logo

сиёсат

ТАЪЙИНОТИ КАДРӢ

4 феврал дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, сарҳадот, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва зерсохторҳои он ба вазифаҳои роҳбарӣ таъйин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Абдусаттор аз вазифаи муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ - тарбиявӣ озод ва ба ин вазифа Мирзозода Сафаралӣ Раҳим, ки дар вазифаи муовини Прокурори генералӣ - сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт, таъйин гардид. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Абдусаттор муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Мутобиқи банди 9 моддаи 69  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини Прокурори генералӣ - сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Мирзозода Сафаралӣ Раҳим ва ба ин вазифа ҷиҳати додани ризоият номзадии Зоирзода Икром Оймаҳмад ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири мудофиа, муовинони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии «Кӯлоб», «Данғара», «Панҷ», директор ва муовинони директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ», комиссарони ҳарбии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Суғд, командирони қисмҳои низомии Вазорати мудофиа, вобастаҳои ҳарбӣ дар назди як қатор сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ, сардорони баъзе отрядҳои сарҳадӣ ва марказҳои таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба таъйин гардиданд.
Зимни суҳбат Сардори давлат аз вазифагузориҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаҳои иқтисодиёт, маориф ва илм, таъмини амнияту субот ёдовар гардида, кадрҳои таъйиншударо барои содиқона ва поквиҷдонона хизмат кардан ба халқу Ватани худ даъват намуданд. Дар назди масъулон барои иҷрои саривақтии дастуру нишондодҳои Паём вазифаҳои мушаххасу муҳлатнок гузоштанд.
Ба ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадӣ бори дигар таъкид намуданд, ки вазифаҳои хизматиашонро дар доираи оинномаҳои ҳарбӣ иҷро намуда, дар ҳимояи сарҳади давлатӣ бо масъулияти ҷиддӣ ва дар чаҳорчӯбаи қонун амалӣ намоянд.
- Манфиатҳои давлату миллат ва ҳифзи дастовардҳои замони истиқлолият бояд аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як хизматчии давлатӣ ва низомӣ иборат бошад, - иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.02.2020    №: 26    Мутолиа карданд: 1066
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед