logo

сиёсат

ЭЪТИРОФИ РАҲМОН ОЗОДА ЭМОМАЛӢ ТАҲКИМИ ИМИҶИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН АСТ

Вазъи сиёсиву мураккаб ва бархӯрди тамаддунҳо дар арсаи ҷаҳон ҷомеаи башарро водор намудааст, ки нисбат ба ҳастии инсоният дар рӯи Замин чораҳои махсус андешад. Ин аст, ки имрӯзҳо дар миқёси олам ниҳодҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқи инсон фаъолият намуда, дар таъмини механизмҳои ҳуқуқи инсон нақши муҳим мебозанд.

Бо мақсади таъмини давраи навтарини рушди устувор дар ҳаёти инсоният дар тамоми кураи Замин ташкилотҳои байналмилалӣ муҳимтарин арзишҳои ҳуқуқиро рӯи кор оварда, ба тақдири минбаъдаи инсоният таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Шумораи ин гуна ташкилотҳои бонуфуз дар ҷаҳон зиёд буда, яке аз чунин созмонҳои муътабар Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» мебошад. Ин ташкилоти мустақил дар кишварҳои Исландия ва Белгия амал намуда, ҳамчун шабакаи иртиботот форуми ҷаҳонии занони сиёсатмадори роҳбарро, ки дар ҷабҳаҳои гуногуни сиёсат фаъолият доранд, муттаҳид месозад.
Мақсад аз муттаҳид намудани занони сиёсатмадори роҳбар ин ҳалли мушкилоти байналмилалӣ, беҳтар намудани манфиатҳои ҷомеаи башар бо истифода аз неруи дастаҷамъӣ ва қобилияти занон дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Дар ҳақиқат, беҳсозии имкониятҳои иртибот ва мубодила барои занони сиёсатмадори роҳбар дар ҳама сатҳ ҷомеаи навро ба вуҷуд оварда, тавассути даъват ҷиҳати эҷоди дигаргуниҳои мусбӣ дар ҳаёти занон таъсир мерасонад.
Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун қисми ҷомеаи ҷаҳонӣ узви якчанд созмон ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ буда, тасмим ва ташаббусҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар самти ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, аз ҷумла занон, таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як фард бо назардошти манфиатҳои миллӣ дастгирӣ ва ҷонибдорӣ менамояд. Кишвари мо ҳанӯз аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ (соли 1993) ба Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои таъбиз нисбат ба занон аъзо гардида, тавсия ва меъёрҳои онро дар амал иҷро намудааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон вазъ дар самти фаъолгардонии занон муътадил буда, бо қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳияи стратегияҳо ва татбиқи барномаҳои давлатӣ, вусъат бахшидани таъмини иштироки васеи бонувон дар корҳои сиёсиву давлатӣ пайваста идома дорад. Маҳз натиҷаи амалишавӣ ва самараи сиёсати роҳбарияти олии мамлакат дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мебошад, ки дар сатҳи байналмилалӣ натиҷаи матлуб ба бор оварда истодааст.
Расман аз ҷониби Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» тасдиқ гардидани Раҳмон Озода Эмомалӣ ҳамчун сафири созмони болозикр дар Тоҷикистон далели ин гуфтаҳост. Бо ба назар гирифтани хизматҳои назарраси Раҳмон Озода Эмомалӣ ба ҳайси раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони байналмилалии  «Занони сиёсатмадори роҳбар» ин мақомро қобили қабул донист.
Чунин мақоми сатҳи байналмилалӣ аввалин бор дар Тоҷикистон ба зиммаи Раҳмон Озода Эмомалӣ гузошта шудааст, ки ҳамчун як падидаи нав дар саҳифаи таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол сабт мегардад. Боиси ифтихор ва таҳсин аст, ки сарфи назар аз ҷаҳду талошҳои пайваста ҷиҳати бадастовардани ҳадафу иҷрои босамари вазифаҳои хидматӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ ҳамчун олим дар самти ҳуқуқи занон таҳқиқоти илмӣ мебарад, ки ин ба андешидани иқдомҳои нав ба нав оид ба ҳифзу ҳимояи ҳуқуқи занон дар ҷомеа ёрӣ мерасонад.
Ба андешаи мо, эътимод ва эътирофи бонуи сиёсатмадори тоҷик аз ҷониби созмони мавриди назар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи стандартҳои байналмилалӣ таъсири мусбат расонда, шинохт, обрӯ ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҷиҳати таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бахусус, занон, боз ҳам таҳкиму тақвият мебахшад.

Сафаргул БУХОРИЕВА,
мудири шуъбаи ҳуқуқи Кумитаи кор бо занон ва  оилаи
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.01.2020    №: 20    Мутолиа карданд: 912
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед