logo

ҳуқуқ

ҶОМЕАИ НИЗОМИ ДИНӢ. ЗАЪФИ ОЗОДАНДЕШӢ ВА ТАШАККУЛИ ТАФАККУРИ ИЛМӢ ДАР ОН

Дар ҷомеаи динмеҳвар мудирияти ҷомеа дар бештари маврид  бо усули ҳаросафканиву тарс додан ба роҳ монда мешавад. Биҳишт ва дӯзах воситаҳоеанд, ки бо ин роҳ рӯҳониён гурӯҳҳои бовармандро тарс дода, зери итоати худ медароранд. Гурӯҳҳое, ки динҳоро ба василаи қудрати сиёсӣ суиистифода менамоянд, мухолифон ва мардумони ҷабрдидаву ранҷдидаро дар баробари зулму фасод ва ҷинояташон аз рӯзи ҷазо тарс  медиҳанд.

Мардуме, ки бештар хурофотзада аст, ҳамеша умед ба адли илоҳӣ ва ҷазову подоши ухравӣ мебанданд. Маънии ин он аст, ки чун мардум дасташон аз қудрати дунявӣ кӯтоҳ аст ва то андозае роҳи муборизотро дар баробари ин гуна ноадолатӣ намедонанд, ночор онро ба як дасти нерумандтаре ҳавола месозанд.
Чунин шева қаблан дар масеҳият низ ҷой дошт ва дар Ғарб бо ҷудошавӣ аз қудрати дастгоҳи калисо ва пеш гирифтани роҳи идоракунии илмию ақлонӣ, яъне расидан ба навъи ҷомеаи дунявӣ мафҳумҳое мисли дузаху қиёматро аз ҳавзаи идора ва сиёсатгузориву тасмимгирии умумӣ ихроҷ кардаанд ва онро танҳо дар адабиётҳои динӣ нигоҳ доштанд. Аммо дар кишварҳое, ки аз роҳи сиёсатҳои динӣ идора мешаванд, ҳанӯз ҳам бо роҳи тарс додан аз ҷаҳаннаму растахез мардумро дар як маҳдудаи нохудогоҳӣ қарор медиҳанд. Ҳамин аст, ки дар кишварҳои низоми динӣ тарси умумие, ки дар зеҳнияти мардум тавассути идеологияи динӣ фаро гирифта мешавад, онҳоро намегузорад воқеиятро бо диди илмӣ ташхис диҳанд.
Низомҳои сиёсии динӣ тамоми он чиро  ки  намунааш барои заҷр додан дар дунёи дигар тасвир шудааст, онро дар ҳамин дунё барои зердастони худ, ки дигарандешанд ба вуҷуд меоваранд. Ҳукуматҳои динӣ дунёи кунуниро барои пайравону бовармандонашон ба ҷаҳаннам табдил доданд. Барои дигарандешоне, ки дар ҷомеаи низомашон динӣ ба сар мебаранд, ҷаҳаннам дигар як масъалаи ҷаҳони дигар нест, балки ҳамин ҷаҳон ва зиндагиро давлатмардони динмеҳвар ба ҷаҳаннам табдил додаанд. Дар ин навъи кишварҳо ҳамарӯза ҳазорон нафар ба хотири дигарандешӣ ё риоят накардани муқаррароти динӣ мавриди муҷозот қарор мегиранд. Ҳазорон нафар кӯдакон аз норасоии ғизо ва фақр мемиранд. Ҷавонон гурӯҳ – гурӯҳ ба маводи мухаддир паноҳ мебаранд ва ҳамасола ҳазорон нафар қурбон мешаванд. Ҳар лаҳза инсонҳоро ба далели мутафовит таҳқир мекунанд. Низомҳои сиёсии динӣ огоҳӣ ва дониши илмиро ба мардум намерасонанд. Дар ин гуна ҷомеаҳо бештар донишҳои ғайриилмӣ, боварманд ва хурофазада мавриди таблиғ қарор дода мешавад ва афроди ин ҷомеаро чунин бовар мекунонанд, ки онҳо шоиста ба ин навъи зиндагианд ва ин дар сарнавишти онҳо будааст. Дар ин навъи ҷомеа ҳеҷ озодӣ ва ҳаққи интихоб вуҷуд надорад.
Аз хусусиятҳои хоси ҷомеаи бастаи боварманди динӣ ривоҷ додани афсонаву устураҳо ва ба ҳошия рондани донишҳои илмӣ ҳақиқат ва воқеият аст. Дар низоми дунявӣ ин гуна афсонаҳо ва устураҳо аз назари илмӣ бозбинӣ мешаванд ва мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Вале дар низоми динӣ афсонаҳое аз қабили наҷотбахш будани ҳукумати динӣ иродаи илоҳиро анҷом додани он ба роҳ монда мешавад.
Афсонаи дигаре, ки дар низомҳои динӣ  ба мардум арза медоранд ин аст, ки қавми баргузида будани динбоварон ва кишвари онҳо аз лиҳози озодӣ, ахлоқ, адолат ва мардумсолорӣ беҳтарини кишварҳои дунёст ва иддао мекунанд, ки ҷаҳон низ бояд бо тариқи онҳо мудирият шавад. Ҳол он ки дар воқеияти ҷаҳонӣ ин кишварҳо аз лиҳози раддабандӣ дар масоили фасод, диктаторӣ, поймол кардани ҳуқуқи башар дар зинаҳои болоӣ қарор мегиранд.
Хурофаи дигареро, ки дар кишварҳои динмеҳвар тарвиҷ медиҳанд ин аст, ки пайравони онҳо ҳақанд ва ҳатман онҳо пирӯз мешаванд ва дигарон дар ҳоли ботил ва фанопазиранд. Ба ҳамин тарзи рафтор онҳо ҳар рӯз эълон мекунанд, ки мухолифонашон дар ҳоли марг ва мурдан қарор доранд ва рӯзе баъду соле баъд боз ҳамин ҳарфро такрор мекунанд. Ҳукуматҳои динӣ ба сабаби худро ҳақпиндорӣ бар ин боваранд, ки Офаридгор дар тарафи онҳост ва онҳо ҳатман бояд ғолиб оянд. Ба ҳамин усул мардумонро бовар мебахшанд, ки онҳо ҳатман ғолиб хоҳанд омад.
Яке аз афсонаҳои дигаре, ки дар ҷомеаи динӣ мардумро тарс медиҳанд, ин аст, ки агар нофармонӣ кардед дар баробари рӯҳонӣ ҳатман ба бадӣ дучор мешавед. Бо тамомиятхоҳии рӯҳониён онҳо ҳар ҳодисаи бадеро, ки ба вуқӯъ меояд, ба нофармонии мардум ба фармудаҳои илоҳӣ арзёбӣ мекунанд. Яъне, дар ҷомеаи динмеҳвари боварманд ҳеҷ як падидаву ҳодиса на аз назари илмиву ақлӣ, балки аз назари боварҳо мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ҳол он ки дар ҷомеаи дунявӣ ҳамаи умур аз лиҳози илмиву тахассусӣ  мавриди арзёбӣ қарор мегирад. Дар ҷомеаи динмеҳвар дигар навъи бовару эътиқодотро ҳамчун бутпарастӣ арзёбӣ мекунанд ва  ҳатто он дастовардҳои таърихию фарҳангии инсониро ба нобудӣ маҳкум мекунанд. Агар дар ҷомеаи дунявӣ бештаре аз омӯзаҳои илмиву дунявӣ бошанд, дар ҷомеаи динмеҳвар асоси омӯзишҳоро донишҳои динию мазҳабӣ ташкил медиҳанд. Ҷомеаи динзада ва мазҳабӣ талош мекунад, боварҳо, таълимот бо маросиму анҷоми дастуроти мазҳабиро ба тарзи густурда ва дар маърази таблиғоти мазҳабӣ қарор диҳанд ва бо ин роҳ насли ҷавонро аз хурдӣ дар рӯҳияи динбоварӣ тарбият созад. Дар ин гуна ҷомеаҳо, одатан, хонаводаҳои мазҳабӣ бо истифода аз иқтидори волидайн отифаи хонаводагӣ ва фазосозии яксӯя ба нафъи дини мавриди назар ва бастани роҳҳои ошноӣ бо дину боварҳои дигар талош меварзанд. Мазҳаб ва бовари хосеро ба як мероси хонаводагӣ ва насли баъдӣ интиқол медиҳанд. Дигарандешӣ ва озодандеширо маҳдуд месозанд ва онро мояи шаръ, шубҳа ва заъфи имон унвон мекунанд.
Низомҳои сиёсии динӣ бо бастани роҳи озодандешиву ташаккули тафаккури илмӣ ҷомеа ва афроди онро ба сӯи бедонишӣ, нотавонӣ, бардагӣ савқ дода,  инсонро ба як мавҷуди  дастнигар табдил медиҳанд. Ҳамин аст, ки чунин ҷомеаҳо сахт осебпазир, вопасгаро ва бе банду бор мешаванд. Дар онҳо нодонӣ бедод мекунад. Дар боварҳояшон, сахт вомондаанд ва мавриди суиистифодаи дигарон қарор мегиранд. 

Эҳсони ИЛҲОМ, таҳлилгар


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.01.2020    №: 20    Мутолиа карданд: 1172
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед