мулоқотҳо
Гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов
11 феврали соли 2010 миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов гуфтугӯи телефонӣ баргузор шуд.
Сарварони ду кишвари дӯст дар бораи ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои самарабахши дуҷониба изҳори ақида намуданд.
Президентҳои ду кишвар дар фазои конструктивии дӯстона ва озоде, ки хоси муносиботи тарафайн миёни ҳар ду давлат мебошад, роҳҳои фаъол сохтан ва таъмиқи минбаъдаи ҳамкориҳоро миёни Тоҷикистон ва Туркманистон муҳокима намуданд. Ҳамзамон қарор карданд, ки ба ҳукуматҳои хеш дар бораи таҳия ва татбиқи маҷмӯи чорабиниҳо оиди тавсеаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун супориш дода шавад.
Эмомалӣ Раҳмон аз Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов даъват кард, ки бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф биёрад. Даъват ба хушӣ пазируфта шуд. Мувофиқа ҳосил шуд, ки сафар рӯзҳои 18-19 марти соли 2010 баргузор гардад.
Дар хотимаи сӯҳбат Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов аз Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш кард, ки паёми гарм ва орзуҳои неки ӯро ба халқи бародари тоҷик бирасонад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1917