҳмузаффар Ёдгорӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, шоирону нависандагони халқӣ Саидалӣ Маъмур, Абдулҳамид Самад, Ҳақназар Ғоиб, Камол Насрулло, адибону олимони дигари саршинос, пайвандон ва шогирдону ихлосмандони адиб иштирок ва суханронӣ карданд.
- Шоҳмузаффар Ёдгорӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳои адабиву публитсистӣ хизмати арзанда кард. Шурӯъ аз фаъолияташ дар ҷаридаи «Нури ленинӣ» то рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва моҳномаи «Садои Шарқ» содиқона хидмат карда, ҳамеша аз манфиатҳои миллӣ дифоъ мекард. Дар шеър ҳам муваффақ буд. Устодони вақти адабиёт Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат ба ояндаи дурахшони Ёдгорӣ эътимод доштанд, - изҳор дошт Низом Қосим.
Зикр гашт, ки «Ҷумҳурият» воқеан ҳам мактабӣ адабӣ аст. Агар ба таърихи матбуот назар афканем, бештари равшанфикрон дар муҳити ҳамин ҷарида камол ёфтанд ва бо таҷрибаи рӯзноманигории хеш ба майдони назму наср ва таъриху фарҳанг роҳ ёфтанд. Шоҳмузаффар низ парвардаи ҳамин боргоҳ аст. Аслан, ӯ дар ҳар муҳите, ки сари кор меомад, дар он ҷо фазои адабиву фарҳангиро ба вуҷуд меовард. Бавижа, дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҳини роҳбарӣ қаламкашони беҳтарин ва ватандӯстро ҷамъ овард. Онҳо ҳама барои дифои забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ омода буданд. Ҳатто, барои истифодаи вожаҳои бегона дар матолиби рӯзнома «ҷарима» таъйин карда буд. Дар охирҳои умраш ду роман навишт: «Васваса» ва «Талош». Аз рафти сужети асарҳо пайдост, ки бештари воқеаҳои он баргирифта аз муҳити эҷодии «Ҷумҳурият» - анд. Ҳатто, баъзе ҳамкасбонашро бо исми аслӣ дар асар ҷо кардааст. Ин мушоҳидакорӣ ва ба зиндагӣ наздик будани осори ӯро нишон медиҳад.
Абдулҳамид Самад ба хӯву хислатҳои наҷиби инсонии Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ишора карда гуфт: «Шоҳ ҳаргиз намеранҷид ва намеранҷонд. Вақте ӯро, осори назмиву насрии ӯро танқид ҳам мекарданд, бо табассуми маънодор посух мегуфт, аммо лаб ба шиква намекушод. Дар хонаводааш ҳам, ки мо робитаи қавӣ дорем, медидем, ки ба фарзандону пайвандон ҳарфи сахт намегуфт. Аммо ботинан дил мефишурд, аз нуқсу норасоиҳои атрофиён ва дар маҷмӯъ ҷомеа дилгир мешуд, роҳҳои ҳалли онро меҷуст ва тавассути шеърҳои намакин, мақолаҳои обдор вокуниш ва назари худро баён мекард».
Ҳақназар Ғоиб дар мавриди драмаҳои манзуми Шоҳмузаффар Ёдгорӣ изҳори назар кард: «Ростӣ, Шоҳи мо дар муҳити вилояти Хатлон роҳро ба иншои асарҳои саҳнавӣ боз кард. Дар ин росто, месазад, ки ӯро соҳибмактаб унвон диҳем. Баъди ӯ Сафармуҳаммад Аюбӣ, Файзи Ашӯр ва дигарон ба навиштани драмаҳои манзум пардохтанд. Ӯ устоди маънавии аксари адибону рӯзноманигорони вилояти Хатлон маҳсуб меёбад».
- Дар меҳвари асарҳои Шоҳмузаффар Ёдгорӣ эҳтироми инсон чарх мезанад. Махсусан, дар осори насрии мавсуф одамият дар ҷои аввал меистад. Бештари воқеаҳои асарҳои «Васваса» ва «Талош» аз рӯзгори сахту сангини солҳои ҷанги шаҳрвандӣ нақл мекунанд. Адиб муътақид бар он андеша аст, ки дар вазнинтарину ҳассостарин лаҳазот низ бояд инсонгарӣ аз ёд наравад. Молу ҷоҳпарастӣ ва дигар падидаҳои манфӣ набояд ҷойгузини арзишҳои отифӣ, ба мисли меҳру муҳаббат ва сидқу сафо бошанд, - афзуд Абдулҳамид Самад.
Дар маҳфил Раҷаб Мардон ва Нозирҷон Ёдгорӣ аз зарофатҳои адиб суҳбат карданд, суруди сарояндагони шодравон Одина Ҳошим ва Кароматуллои Қурбон шунида шуд, ки бар асоси матни шеърҳои Шоҳмузаффар Ёдгорӣ офарида шудаанд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.01.2020    №: 19    Мутолиа карданд: 958
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед