порлумон
ИНТИХОБОТ. ҲУҚУҚҲОИ СИЁСИИ ШАҲРВАНДОНРО АМАЛӢ МЕСОЗАД
Дар давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ниҳодҳо ва унсурҳои муайяне мавҷуданд, ки барои рушди ҷомеаю давлат, устувории пояҳои давлатдорӣ, таъмини субот, некуаҳволии мардум, амалисозии муносиби вазифаҳо ва ҳадафҳои давлат мусоидат менамоянд. Яке аз ин падидаҳо интихобот аст, ки дар заминаи он мақомоти давлатӣ ташаккул ёфта, иштироки шаҳрвандонро дар ин раванд таъмин менамояд. Воқеан, интихобот ва дигар чорабиниҳои оммавӣ, аз қабили раъйпурсӣ, хоси давлати демократӣ буда, муаррифгари сатҳу сифати он мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки интихобот чорабинии оммавӣ – сиёсӣ аст ва дар доираи он шаҳрвандон дастаҷамъона ширкат меварзанд. Албатта, иштирок дар интихобот ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд мебошад. Бо ҳамин мазмун, ҳуқуқи иштирок дар интихобот дар низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҷойгоҳи хоса дошта, имкони иштироки онҳоро дар идораи ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ таъмин менамояд.
Ҳуқуқи иштирок дар интихобот дар ду шакл зоҳир мегардад: яъне фаъол ва ғайрифаъол. Ҳуқуқи интихоботи фаъол маънои интихоб намуданро дар назар дорад ва ҳуқуқи интихоботи ғайрифаъол бошад, интихоб шудан ба мақомоти муайяни давлатӣ ва ё мансаби дахлдорро ифода менамояд. Дар ин ҷо, мо, асосан, масъалаи ҳуқуқи иштироки фаъол дар интихоботро мавриди баррасӣ қарор медиҳем.
Ҳуқуқи иштирок дар интихобот дар санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва миллӣ мустаҳкам гардидааст. Чунончи, дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (моддаи 21) муқаррар гардидааст, ки «ҳар як инсон ҳақ дорад, бевосита ё ба воситаи намояндагоне, ки озодона интихоб шудаанд, дар идораи корҳои кишвари худ ширкат намояд. Иродаи халқ бояд асоси ҳокимияти ҳукумат бошад; ин ирода бояд ба воситаи интихоботи давра ба давра ва бидуни сохтакорӣ, ки дар сурати мавҷудияти ҳаққи интихоботи умумӣ ва баробар бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ ё тавассути шаклҳои дигари баробар, ки овоздиҳии озодонаро таъмин менамоянд, ба амал бароварда мешавад». Дар моддаи 25 - и Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ муайян шудааст, ки ҳар як шаҳрванд бидуни табъиз ва маҳдудият ҳуқуқ дорад, ки дар интихоботи озоди даврӣ, ки дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ ва баробар бо овоздиҳии пӯшида ва таъминкунандаи иродаи озоди интихобкунандагон доир карда мешаванд, иштирок намояд ва интихоб шавад.
Ба таври мушаххас бошад, ҳуқуқи иштирок дар интихобот дар қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам шудааст. Ин ҳуқуқ аз Конститутсияи кишвар ибтидо гирифта, дар он муқаррар гардидааст, ки шаҳрванд ҳуқуқ дорад, дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Воқеан, интихобот чорабинии сиёсиест, ки тавассути он шаҳрвандон дар идораи (идоракунии) давлатӣ иштирок менамоянд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳуқуқи иштироки шаҳрвандон дар интихобот муайян намуда, ки шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштироку интихоб кардан, инчунин, аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад. Ин муқаррароти конститутсионӣ моҳиятан талаботро барои ширкат дар интихобот муайян менамояд.
Ҳуқуқи иштирок дар интихобот як қатор хусусиятҳо дорад, ки аз дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд фарқ намуда, моҳияти онро ифода месозад:
1. Пеш аз ҳама, ҳуқуқи иштирок дар интихобот заминаҳои конститутсионӣ дорад. Яъне, чуноне зикр гардид, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳо вобаста ба он мавҷуд буда, ҳуқуқи мазкур ҳамчун қисми таркибии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон маънидод ва муаррифӣ шудааст.
2. Ҳуқуқи иштирок дар интихобот ҳуқуқи истисноии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Яъне, дар интихобот танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд. Иштироки шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрванд дар интихобот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардидааст. Ин муқаррарот ба он хотир аст, ки интихобот кори дохилии ҳар як давлат аст ва танҳо шаҳрвандони давлат метавонанд дар он ширкат варзанд.
3. Ҳуқуқи иштирок дар интихобот воситаи муҳимтарини муайянкунандаи ҳокимиятдории халқ аст. Яъне, халқ сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, бо иштирок дар интихобот дар ташаккули ҳокимияти давлатӣ саҳми худро мегузорад.
4. Иштирок дар интихобот аз синну соли муқаррарнамудаи қонунгузорӣ вобастагӣ дорад. Чуноне зикр гардид, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон аз синни 18 - солагӣ ҳуқуқи интихоб намуданро доранд. Аз синни мазкур шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни маҳдудият, бо хоҳиши худ мустақилона дар интихобот ширкат варзида, иродаи худро ҳамчун шаҳрванд изҳор менамоянд.
5. Ҳуқуқи иштирок дар интихобот дар қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ таҳким бахшида шудааст, ки ин аз аҳамияти он дар ҷомеа ва низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шаҳодат медиҳад.
Ба таври умум бояд гуфт, ки ҳуқуқи иштирок дар интихобот дар низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мавқеи хоса дошта, тавассути он соҳибихтиёрии халқ инъикос гардида, халқ дар бунёди мақомоти давлатӣ иштирок менамояд ва роҳи минбаъдаи ҷомеа ва давлатро муайян мекунад.
Зайниддин СОҲИБОВ, коршиноси КМИР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.02.2020 №: 25 Мутолиа карданд: 804