порлумон
БЕТАРАФ НАБОШЕМ! ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТ ҲАМЧУН ИФОДАИ ОЛИИ БЕВОСИТАИ ҲОКИМИЯТИ ХАЛҚ
Мусаллам аст, ки интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо дар моҳи март яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ дар соли равон хоҳад буд. Феълан, ҷараёни омодагиҳо ба чорабинии муҳим дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бомаром идома доранд.
Бояд гуфт, ки ҳар иқдоми наҷибу созандае, ки дар ҷумҳурӣ роҳандозӣ мешавад, ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои шаҳрвандон ва мустаҳкам намудани ваҳдати миллии тамоми қишрҳо равона гардидаанд. Яке аз ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо ба ҳисоб меравад, ки дар ҳаёти сиёсии мамлакат тақдирсоз буда, масъулияти ҳар фарди ҷомеаро дучанд месозад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аслан, аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ҷонибдори бо роҳи демократӣ, озоду шаффоф баргузор намудани интихоботҳо мебошад. Маҳз ба ин хотир, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 сентябри соли 1999 раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид ва ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Дар асоси ин тағйиру иловаҳо дар кишвар парламенти касбии доимоамалкунанда таъсис ёфт. Яъне, дар раванди давлатдории демократӣ парламентаризм рушд кард, низоми бисёрҳизбӣ аз лиҳози шумораву сифат ташаккул ёфт ва фаҳмиши мардум нисбат ба интихобот дигаргун гашт. Парлумони сессиявӣ ба парлумони доимоамалкунанда ва касбӣ табдил ёфт.
Ба ҳамагон маълум аст, ки интихобот роҳи аз ҳама беш интишорёфтаи иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ - сиёсии давлат буда, дар ҷомеаи муосир ҳамчун низоми аз ҳама бештар демократии ташаккули сохторҳои роҳбарӣ ва идоракунии давлат ба ҳисоб меравад. Табиист, ки ҳуқуқ ба ширкат дар интихобот, яъне интихоб намудан ва ё интихоб шудан аз ҳуқуқҳои волотарини ҳар як фарди ҷомеа шинохта шудааст. Дар баробари ин, таъмини иштироки фаъоли шаҳрвандон дар интихобот яке аз ҳадафҳои роҳбарияти сиёсии ҳар гуна кишвар мебошад. Бинобар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ таъкид намуданд: “Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон корро бояд тавре ташкил намояд, ки шаҳрвандон дар ин маъракаи сиёсӣ бо масъулияти баланд иштирок кунанд”. Ҳамзамон, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи дарпешистода мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки дар доираи талаботи қонун ба комиссияҳои интихоботӣ шароити мусоиди корӣ муҳайё созанд.
Мавриди зикр аст, ки интихобот ифодакунандаи нақшу мавқеи ҳар шахс, ҳизбу иттиҳодияи шаҳрвандӣ маҳсуб шуда, рӯҳияву афкори интихобкунандагон ва тамоюли рушду такомули сиёсии ҷомеаро муайян мекунад. Мувофиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ, дар замони муосир халқ ба воситаи иштирок дар интихобот ва раъйпурсӣ марому ҳадафҳои худро амалӣ менамояд ва бо ин роҳ дар ҷараёни идоракунии давлат саҳм мегузорад.
Ба таври хулоса гуфтан мумкин аст, ки интихобот на танҳо як раванди маъмулии сиёсӣ, балки ҳамчун василаи муҳими ташаккули ҳокимияти сиёсӣ пазирифта шуда, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ тавонистааст ин рисолати худро ба пуррагӣ иҷро намояд. Фаъолияти озодонаи ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, расонаҳои нашриву электронӣ нишонаи равшани риояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, гуногунандешии сиёсӣ ва баёнгари роҳи демократӣ дар кишвар маҳсуб мешаванд. Танҳо бо баланд бардоштани зиракии сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ, дарки масъулияти баланд, иҷрои қарзи шаҳрвандии худ, яъне ширкати фаъолона дар маъракаҳои интихоботӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ мо метавонем дар ҳифзи якпорчагии мамлакат ва ваҳдати ҳамагонӣ бештар саҳм гузорем.
Олуфтамо ҒАФФОРОВА,
омӯзгори МТМУ № 49 ноҳияи
Фирдавсии шаҳри Душанбе,
Бахтовар КАРИМЗОДА,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.01.2020 №: 21-22 Мутолиа карданд: 712