иқтисод
КОНИ МИЁНАДУ АГАР ФАЪОЛИЯТ МЕКАРД...
Боришоти зиёди барф дар манотиқи кӯҳистони кишвар ҳамвора барои мусофирону бошандагон мушкилоти зиёд эҷод мекунад. Аз мавзеи Сари Ҷари ноҳияи Нуробод то маркази ноҳияи Сангвор, ки 55 километрро ташкил медиҳад, аз 6 техникаи корӣ барои аз барф тоза кардани роҳ босамар истифода мешавад.
Ба гуфтаи Наҷибулло Ҳамидов, мудири бахши рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор, дар ин ноҳияи куҳӣ ҳамасола ба мавсими зимистонгузаронӣ омодагии ҷиддӣ мебинанд ва аз тадбирҳои мушаххаси озмуда кор мегиранд.
Бо мақсади фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 бо қарори раиси ноҳия дар ҳайати 21 нафар ситоди фаврӣ таъсис ёфта, нақшаи чорабиниҳо дар ин самт роҳандозӣ гардидааст.
Тибқи харҷномаи тасдиқшуда, аз ҳисоби буҷети маҳаллии ноҳия 502 ҳазору 330 сомонӣ ҷудо гардида, муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ бо 81 тонна ангишт, 115 метри мукааб ҳезум ва 1150 литр сӯзишвории дизелӣ, маориф бо 420 тонна ангишт, 640 метри мукааб ҳезум ва 1130 литр сӯзишвории дизелӣ ва фарҳанг ба маблағи 13560 сомонӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба маблағи 59280 сомонӣ бо ангишту ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ таъмин гардиданд. 5 нуқтаи фурӯши ангишту 2 нуқтаи фурӯши гази моеъ низ фаъолият дошта, дар онҳо барои таъмини аҳолӣ ангишту сӯзишвории кифоя захира гардидааст.
Ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ 1333 тонна ғалладона, 4651 тонна картошка ва 406 тонна мева захира гардида, беш аз 25 тонна картошка, 6,5 тонна сабзавот, 8,5 тонна мева ва 3 тонна асал тавассути 8 ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ пешкаши сокинони шаҳри Душанбе гардонда шуд.
Бо мақсади сари вақт ва бе мамониат гузарондани кишти баҳорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ 1647 тонна картошка ва 260 тонна ғаллаи тухмӣ захира шудааст.
Дар тавозуни муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 101,4 км роҳи автомобилгард, аз ҷумла 65,1 км роҳи байналмилалӣ ва 36,3 км роҳи маҳаллӣ, мавҷуд аст. Дар муассиса бо мақсади хуб гузарондани давраи зимистон 345 метри мукааб маводи зидди лағжиш, 2200 литр сӯзишворӣ, 3 тонна ангишт ва ба миқдори кофӣ ҳезум захира гардида буд. Ҳоло кормандони муассиса барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳо аз захираҳо босамар истифода мебаранд.
Мутаассифона, имсол масъулон ҳангоми омодагӣ гирифтан ба давраи тирамоҳу зимистон дар масъалаи таъмини аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо бо ангишт ба мушкилот мувоҷеҳ гардиданд. Кони ангишти ҳудуди ноҳия - Миёнаду бо сабаби надоштани иҷозатнома (литсензия) ва сабабҳои дигар имсол фаъолият накард. Ташкилоту муассисаҳо ва аҳолии ноҳия ангиштро аз кони Айнӣ тавассути миёнаравии соҳибкорон бо нархи гарон, яъне то 1000 сомонӣ барои як тонна дастрас карданд. Ин дар ҳолест, ки соли 2018 як тонна ангишти кони Миёнаду ҳамагӣ 350 - 400 сомонӣ арзиш дошт. Агар кони ангишти Миёнаду фаъолият мекард, ҳам барои сокинон зарар намешуду ҳам буҷети ноҳия то ин ҳад ба хароҷоти зиёдатӣ мувоҷеҳ намегардид.
Худодод ЗАЙНИДДИН, "Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.01.2020 №: 23 Мутолиа карданд: 859