logo

порлумон

ИНТИХОБОТ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ҶОМЕАИ МУТАМАДДИН

Яке аз дастовардҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ ин қабули Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Муҳимтарин падидаҳое, ки дар Конститутсия ҳамчун асосҳои бунёдии сохтори конститутсионӣ инъикос ёфтаанд, соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ будани давлат ба шумор меравад. Дар ҳамин ҳол, тибқи муқаррароти конститутсионӣ дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё бавоситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст.
Мо, ки имрӯз дар арафаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қарор дорем, масъалаи таъмини масъулияти шаҳрвандии интихобкунандагонро бобати иштироки фаъолашон дар интихобот хеле мубрам мешуморем. Шаҳрвандони кишвари мо бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар ин интихобот ширкат намоянд, дар самти муайян намудани дурнамои инкишофи давлатдориамон бетарафиро ихтиёр накарда, иродаи худро ба ҷонибдории номзади арзанда ва мувофиқ ба табъашон изҳор намоянд. Зеро бетарафӣ дар интихобот ба усули ширкати фаъоли интихобкунандагон дар интихобот мухолиф буда, баъзан оқибати ногувор низ дорад. Масалан, тибқи моддаи 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихобот дар ҳавзаи якмандатии интихобот он гоҳ баргузорнашуда ҳисобида мешавад, ки дар он камтар аз нисфи интихобкунандагони ба рӯйхат дохилшуда иштирок карда бошанд. Ба ҳамин мазмун моддаи 43 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» меъёр пешбинӣ намудааст. Зоҳир шудани чунин ҳолат боиси таъйини интихоботи такрорӣ мегардад.
Хотирнишон сохтан лозим аст, ки баргузории маъракаҳои интихоботӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ шуда, хароҷоти зиёдеро тақозо менамоянд. Дар сурати таъйини интихоботи такрорӣ зарурати харҷи иловагии маблағҳои буҷетӣ рӯи кор меояд, ки чунин ҳолат ҳарчанд мувофиқ ба нишондодҳои ҷомеаҳои демократӣ бошад ҳам, чандон мувофиқи мақсад нест. Зеро, агар шаҳрвандони мамлакат дар интихоботи асосӣ фаъолона ширкат намоянд, пас зарурати  баргузории интихоботи такрорӣ истисно мешавад ва маблағҳои буҷетӣ захира шуда, метавонанд дар соҳаҳои дигари хоҷагии халқ, махсусан самти таъминоти иҷтимоии шаҳрвандон масраф шаванд. Дар баъзе кишварҳои демократии ҷаҳон, ба монанди Австрия, Белгия, Нидерландия, Италия, Испания ва қисми зиёди давлатҳои Амрикои Лотинӣ ба хотири таъмини иштироки фаъоли интихобкунандагон дар маъракаҳои интихоботӣ ҷавобгарии ҳуқуқӣ дар намуди ситондани ҷарима пешбинӣ шудааст. Тоҷикистон ҳарчанд дар самти эъмори давлати демократӣ қадамҳои устувор гузошта бошад ҳам, роҷеъ ба масъалаи мазкур усули нисбатан пешқадамтарро интихоб намудааст. Яъне ширкат дар интихоботро иҷборӣ эълон надошта, онро ба ҳайси ҳуқуқи шаҳрвандон кафолат додааст.
Натиҷаи таҳлилҳои муқоисавӣ нишон медиҳад, ки иштироки фаъоли шаҳрвандон дар маъракаҳои интихоботӣ дар давлатҳое бештар ба назар мерасад, ки сокинони он аз сатҳи олии маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ бархӯрдоранд, яъне қонунгузории интихоботии кишвари худро хеле хуб медонанд, дар хусуси номзадҳо иттилои кофӣ ба даст меоранд, дарк менамоянд, ки ормонҳо ва ғояҳои сиёсиашон тавассути фаъолияти сиёсии кадом номзад ва ё ҳизби сиёсӣ татбиқ мегарданд ва дар ниҳоят раъйи худро ба ҷонибдории эшон изҳор медоранд.
Шаҳрвандон ба воситаи интихобот дурнамои зиндагонии наслҳои ояндаи худро муайян менамоянд. Агар таъйиноти асосии инсон дар гузоштани насли солиму солеҳ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои онҳо бошад, пас бояд ба ояндаи ин насл аз имрӯз заминаҳои солим гузошта шаванд. Аз ин бармеояд, ки масъалаи бедории ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандӣ бояд ҳатто дар дохили оила, ки хурдтарин ячейкаи иҷтимоӣ аст, оғоз гардад. Ҳатто дар муҳити оилавӣ бояд муттасилан таъкид гардад, ки ҳар як инсонро зарур аст, ки қонунҳои давлати худ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаву қарзи шаҳрвандиашро донад. Ширкати фаъолона дар интихобот, ба участкаи интихоботӣ рафтан ва иродаи худро ба ҷонибдории номзади сазовор мустақиман изҳор намудан ва дигар масъалаҳои марбут ба ҷараёни интихобот низ бояд дар доираи оила мавриди баррасӣ қарор гиранд. 
 
Далер РАҲМОН,
 коршиноси Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.2020    №: 21-22    Мутолиа карданд: 680
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед