logo

фарҳанг

САДА. ДАСТОВАРДҲОЕ, КИ ШОИСТАИ ТАҶЛИЛАНД

Сада ҷашни бостонии ниёгони тамаддунпарвари мо буда, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар идҳои миллӣ эҳё гардид. Ҳоло ин ҷашни миллиро сокинони ҳама гӯшаву канори мамлакатамон бо самимияти хосса таҷлил мекунанд. Аз ҷумла кормандони Институти масоили амнияти биологии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ҳар сол ин идро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.
Ниёгони мо Садаро дар фасли зимистон, ҳангоми оғоз ёфтани чилаи хурд (10 – уми моҳи Баҳман, мутобиқ ба 30 – юми январи солшумории мелодӣ) ҷашн мегирифтанд. Пайдоиши Ҷашни Сада ба офтоб пайвастагӣ дошта, тимсоли он оташ аст. Зеро бо кашфи оташ ва муқаддас шумурдани он Ҷашни Сада пайдо шуда, тавассути он одамон ба хуршед ва оташ эҳтиром гузоштанд. Хуршеду оташ бошанд, рамзи рӯшноӣ ва гармӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, Садаро ҷашни кишоварзон низ медонанд. Дар ҳақиқат ҳам, Сада марҳилаи омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, Наврӯз давраи киштукори баҳорӣ, парвариши зироат ва Меҳргон ҳангоми ғунучини ҳосилро ифода мекунанд.
Бояд гуфт, ки Институти масоили амнияти биологии Академияи илмҳои кишоварзии мамлакат ба расондани кумаки амалию машваратӣ ба хоҷагиҳои чорводорию парандапарварии ҷумҳурӣ, тарбия ва тайёр намудани мутахассисони илмӣ, ҳамчунин,  истеҳсоли ваксина ва маводи табобатӣ машғул мебошад. Барои татбиқи ин мақсадҳо институт соҳиби неруи қавии зеҳнӣ буда, дар он 5 доктор, 10 номзади илм ва зиёда аз 40 нафар ходимони илмӣ самаранок фаъолият доранд. Соли сипаригардида олимони институт ба хоҷагиҳои чорводории шаҳрҳои  Ваҳдат, Ҳисор, Норак, Турсунзода, ноҳияҳои Панҷ, Вахш, Рашт, Ашт, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Ёвон, Данғара, Темурмалик, Айнӣ, Файзобод ва Шамсиддини Шоҳин ба сафари хизматӣ баромада, дар 96 маврид кумаки амалию машваратии худро ба хоҷагидорон расонданд.
Дар ин давра барои пешгирии касалиҳои гуногуни сироятии чорвои кишоварзӣ зиёда аз 200 ҳазор воя ваксина истеҳсол шуда, ба хоҷагиҳои ҷумҳурӣ дастрас гардид ва дар бархе аз ин хоҷагиҳо олимони институт дар воякӯбии ҳайвонот бевосита саҳм гирифтанд.
Бояд гуфт, ки Институти масоили амнияти биологӣ макони тарбияи олимони ҷавон ба ҳисоб меравад. Айни замон дар шуъбаи аспирантураи пажӯҳишгоҳ 14 нафар аспиранту унвонҷӯён ба навиштани рисолаҳои номзадӣ машғуланд. Инчунин, кормандони институт дар 20 конференсия, семинар, машваратҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво фаъолона ширкат варзида, ҷиҳати муаррифии дастовардҳои илмӣ ва додани тавсияҳои амалӣ ба хоҷагидорон матлабҳои хешро тавассути воситаҳои ахбори омма пешниҳод намуданд. Ходимони соҳа соли 2019 аз натиҷаи корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ ва таҳияи технология, тарзу усулҳои ташхиси бемориҳои хусусан хавфноки сироятии чорвою паранда  аз ҷониби Маркази миллии патенту иттилооти ҷумҳурӣ соҳиби 3 нахустпатент гардиданд. Ҳамзамон, 2 китоб, 7 тавсиянома, 5 дастури методӣ ва 52 мақолаи кормандони институт ба нашр расид.
Ҳамин тариқ, кормандони институт аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба пуштибонӣ намуда, кӯшиш мекунанд, ки ҷашнҳои милливу бостониамонро ҳамеша бо дастовардҳои арзишманду рӯҳияи пурифтихор истиқбол намоянд.

К. МАҲМУДОВ, директори ИМАБ АИКТ,
Т. ИЗЗАТОВ,  сармутахассиси ИМАБ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.2020    №: 23    Мутолиа карданд: 673
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед