logo

фарҳанг

ПАЁМ. АЗ ТАҲКИМИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ ТО ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ

Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади таърихиест, ки роҳи халқи моро барои даҳсолаҳои оянда мунаввар намуда, ҷиҳати бунёдкориҳо ва корномаҳои нав неруву илҳом мебахшад. Паём тамоми самтҳои ҳаёти ҷумҳуриро фаро гирифта, дар он, аз ҷумла ба рушди маорифу тандурустӣ, худшиносии миллӣ ва таърихӣ, арҷ гузоштан ба забони давлатӣ, ба суннатҳои волои ниёгон, рушди илму дониш ва маънавиёти баланди сокинони кишвар, таваҷҷуҳи махсус дода шудааст.
Яке аз нуктаҳои хеле муҳими Паём ин аст, ки бо мақсади таҳким бахшидан ба хотираи таърихии миллати тоҷик аз ҳисоби фонди Президент чоп кардан ва ба ҳар оилаи Тоҷикистон туҳфа намудани шоҳасари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» мебошад. Ин иқдом олитарин тимсоли сарварию ҷавонмардӣ, олиҳимматии Сарвари давлат аст, ки баҳри боло бурдани маърифати миллаташ ҳеҷ чизро дареғ намедорад.
Бо мақсади рушди тафаккури техникии насли наврас эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолагии омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» иқдоми шоистаи таҳсин аст, ки Тоҷикистонро чандин зина боло хоҳад бурд ва дар бахши илмҳои дақиқ чеҳраҳои дурахшон арзи ҳастӣ хоҳанд кард.
Солҳои охир хеле коҳиш ёфтани мутолиаи китоб аз ҷониби насли наврас ва ҷавонон боиси нигаронии амиқ гардид ва ҳеҷ кас чораву тадбири ба роҳ мондани онро пайдо карда наметавонист. Оқибат Пешвои миллат тавонист, ки бо амиқии андешаву хиради воло калиди ин муаммои мушкилро пайдо намояд.
Таҳти сарпарастии Президент озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» эълон гардид ва мавҷи шавқу ҳавас ба мутолиаи китоб саросари кишварро фаро гирифт. Озмун имкон фароҳам овард, ки дар муддати як сол садҳо чеҳраҳои дурахшон, истеъдодҳои нодир, кӯдакону ҷавонони дорои табъу хотири равшан рӯи саҳна омаданд. Ҷамъбасти ниҳоии озмун ба як анҷумани бошукӯҳи адабӣ табдил ёфт. Аз забони наврасону ҷавонон ҳазорон абёти нобу шево чун оби равон ҷорӣ мегашт ва аъзои ҳакамон ва бинандагону шунавандагонро ба ваҷд меовард. Масалан, ҷавони дорои табъи баланду хотири қавӣ 500 ғазал ва садҳо рубоиро аз ёд намудааст, ки дар маҷмӯъ як китоби бузургест. Ҷавони дигар дар рӯёрӯи ҳакамон сад ғазали Ҳофизро бо забони буррову шево қироат намуд.
Ду бародар ва як хоҳар аз оилаи шоир Абдуллои Раҳнамо дар озмун пирӯз гаштанд ва бародари калонӣ Бунёд, ки дар синфи ёздаҳ таҳсил дорад, ба дарёфти шоҳҷоиза ва 50 ҳазор сомонӣ сазовор гардид. Наврасон ва ҷавонони дорои донишу тафаккури баланд собит намуданд, ки пайравони ҳақиқии ниёгони бузургашон мебошанд, ки бо истеъдоду хиради бемислашон дар ҷаҳон шуҳрат ёфтаанд. Чунончи, ҳазор сол қабл аз ин файласуф ва орифи бузург Абдуллоҳи Ансорӣ 170 ҳазор байт ашъорро дар лавҳи хотири муборакаш ҷой дода буд. Навиштааст: «Маро 70 ҳазор байт аз ашъори араб ёд буд ва 100 ҳазор низ порсӣ метавон гуфт. Сесад ҳазор ҳадис ва бо ҳазор-ҳазор аснод маро ба зикр буд». Ба қавли Бобур Мирзо шоири бузург Ҳиллӣ аз ашъори шоирони машҳур 30-40 ҳазор байтро аз ёд медонистааст. Ин чеҳраҳои дурахшон ва нотакрор боиси пайравии насли ҷавони имрӯза мебошанд.
Боиси хушнудист, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» идома хоҳад ёфт ва бар асоси пешниҳоди Пешвои миллат дар се самт доир мегардад. Якум - миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, дуюм – таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва сеюм байни калонсолон  барпо мегардад. Инчунин, ба хотири равнақи фарҳанг ва истеъдодҳои нав таҳти сарпарастии Президент озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҳамасола баргузор хоҳад шуд.
Ин ду озмуни баландпоя ҳамасола садҳо истеъдодҳои наву нодирро ошкор хоҳанд кард.
Дигар падидаи ҷолиб он аст, ки бо пешниҳоди Президент дар тамоми идораву муассиса, вазорату корхонаҳо китобхонаҳо таъсис дода мешаванд ва ин имкон медиҳад, ки беш аз ду миллион китобҳои дар анборҳо хобида, дар рафи китобхонаҳо ҷой бигиранд.
Агар ин ҳама иқдомҳои наҷиби дар Паём омада ба таври бояду шояд амалӣ гарданд, бешубҳа, Тоҷикистон метавонад аз лиҳози мутолиаи китоб ва маърифати баланд дар ҷаҳон яке аз мақомҳои аввалро соҳиб гардад.
Паёми Президент оинаи пурҷилоест, ки дар он имрӯзу фардои Тоҷикистон равшан таҷассум ёфта, Ватани моро ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамо хоҳад буд.

Раҷабалӣ ҚУДРАТОВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.2020    №: 23    Мутолиа карданд: 787
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед