logo

фарҳанг

НАХУСТКАШШОФИ САРАЗМИ БОСТОНӢ

Соли ҷорӣ  фархундаҷашни 5500 - солагии шаҳри Саразми бостон бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил мегардад. Вақте ки мо Саразмро ном мегирем, симои нахустмуҳаққиқи ёдгорӣ, марди хоксору заковатманд, соҳибдилу соҳибкасб ва соҳибмаърифат, олими шинохта шодравон Абдуллоҷон Исоқов ба назар аён мегардад, ки кашфиёти мазкур ба номи ӯ марбут аст.
Абдуллоҷон Исоқов 20 апрели соли 1935 дар деҳаи Чилғозии ноҳияи Исфара ба дунё омада, соли 1954 ба факултаи таърихи Институти педагогии ба номи Т. Г. Шевченкои пойтахт дохил мешавад. Солҳои донишҷӯӣ ӯ маҳорату малакаи худро дар омӯхтани илми таърих нишон дода, пешаи бостоншинос шуданро интихоб менамояд. Баъд аз хатми донишкада соли 1958 бо роҳхати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш дар ҳафриёти Панҷакенти Қадим ширкат меварзад. Маҳз фаъолияту тадқиқот дар куҳандизи Панҷакенти Қадим таҳти роҳбарии бостоншиноси варзида А. Беленитский барои А. Исоқов имтиҳони ҷиддӣ ва мактаби таҷриба буд. Абдуллоҷон Исоқов соли 1965 аввалин алифбои суғдиро аз сарзамини Суғд дар рӯи порчаи сафол аз куҳандизи Панҷакенти Қадим дарёфт менамояд, ки ин кашфиёт аҳамияти бузурги илмӣ дошт. Соли 1972 А. Исоқов рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Куҳандизҳои аввали асримиёнагии шаҳрҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон» ва соли 1991 рисолаи докториро дар мавзӯи «Маданияти кишоварзӣ –чорводории болооби Зарафшон дар аҳди энеолит ва биринҷӣ» дифоъ менамояд. Устод муаллифи 7 монография ва зиёда аз 200 мақолаи илмӣ мебошад.
А. Исоқов аз соли 1966 сарварии пойгоҳи бостоншиносии Панҷакенти Қадимро ба уҳда дошт. Тӯли фаъолияти хеш ба ҳайси сардори Пойгоҳ шогирдони зиёдеро аз қабили С. Бобомуллоев, У. Эшонқулов, А. Раззоқов, Ш. Қурбонов ба воя расондааст, ки бостоншиносони мазкур имрӯз боиси ифтихори илми Тоҷикистон мебошанд.
Нахуст соли 1977 бозёфти сокини деҳаи Авазалии деҳоти Саразм Ашӯралӣ Тайлонов - табар - тешаи биринҷӣ А. Исоқовро водор менамояд, ки фаъолияти бостоншиносиро дар ёдгории Саразм оғоз намояд. Маҳз бо дастгирии академик Муҳаммад Осимӣ дар ёдгории навкашфгардида тадқиқот ва ҳафриёт оғоз меёбад. Омӯзиши ёдгориро дар илми бостоншиносии ҷаҳон мутахассисони хориҷӣ зуд дарк карда, хоҳиши дар ин ҷо тадқиқоти илмӣ гузарондан намуданд. Зимни ҳафриёт ва тадқиқот дар ҳамкорӣ бо бостоншиносони Франсия, Амрико ва Россия муайян карда шуд, ки ёдгории Саразм аз чаҳор қабати маданӣ иборат буда, ибтидои маскуншавӣ ба нимаи дуюми ҳазораи IV қабл аз милод, яъне 5500 сол муқаддам, рост меояд. Дар натиҷаи тадқиқот, илман собит гардид, ки аҷдоди мо 5500 сол қабл соҳиби маданияти шаҳрсозӣ, ҳунармандӣ ва   кишоварзӣ буданд. Академики АИ Тоҷикистон, профессор, Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон Б. Литвинский  чунин зикр кардааст: «Ҳафриёти Саразм бо роҳбарии А. Исоқов аҳамияти ҷаҳонӣ дорад…, тавассути ин кашфиёт ақидаи олимон дар бораи он ки тамаддуни қадимтарини маданияти Тоҷикистон ва тамоми Осиёи Миёна дар куҷо воқеъ гардидааст, батамом дигар шуд. Ба ҳамин тариқа, ба шарофати Саразм тамоми Тоҷикистон ба ҳайати маданияти қадимтарини инсоният дохил мешавад».
 Абдуллоҷон Исоқов барои ободсозӣ ва тадқиқот дар дил орзуву ормонҳои зиёде дошт, лекин, мутаассифона, соли 1997 дар 62 - солагӣ дар айни авҷи камолот риштаи умри бостоншиноси варзида, доктори илмҳои таърих канда шуд.  Имрӯз рӯҳи устод шод аст. Зеро бо файзу баракати Истиқлолияти давлатии кишвар ва сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи Саразм муайян гардид. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  солҳои 2003 ва 2005 аз Саразми бостон боздид ба амал оварданд. Бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат  тайи солҳои 2004 - 2008 5 иншооти ёдгорӣ болопӯш ва атрофи он панҷарабандӣ гардид. Соли 2001 ёдгории Саразм бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъгоҳи таърихию бостоншиносӣ эълон гашт. Соли 2010 бошад, он ба Феҳрасти фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО шомил гашт. Бо назардошти аҳамияти таърихии шаҳри қадимаи Саразм ҳамчун маркази ташаккули маданияти шаҳрсозӣ, кишоварзӣ ва ҳунармандии  тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2020 5500 -солагии Саразми бостонӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шавад. Имрӯзҳо корҳои ободонию созандагӣ ва барқароркунӣ ба ифтихори  Ҷашни 5500 - солагии шаҳри Саразм, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ таҷлил мегардад, идома доранд, ки, бешубҳа, ҷашнвора барои пажӯҳишу тадқиқоти ояндаи ориёншаҳри бостон заминаи мусоид фароҳам меорад.             
Кори неку номи неки нахустмуҳаққиқи шаҳри қадимаи Саразм Абдуллоҷон Исоқов, ки барои ба оламиён муаррифӣ намудани равзанаи нави таърихи куҳани миллат хизмати арзанда кардааст, то абад дар хотири мо боқӣ хоҳад монд. 

У. САИДОВ,
корманди Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии
ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.2020    №: 21-22    Мутолиа карданд: 708
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед