logo

сиёсат

ҶОЙГОҲИ ШОИСТА. МАВҚЕИ ЗАНОН ДАР ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ДАВЛАТ

Донишманди амрикоӣ Алан Кэй мегӯяд: “Модар гаронбаҳотарин дороии як миллат аст ва ба андозае арзиш дорад, ки метавон гуфт: "Ҷомеа замоне ба авҷ мерасад, ки битавонад аз кору кирдорҳои модар пуштибонӣ кунад".

Маҳз пуштибонии зиёди занони тоҷик пас аз соҳибистиқлол гаштани кишварамон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт ва оид ба беҳбудии вазъи занон, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа якчанд санади меъёрии ҳуқуқӣ ба тавсиб расид.
Аз Конститутсия сар карда, тамоми қонунгузориамон, аз ҷумла  кодексҳои оила, ҷиноятӣ, меҳнат, гражданӣ ва санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ҳуқуқу манфиатҳои зан - модарро ҳимоя мекунанд. Баробарҳуқуқии занон меъёри конститутсионист, мардон ва занон баробарҳуқуқанд.
Бо мақсади таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, № 5  «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» қабул гардидаанд. Дар банди дуюми фармон омадааст, ки бояд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ занонро бо назардошти салоҳиятнокӣ ва сифатҳои касбию кордониашон ба ҳайати роҳбарикунандаи вазоратҳо, кумитаҳо, идораҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ, ҷамоатҳо, мақомоти прокуратура ва суд, таълимгоҳҳои олӣ ва дигар муассисаҳои маориф таъйин намоянд.
Нақши занону духтарон дар татбиқи сиёсати давлатиро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим арзёбӣ намуда, дар паёмҳои ҳарсола ва дигар суханрониҳои барномавии худ вобаста ба масъалаи ҷалби занон ва духтарони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд, ҷиҳати афзоиш додани саҳми занон дар хизмати давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
Аз ҷумла, масъалаи мазкур дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019, Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2020 ва дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар аз 10 майи соли 2019 таъкид гардида, таваҷҷуҳи роҳбарони сохторҳои давлатӣ ба зиёд намудани теъдоди занон дар мақомоти давлатӣ ҷалб карда шуд.
Хушбахтона, имрӯзҳо дар кишварамон иштироки занҳо дар ҳама соҳаҳо эҳсос карда мешавад ва онҳо ҳуқуқи фаъолият намудан дар ҳама сохторҳои давлатиро доранд. Барои мо - занон боиси хурсандӣ ва шарафмандист, ки бонувони тоҷик бо меҳнати софдилонаю содиқонаашон на танҳо дар кишвар, балки дар хориҷи он низ ҳамчун мутахассисони ботаҷрибаи соҳаҳои илму маориф, ҳуқуқ, тиб, иқтисодиёт ва сиёсатмадорони заковатманд эътироф шудаанд.
Рӯз ба рӯз зиёд гаштани сафи занҳо дар порлумони кишвар, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, молияю бонкдорӣ шаҳодати он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба занон эътимоду боварӣ дорад ва нақши онҳо дар ҷомеа баланд буда, дар рушди давлати соҳибистиқлоламон баробари мардон саҳми босазо гузошта метавонанд.
Барои мо - занон боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ  зикр намуданд, ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Ин  эътимоду боварии Пешвои миллат моро водор менамояд, ки дар атрофи сиёсати оқилонаи Сарвари давлат беш аз ҳар вақти дигар муттаҳид бошем ва кишвари азизамонро ба сарзамини боз ҳам ободтар табдил диҳем. Ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ободкорӣ, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ тарбия намоем.
Тавре таҷрибаи чанд соли охир нишон медиҳад, воқеан, бонувони тоҷик бо дастгирию ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҷомеаи демократӣ ва татбиқи сиёсати давлат баробари мардон гомҳои устувор мегузоранд. Занон - модарони тоҷик ҳам донишманд, ҳам ҳунарманд ва ҳам поксиришту боиффат мебошанд ва барои ободии Ватани азиз, амнияти давлат, пойдории сохти конститутсионӣ ва сулҳу ваҳдат талош мекунанд.

Барно САИДВАЛИЗОДА,
муовини якуми сардори Хадамоти иҷрои назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илми ҳуқуқ, дотсент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.2020    №: 23    Мутолиа карданд: 1013
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед