logo

фарҳанг

КИТОБ. МАЪРИФАТ ҶОМЕАСОЗ АСТ

Боиси ифтихору сарфарозист, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар соҳаҳо, ба фарҳанг, аз ҷумла рушди китобу китобдорӣ,  таваҷҷуҳи  хоса зоҳир мешавад. Тавре Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд: «Мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, оину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ  ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ медиҳем». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ перомуни масоили вобаста ба китобу китобдорӣ, мутолиаи китоб, бавижа,  китобҳои бадеӣ, ибрози назар намуда, таъкид карданд: «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».
Бо назардошти муҳимияти мутолиаи китоб ва нақши он дар баланд бардоштани маънавиёти мардум, ташаккули завқи бадеӣ ва зебоиписандӣ Пешвои миллат ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот дастур доданд, ки чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоб ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Ҳамзамон, Сарвари давлат дар Паём дар бораи аз гардиш мондани китоб, ки ҷузъи муҳими  сарвати маънавии ҷомеа маҳсуб меёбад, ибрози нигаронӣ намуда, таъсири паёмадҳои манфии онро барои фарҳанги миллӣ таъкид карданд. Аз таҳлилҳои Сарвари давлат бармеояд, ки «Дар солҳои 2014 - 2019 аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм қариб 6 миллион нусха ва аз ҳисоби Вазорати фарҳанг беш аз 2 миллион нусха китобҳои бадеӣ ба нашр расидаанд. Вале як қисми онҳо ба гардиш ворид нагардида, то ҳол дар анборҳо нигоҳдорӣ мешаванд». Барои раҳоӣ аз вазъияти баамаломада Сарвари давлат роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуданд, ки «бо мақсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намоянд».
Воқеан ҳам, китоб  ҳамчун шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат  барои поку бегазанд нигоҳ  доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тавқият ёфтани ҳувияти миллӣ ва худогоҳию худшиносии  ҳар як фард нақши бузург дорад. Пешвои миллат зимни гузоштани хишти аввали бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон,  4 сентябри соли 2007, пешниҳод намуданд, ки минбаъд  ҳар  сол  санаи 4 сентябр  ҳамчун «Рӯзи китоб» таҷлил карда шавад. Инак, даҳсолаи дуюм аст, ки Рӯзи китоб дар мамлакати мо таҷлил ва дар доираи чорабиниҳои он Намоишгоҳи байналмилалии китоби Душанбе баргузор мегардад. Ин иқдоми Пешвои миллат  завқу шавқи  китобхониро байни мардум афзун намуд, ҷавононро ба омӯхтан ва аз худ кардани донишҳои замонавӣ водор сохт. Инро мо дар мисоли озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» баръало эҳсос намудем. Дидем, ки то чи андоза наврасону ҷавонон ба мутолиаи  китоб шавқу рағбати беандоза пайдо намудаанд.
Ба андешаи мо,  мутолиаи китоб аз ҷониби падару модар дар тарғиби китобу китобхонӣ дар миёни фарзандон таъсирбахштарин омил аст. Баррасии китобҳои мутолиашуда дар ҳалқаи оила ва муассисаҳои таълимӣ дар бедор кардани шавқу рағбат ба китобхонию донишандӯзӣ нақши муҳим мебозад. Имрӯз муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа доштани иттилооти фаровон аст ва ин иттилооту донишҳо фақат бо роҳи хондани китоб ба даст меоянд. Пас, ҳамеша ҳамнишини ин ганҷинаи гаронмоя бояд буд ва ин неъмати нодирро ҳифзу арҷгузорӣ кард.

Бозорбой  ХОЛОВ,
Зафари ШАРИФ, устодони ДДФСТ
ба номи Мирзо Турсунзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2020    №: 24    Мутолиа карданд: 727
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед