порлумон
ХУРОСОН. ОМОДАГИИ ҲАМАҶОНИБА БА ИНТИХОБОТ
Дар ноҳия бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо, ки 1 марти соли равон баргузор мегардад, корҳои омодагӣ бомаром идома доранд.
Дар комиссияи интихоботии ноҳия беш аз 65 ҳазор интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст.
Мавлонзода Алӣ Саидқул, муовини раиси комиссия, дар суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, ки то имрӯз барои муҳайё намудани шароити муносиб барои интихобкунандагон 35 ҳавза ва 33 участкаи интихоботӣ бо муқаррароти ҳудуд, рақам ва шумораи пешакии интихобкунандагон ташкил шуда, аз ҷониби аъзои комиссия вобаста ба пешбарии номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ, тартиби кори ҳавзаю учаскаҳо 4 қарор бароварда шудааст. Дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ санадҳои зарурӣ ва шароити мусоид фароҳам гардидаанд.
А. Мавлонзода зикр намуд, ки дар ҳар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ 9 - нафари аъзои комиссия вобаста шудааст. Аз ҳамаи участкаю ҳавзаҳо доир ба ҷараёни омодагиҳои интихоботӣ, пешбарии номзадҳо, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳисоботи оморӣ омода ва ба Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад. Дар рафти омодагиҳо ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ бештар ҷавонони фаъолу донишманд ҷалб гаштаанд. Бақайдгирии номзадҳо 9 феврал ба анҷом мерасад.
Барои беҳтар фаҳмондани аҳамият ва таблиғи маърака дар ҳар гӯшаю канори чашмраси ноҳия лавҳаю шиорҳо бо навиштаҷоти гуногун, аз ҷумла «Интихобот - 2020», «1 марти соли 2020 – рӯзи интихоботи вакилони халқ», «Овози шумо дар интихобот ҳалкунанда аст!», «Интихобот. Бетараф набошед!!!», «Ман худам овоз медиҳам!», «Ба номзадҳои арзанда овоз медиҳем» ва ғайра насб шудаанд, ки аз омодагии хуби масъулон ба ин чорабинии сиёсӣ дарак медиҳад. Ҳамчунин, пайваста бо мардум вохӯрию суҳбатҳо доир гардида истодаанд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.01.2020 №: 23 Мутолиа карданд: 1252