порлумон
ШАҲРИ ГУЛИСТОН. 23 ҲАЗОРУ 693 НАФАР ҲУҚУҚИ ОВОЗДИҲӢ ДОРАНД
Комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкаҳои интихоботӣ дар шаҳри Гулистон бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва лавозимоти идориву техникӣ пурра таъмин гардида, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани маъракаи муҳими сиёсӣ - интихобот омодагии ҳамаҷониба мегиранд.
Дар шаҳр 23 ҳазору 693 нафар ҳуқуқи ширкат дар интихобот дошта, 163 нафар бори нахуст аз ин ҳуқуқи конститутсионии хеш истифода хоҳанд кард. Интихобкунандагони шаҳри Гулистон дар ин маъракаи сиёсӣ аз миёни номзадҳо як нафарро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 - нафар вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва 40 нафарро ба маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон интихоб хоҳанд кард.
Дар шаҳри Гулистон масъулони комиссияҳои интихоботӣ ва участкаҳои овоздиҳӣ ба семинарҳои омӯзишӣ фаро гирифта шудаанд, ки ин амр дар баланд бардоштани дониши маърифатӣ – ҳуқуқии онҳо мусоидат хоҳад кард. Дар доираи ин тадбир ба масъулони участкаҳои интихоботӣ, ки дар маҳаллаҳои дур аз маркази шаҳр қарор доранд, афзалият дода мешавад, ки аз манфиат холӣ нестанд.
То кунун ба ҳамаи участкаҳои интихоботии ҳудуди шаҳр маводи зарурии вобаста ба интихобот, аз ҷумла санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастурамалу роҳнамоҳои таҳиянамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардида, корҳои таблиғотӣ вобаста ба ҷалби фаъолонаи интихобкунандагон ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сатҳи шоиста ба роҳ монда шудааст. Дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, шоҳроҳҳо ва дигар марказҳои оммавӣ шиору овезаҳои тарғиботӣ - ташвиқотӣ насб шуда, бо интихобкунандагон суҳбату вохӯриҳо низ идома доранд.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.01.2020 №: 23 Мутолиа карданд: 730