logo

иқтисод

ЧӢ ТАВР АЗ АВТОБУСҲОИ КОРНОШОЯМ ФОИДА БАРДОРЕМ?

Яке аз дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин истеҳсоли автобусҳои замонавии ватанӣ мебошад, ки боиси ифтихори мардуми кишвар дар арсаи байналмилалӣ гардидааст. Тавре сармуҳандиси Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобусҳои рақами 2» - и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Зафархон Тоҳиров гуфт: "Чанде пеш 35 автобуси истеҳсоли ватанӣ ба автобазаи (пойгоҳи автобусии) 1-ум ва 8 автобус ба автобазаи 2-юми мусофиркашонии пойтахт ворид гардиданд ва рӯзҳои наздик онҳо ба хатсайрҳои шаҳрӣ равона карда мешаванд. Автобусҳое, ки дар шаҳри Душанбе якҷо бо ширкатҳои «АКАI» ва «IZUZU» - и Туркия сохта мешаванд, нисбат ба автобусҳои истеҳсоли Туркия тақрибан 20 ҳазор евро арзонтаранд. То ин замон мо аз Туркия як автобусро бо арзиши 132 ҳазор евро  мехаридем".
Зафархон Тоҳиров изҳори умедворӣ кард, ки дар ояндаи наздик тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо чунин автобусҳои замонавӣ таъмин мегарданд. Сармуҳандис ба пурсиши мо дар бораи вазъи автобусҳои корношояме, ки муҳлати хизматашон гузаштааст, гуфт, ки қисмҳои коршоями онҳоро  барои таъмири дигар автобусҳо истифода мекунем ва қисмати дигарашро бояд чун оҳанпора ба нуқтаҳои қабули оҳанпора супорем.
Ба гуфтаи ӯ, чунин автобусҳо дар пойгоҳҳои автобусии № 1 ва № 2 – и шаҳри Душанбе зиёданд. Ман баъди андешаи бисёр ба чунин хулоса омадам, ки кузови (қуттии холии) ин автобусҳоро мақсаднок ва судманд истифода намудан имконпазир аст, хосса дар доираи татбиқи ҳадафҳои «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» (2019 - 2021). Агар кузови он автобусҳоро дар деҳоти дурдасти доманаи кӯҳҳои сарбафалаккашидаи кишвар, дар мавзеъҳои гузари сайёҳон (хатсайрҳои сайёҳӣ) насб намоем, беҳтар аст. Бигузор сайёҳони дохилию хориҷӣ дар назди онҳо гулхан кунанду дам гиранд. Ҳамчунин, имкон дорад, ки онҳоро дар ҷойҳои чарою гаштугузор ва иқомати парандаю ҳайвонот гузорем, то дар фаслҳои сармо аз хунукӣ ва гармо аз офтоби сӯзон паноҳ баранд. Бисёр хуб мебуд, ки онҳоро бо тарзи зебову замонавӣ таъмиру оинабандӣ намуда, ҳамчун бозигоҳи кӯдакони кӯҳистон истифода барем.
Кормандони масъули соҳаҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро мебояд, ки бо сарварону масъулони пойгоҳҳои автобусии ватанӣ гуфтушунид намоянд ва автобусҳои корношоямро ба деҳоти дурдаст баранд, то дар он ҷо мавриди истифода қарор гиранд ва аз онҳо ба мардум суде бирасад. Охир, кузови ин автобусҳо бо рангубори андак хонаи зебое мешавад-ку!  Ба оҳанпора супурдани кузови  чунин автобусҳо,  дар ҳақиқат, ҳайф аст.
 
Раҳмат ШЕРАЛИЕВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2020    №: 25    Мутолиа карданд: 810
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед