порлумон
НОҲИЯИ ЛАХШ. МАРҲИЛАИ НАВИ ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ
Дар ноҳияи Лахш барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳия корҳои омодагӣ идома доранд.
Азамҷон Мирзоев, аъзои комиссияи якмандатаи Рашт № 12 дар ноҳияи Лахш, зимни суҳбат ба хабарнигори "Ҷумҳурият" изҳор дошт, ки дар ҳудуди ҳавзаи якмандатаи Рашт № 12 оид ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш 52 участкаи интихоботӣ ташкил гардидааст. Қароргоҳ ё ҷойи кори аъзои комиссияҳои участкаҳо дар деҳаҳои дурдаст чойхона - фароғатгоҳҳо интихоб гардидаанд, ки дорои шароити хуби фаъолият мебошанд. Ҳадаф аз интихоби чойхона – фароғатгоҳҳо ҳамчун дафтари кории аъзои комиссияҳо дар он аст, ки сокинони деҳаҳо дар фасли зимистон бештар ба ин маконҳо ташриф оварда, суҳбатҳои хосса ташкил менамоянд. Аъзои комиссия бо истифода аз чунин фурсат ба мардум наздиктар мешавад ва корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳоро дар ҳамин ҷойҳо роҳандозӣ мекунанд.
Раҳим Сангаков, раиси комиссияи ноҳиявии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Лахш, зикр кард, ки дар ҳудуди ноҳия вобаста ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 40 ҳавза ва 52 участкаи интихоботӣ таъсис ёфтааст. Дар фароғатгоҳҳо гӯшаҳои таблиғотӣ ва овезаҳо ҳам барои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва ҳам барои вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳия ташкилу насб гардидаанд.
Хабарнигори рӯзномаи "Ҷумҳурият" бо ҳамроҳии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш аз якчанд ҳавзаю участкаҳои интихоботӣ дидан намуданд. Зимни шиносоӣ бо ҷараёни омодагӣ ба интихобот маълум гардид, ки дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ, қуттиҳои овоздиҳӣ ва ҷойи овоздиҳӣ пурра омода шудаанд. Шиорҳои даъват ба иштироки фаъолона дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ, навиштаҷоти марбут ба интихобот, аз ҷумла рӯйхати участкаҳои интихоботӣ насб гардидааст. Дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ "Гӯшаи интихобот" ва харитаи сиёсии ноҳия мавҷуд аст.
Ҷараёни омодагӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ зери назари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта, вобаста ба ин гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст, ки пайваста рафти омодагии ҳавзаю участкаҳои интихоботиро назорат мебаранд.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.01.2020 №: 24 Мутолиа карданд: 846