logo

иқтисод

ГУМРУК. МИННАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МАСЪУЛИЯТРО БЕШТАР МЕКУНАД

Ба муносибати истиқболи Рӯзи касбии кормандони соҳаи гумрук дар  Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ бо иштироки муовини якуми  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва сардори хадамот Хуршед Каримзода ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар он нахуст маросими савгандёдкунии ҷавонафсарон сурат гирифта, сипас, натиҷаҳои фаъолияти кормандони соҳаи гумруки кишвар натиҷагирӣ шуд.

Давлаталӣ Саид аз фаъолияти назарраси кормандони мақомоти гумрук ёдовар шуда, барои барзиёд иҷро намудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ миннатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кормандони соҳа расонд.
Тавре  Хуршед Каримзода зикр намуд, гумрук  яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ маҳсуб гардида, барои таъмини рушди соҳаҳои дигари хоҷагии халқи мамлакат нақши бузург дорад.
- Соли гузашта кормандони мақомоти гумруки кишвар дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат  ҷиҳати таъмини даромадҳои гумрукию пешгирии қочоқи молу маҳсулот фаъолияти самарабахш анҷом дода, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба Буҷети давлатӣ 5,5 миллиард сомонӣ ворид гардид, ки 107,1 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Аз ҷониби иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 116 мамлакати ҷаҳон амалиёти содиротию воридотӣ гузаронда шудааст,- гуфт ӯ.
Солҳои охир заминаи моддию техникии сохторҳои соҳа мустаҳкам шуда, қариб тамоми дидбонгоҳҳои гумрукӣ ва биноҳои маъмурӣ бо шароити муосири кор таъмин  гардиданд. Дар зарфи 28 соли охир  беш аз 50 иншооти  нав  бунёд ва  зиёда аз сад иншоот таъмиру таҷдид  шудааст. Дар масоҳати 24 гектар дидбонгоҳи гумрукии «Панҷи Поён» ва Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони Хадамоти гумрук бунёд ёфта, бо таҷҳизоти назоратии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда шуданд. Инчунин, дидбонгоҳҳои гумрукии «Кулма», «Қизил-Арт», «Қарамиқ», «Айвоҷ», «Қӯштегирмон» «Гулистон» ва  терминали «Дӯстӣ», биноҳои нави дидбонгоҳҳои гумрукии «Тем», «Рӯзвай», «Ишкошим», «Нов», «Пролетар», «Пахтаобод», «Хушодӣ» ва  «Патар» мавриди истифода қарор гирифтанд. Терминали гумрукии «Мурғоб» бунёд ва  бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардид.
Амалисозии як қатор тадбирҳо оид ба такмили низоми маъмурикунонии соҳа,  татбиқи дурусти қонунгузории амалкунанда дар самти муайян намудани арзиши гумрукии молу воситаҳои нақлиёти воридотӣ, барасмиятдарории босифати молҳои ниёзи мардум, гузарондани машварату корҳои фаҳмондадиҳӣ бо субъектҳои иқтисодии хориҷӣ ва пурзӯр намудани фаъолият дар самти пешгирии воридоти ғайриқонунии маҳсулот барои барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ мусоидат намуд. Дуруст муайян намудани арзиши гумрукии молу воситаҳои нақлиёт барои субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ шароити мусоид муҳайё сохта, ҳавасмандии онҳоро ба воридоти молҳои зарурӣ бештар намуд.
 Дар самти таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ бо намояндагони дипломатию созмонҳои байналмилалӣ, инчунин, ташкилотҳои хориҷӣ барои тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи гумрук даҳҳо вохӯрии судманд гузаронда шуд. Дар ин вохӯриҳо, пеш аз ҳама, ҷонибҳо доир ба масъалаҳои расондани ёрии моддию техникӣ, додугирифти маълумоти гумрукӣ, табодули таҷриба, иштироки фаъолона дар машваратҳои минтақавии соҳавӣ, ҳамкориҳо ҷиҳати омодасозии мутахассисони касбӣ ва як қатор масоили дигар ба мувофиқа расиданд.
Дар самти ҷорӣ намудани системаи равзанаи ягонаи гумрукӣ низ хадамот корҳои зиёдеро анҷом дода истодааст. Барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ тариқи муомилоти ҳуҷҷатҳои қоғазӣ дар кишвар марҳила ба марҳила аз байн рафта, дархосту пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, мубодилаи иттилоот ва қабули пардохтҳои ҳатмӣ байни сохторҳои давлатии ба система пайвастшуда ба таври электронӣ ба роҳ монда мешавад.
Фаъолияти  кормандони мақомоти гумрук зери таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати мамлакат қарор  дошта,  барои таъмини рушди иқтисоди миллӣ  ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ пайваста дастгирӣ меёбад.

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.01.2020    №: 20    Мутолиа карданд: 661
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед