logo

фарҳанг

ФАРҲАНГ. СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ...

Аҳли ҳунари тоҷик соли гузашта низ дар муаррифии фарҳанги миллӣ саҳми арзанда гузошта, ба муваффақиятҳои шоён ноил гардиданд. Ҳунармандони мо собит намуданд, ки  фарҳанги тоҷикон дар ҷаҳон  ихлосмандони зиёд дошта, аз маҳбубияти хос бархӯрдор мебошад.
Яке аз чорабиниҳои муҳими фарҳангии соли 2019 баргузории Озмуни байналмилалии телевизионии “Истеъдод” - и кишварҳои Осиёи Марказӣ гардид. Дар он ҳунармандони зиёде кишвари моро намояндагӣ намуданд. Дар натиҷа, Шоҳҷоиза насиби ҳунарпешаи ҷавон, донишҷӯи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Чоршанбе Аловатов гардид.
Тоҳири Муҳаммадризо, сармутахассиси раёсати санъати Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, вобаста ба сафарҳои хориҷии ҳунармандони кишвар иброз дошт, ки: «театрҳои касбӣ дар баробари пур кардани фазои фарҳангии кишвар дар фестивалу ҷашнвораҳои байналмилалӣ ширкат намуда, сазовори ҷоизаву дипломҳои зиёде гардиданд. Аз ҷумла, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо намоиши “Дирафши Ковиёнӣ” (аз рӯи асари Абулқосим Фирдавсӣ, дар таҳияи Нозим Меликов) дар шаҳри Ҷезқазғони Ҷумҳурии Қазоқистон - дар Фестивали байналмилалии театрии ба номи Жанат Хаджиев ширкат варзида, сазовори Шоҳҷоиза гардид.
Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо намоиши “Фирдавсӣ” (аз рӯи асари Сотим Улуғзода, таҳиягар Султон Усмонов) дар Фестивали байналмилалии театрии “Арт - Ордо” - и Ҷумҳурии Қирғизистон ширкат намуда, ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” – ро соҳиб шуд. Бо ин ҷоиза Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбон Собир барои иҷрои нақши Фирдавсӣ қадрдонӣ шуд.
Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе бошад, дар Фестивали театрии шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон ширкат варзида, соҳиби дипломи ҷашнвора гардид.
Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар Фестивали “Наврӯз - 2019” (шаҳри Қазони Федератсияи Россия) ва нахустин Фестивали байналмилалии театрҳои касбии «ABISH ALEMI» (шаҳри Актауи Ҷумҳурии Қазоқистон) бо намоиши “Табиби паррон” - и Жан Батист Молйер ширкат намуд.
Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангӣ бори аввал бо намоишҳои “Найрангҳои Майсара” - и Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ва “Бузаки ҷингилапо” - и Наримон Бақозода ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари ҳунарӣ анҷом дод. Театри драмаи русии ба номи Владимир Маяковский ҳам ба шаҳрҳои Тамбов ва Москваи Федератсияи Россия сафари хуби ҳунарӣ дошт. Театри драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом бошад, дар Фестивали байналмилалии намоишҳои хурди  Нижневартовск иштирок карда, бо ҷоизаи барои “Таҷассуми беҳтарин анъанаҳои театри миллӣ” сарфароз гардид.
Чуноне ки Тахмина Убайдуллоева, корманди маркази матбуоти Вазорати фарҳанг, иттилоъ дод, доираи фаъолияти муассисаҳои консертӣ ва Сирки давлатӣ низ дар ин самт хеле васеъ гардидааст. Ансамбли кӯдаконаи рақсии “Зебо” ба ҷоизаи Фестивали байналмилалии рақсии кӯдаконаи Ҷумҳурии Туркия мушарраф гардида, гурӯҳи ҳунармандони Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» дар Фестивали байналмилалии “Шарқ тароналарӣ” (шаҳри Самарқанд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон) сазовори ҷои сеюм шуданд.
Ҳунарпешаи Сирки давлатии Тоҷикистон Муҳаммад Шарифзода дар Фестивали байналмилалие, ки дар Испания баргузор гардид, ба гирифтани ҷойи дуюм ва дар Фестивали “Халонгбой” – и Ветнам ба ҷойи сеюм сазовор гардида, дар ҷашнвораҳои ҳунарии дар ҷумҳуриҳои Беларус ва Қазоқистон доиршуда низ ширкат намуд.
Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии “Лола” ба номи Ғаффор Валаматзода дар Фестивали мероси Шориқа (шаҳри Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб) иштирок намуда, барои ширкат дар галаконсерти “Форуми байналмилалии тамаддунҳои Осиё» ба Ҷумҳурии Мардумии Чин даъват шуд. Ансамбли рақсии “Ҷаҳоноро” ва ҳунарпешагони оркестри эстрадии “Гулшан” ба Ҷумҳурии Корея сафари ҳунарӣ намуда, дар Рӯзи Тоҷикистони “ЭКСПО - 2019” ҳунари миллии моро ба иштирокчиёни ин чорабинии муҳташами байналмилалӣ муаррифӣ намуданд.

Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.01.2020    №: 20    Мутолиа карданд: 651
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед