logo

сиёсат

ПАЁМ ВА ХУСУСИЯТИ САМТМУАЙЯНКУНАНДАГИИ ОН

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки дар низоми давлатдории мустақили мо ба ҳукми анъана даромадааст, имсол низ як қатор хусусиятҳои ба худ хос дошт. Ин хусусиятҳо ба вазъи кунунии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа, марҳилаи муосири рушди давлатдорӣ, инчунин, натиҷагирӣ аз татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ робитаи зич дошта, дар заминаи таҳлилҳои амиқи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангӣ ташаккул дода шудаанд.

Вобаста ба ин зикр намудан лозим аст, ки Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор хусусиятҳои хоси худро дошт. Аз он ҷумла:
- Хусусияти ҷамъбастӣ ва натиҷагирӣ аз марҳилаи муайяни рушдро дошта, таҳлили нишондиҳандаҳо низ марҳилавӣ буданд. Чунончи, дар Паём зикр гардид, ки дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфта,  ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд. Даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш пайдо кард. Бақияи пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар соли 2019 беш аз 9,5 миллиард сомониро ташкил карда, дар ҳафт соли охир 45 дарсад зиёд гардид.
Аз таҳлилҳои овардашуда бармеояд, ки дигаргуниҳои дар тӯли ҳафт сол баамаломада, таъсири бевоситаи худро ба сатҳи зиндагии мардум расондаанд, ки дар натиҷа нишондиҳандаи умумии фавт қариб ду баробар, аз ҷумла фавти кӯдакони синни то панҷсола, 3,2 баробар кам шудааст. Дар ин давра аҳолии Тоҷикистон аз панҷу ним миллион қариб ба 9,5 миллион нафар расида, беш аз 70 дарсад афзудааст. Сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 дарсад паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт.
Ин натиҷагирӣ беҳуда набуд, зеро тавассути он ҳадафмандӣ ва самаранокии барномаи номзад ба Президенти кишвар барои 7 сол собит гашта, хусусияти прагматикӣ доштани он тасдиқ гардид. Ҳамчунин, ин нишондиҳандаҳо собит менамоянд, ки ҳадаф ва мақсади рушд дар Тоҷикистон ба масъалаи рушди неру ва захираҳои инсонӣ равона гардида, дар ин самт муваффақиятҳои назаррас ҳам ба даст оварда шудаанд. Илова ба ин, ҷанбаи мазкур моҳияти иттилоотии Паёмро устувор намуда, дар ин ҳуҷҷати муҳим иттилооти амиқ дар бораи натиҷаҳои татбиқи сиёсати давлат дар як соли тақвимӣ ва ё дар марҳилаи муайяни рушд батафсил ҷамъбаст ва пешниҳод карда шудааст. Моҳияти иттилоотии Паём имконият медиҳад, ки шаҳрвандон дар бораи масъалаҳои зарурӣ ва мароқдоштаи худ аз нутқи шахси аввали давлат иттилооти зарурӣ ба даст оварда, доир ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин ё он самт маълумот гиранд;
- Ҷанбаи суроғавӣ ва ё унвонии Паём, ки дар вазифагузориҳои мушаххас ба Ҳукумат, мақомоти давлатӣ, вакилони Маҷлиси Олӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот одатан нигаронда мешуд, васеътар гашта, дар назди ҷомеа ва ҳар як оила низ  вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд. Чунончи, вазифадоркуниҳо ба мақомоти мушаххаси ҷомеа нигаронда шуда бошанд ҳам, ҳар як шаҳрванди одӣ метавонад аз он нуқтаҳои махсус ба ӯ нигарондашударо низ муайян намояд. Ин бошад, ҷанбаи сотсиализатсиякунонии Паёмро боз ҳам пурқувват намуда, аҳамияти онро баҳри фаъолнамоӣ ва иштироки бошууронаи субъектҳои сиёсат дар раванди таҳкими давлатдорӣ баланд мебардорад. Ин ҷанба аҳамияти махсуси сиёсӣ дорад, зеро маҳз тавассути он субъекти асосии сиёсат – шахс имконият пайдо мекунад, то дар шинохти ҳувияти худ дар ҷомеа муваффақ шавад, мансубияти  худро ба ин ё он гурӯҳи иҷтимоӣ муайян кунад, масъулият, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро дар назди ҷомеа ва давлат дарк намояд, баҳри амалӣ намудани онҳо кӯшиш намояд.
Ин нишонаи он аст, ки имрӯз таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар ба ташаббусҳои шаҳрвандӣ зиёд буда, баҳри дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо тамоми чораҳо андешида мешаванд. Масалан, бори нахуст дар Паёми имсола оид ба ташаббусҳои созандагию бунёдкоронаи шахсиятҳои алоҳида, ки дар татбиқи сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар саҳми босазо гузоштанд, расман таъкид гашта, корҳои анҷомдодаи онҳо бо ибрози ному насабашон алоҳида таъкид шуд. Ин амал нишонаи он аст, ки тарғиби фаъолияти бунёдкорона ҳамчун намунаи ибрат усули маъмулӣ дар тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳавасмандгардонии ташаббусҳои шаҳрвандӣ буда, баҳри боз ҳам густариш додани масъулияти шаҳрвандӣ нақши босазо дорад;
- Вазифагузориҳо на танҳо барои як соли минбаъда, балки барои як бистсола низ  пешбинӣ шуданд. Чунончи эълон намудани солҳои 2020-2040  “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”. Ин ғоя, пеш аз ҳама, аз дарки зарурати иҷтимоии ҷомеа маншаъ гирифта, мақсади он ноил гаштан ба дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои номбурда мебошад. Аз ин нуқтаи назар, Паём хусусияти самтмуайянкунандагӣ дошта, барои ҷомеа ҳуҷҷатест, ки самти минбаъдаи рушди онро муайян мекунад. Ҳамчунин, ба рушди маърифат чун омили муҳими захираҳои инсонӣ баҳо дода, ба сифати василаи муҳими таъсиррасон ба сатҳи маърифат ва фарҳанги сиёсии ҷомеа, шаклгирӣ ва устуворгардии низоми арзишии ҷомеа низ таъсири бевоситаи худро мерасонад;
- Таъмини баробарии гендерӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат, баланд бардоштани сатҳи иштироки занон дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ ҷиддан таъкид гашта, нишондиҳандаҳо низ дар ин самт муайян шуданд. Аз ҷумла, яке аз онҳо зиёд намудани теъдоди занон дар мақомоти намояндагии сатҳи гуногун аст, ки ин нуқта аҳамияти махсусан муҳим дорад. Зеро дар шароити авҷ гирифтани ҳаракатҳои занон дар ҷаҳон вобаста ба таъмини баробарии гендерӣ, рафъи хушунату зӯроварӣ нисбат ба онҳо ва ба инобат гирифтани эҳтиёҷоти иҷтимоии бонувон таъкиди ин нукта нишонаи таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ба масъалаи мазкур мебошад. Ҳоло шумораи занон дар соҳаҳои маориф беш аз 70 дарсад, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 фоиз, фарҳанг 51 дарсад ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 23,3 дарсадро ташкил медиҳанд;
- Таваҷҷуҳи махсус ба боло бурдани худшиносии миллии ҷомеа тавассути корбарии бевосита бо оилаҳо, боло бурдани сатҳи  маърифати онҳо нигаронда шудааст. Иқдоми Пешвои миллатро дар масъалаи тақдими китоби «Тоҷикон» - и академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як оилаи тоҷик метавон қадами ҷиддӣ баҳри таҳаввулоти маънавӣ дар ҷомеа номид. Зеро то ба имрӯз аз номи Президенти мамлакат кумак ва туҳфаҳои гуногуни молӣ зиёд расонда шуда бошанд ҳам, тақдими китоб ин намунаи беҳтарин аст, ки ҳамзамон масъулияти оиларо дар ин самт баланд бардошта, барои густариши пояҳои маънавии ҷомеа заминаи устувор мегузорад.
Дар маҷмӯъ, метавон хулоса намуд, ки Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барномаи фаъолияти дарозмуддат барои тамоми ҷомеа буда, амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои дар он гузошташуда баҳри таҳкими давлатдории миллӣ, иқтидори иқтисодию иҷтимоии он, таъмини рушди неруи инсонӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ҷомеа мусоидат менамояд.

М. ХИДИРЗОДА, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2020    №: 25    Мутолиа карданд: 982
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед