logo

фарҳанг

ТАҶЛИЛИ САДА ДАР ХОРУҒ

Дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ Ҷашни Сада  бо афрӯхтани  гулхани  калон, ҳамоиши  бошукӯҳ  ва барномаи рангини фарҳангӣ хотирмон таҷлил гардид.  Ин ҷашни бостониро дар ҳар як ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо шеваю урфу одатҳои гуногун истиқбол мегиранд. Дар ноҳияи Шуғнон онро Хирпичор, дар ноҳияи Рӯшон Ардон, дар водии Язгулом Гараваш ва дар ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз Сада мегӯянд.

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,  зимни ифтитоҳи ҳамоиш зикр кард, ки дар эҳё ва тавсеаи ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик, аз  ҷумла иди Сада, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон нақши бориз доранд. Маҳз бо дастур ва раҳнамоии Сарвари давлат олимону донишмандони тоҷик ба омӯзиши бисёр паҳлуҳои норавшан, аҳамият ва омилҳои хештаншиносию худогоҳии ин ҷашн дар тарбияи ахлоқию маънавии насли имрӯзу оянда, пардохтанд.
Сада таърихи куҳан дорад. Бисёр  ҷанбаҳои он ба чор унсур – оташу боду обу хок робита доранд ва  бозгӯи таърихи қадимаи тоҷикон мебошанд. Бо паҳн гардидани дини   ислом дар  Осиёи Миёна мубориза бо идҳои миллӣ, аз ҷумла Сада, оғоз гардид ва диндорони иртиҷоӣ онро чун боқимондаи адёни пешинаи ин минтақа  мамнӯъ намуданд. Бо вуҷуди ин, аҷдодони мо тавонистанд, ки онро чун анъанаи фарҳангии  ниёгон аз нестшавӣ нигоҳ доранд. Сада чун дигар ҷашнҳои миллӣ дар асри бист ҳам комилан ба гӯшаи фаромӯшӣ гузошта шуда, аз истиқболи ошкорои он мардум  ба  хотири аз  ҷониби  сохторҳои ҳизбиву қудратӣ мавриди фишор қарор  нагирифтан худдорӣ мекард. Зеро ба ин ҷашнҳои миллӣ зимомдорони  вақт тамғаи динӣ зада, таҷлили онҳоро мамнӯъ эълон карда буданд. Аммо ҳатто дар деҳоти дурдаст онро пинҳонӣ истиқбол мегирифтанд. Дар рӯзи даҳуми моҳи баҳман, ки мутобиқи тақвими мелодӣ ба якуми феврал рост меояд, рустаниҳои хушбӯйро болои лахчаи оташ мегузоштанд, ки хонаро бӯи муаттар ва форам фаро мегирифт. Кадбонуҳои хона таомҳои қадимиро аз гандуму зироати лӯбиёӣ ва ширу гиёҳҳои шифобахш омода мекарданд.
Пас аз ин хурду бузурги деҳа дар саҳро гулхан афрӯхта, бо мақсади пок кардани гуноҳҳои худ аз болои он мепариданд. Зеро ба ақидаи онҳо, оташ ҳамаи неруҳои аҳриманиро аз деҳа ронда, рӯҳи инсонҳоро ҳам пок месозад. Ва маҳз аз ҳамин рӯз деҳқонон ба маъракаи киштукори баҳорӣ омодагиро шурӯъ мекунанд. Ба замин  хоку  пору мепошанд, то барф зудтар об шаваду замин ғизо гирад.
Ба  гуфтаи  номзади  илми  таърих Ҳоҷибек Элбон, деҳқонони минтақаҳои кӯҳистон тақвими хоси худро доштанд, ки то ҳанӯз ҳам аз он истифода мебаранд. Мутобиқи ин тақвим, чилаи зимистон аз 20 декабр оғоз ёфта, 1 феврал ба поён мерасад. Ана  ҳамин рӯз иди  Сада аст.
 Дар чорабинӣ бахшида ба Ҷашни Сада бисёр пешқадамони истеҳсолоти  шаҳру  ноҳияҳои  вилоят  аз ҷониби  раиси  вилоят бо ифтихорномаҳо ва мукофотҳои  пулӣ қадрдонӣ  шуданд. Барномаи  фарҳангии  ҳунармандони  шуъбаи фарҳанги  шаҳри  Хоруғ  ба  ҳамоиш  шукӯҳи тоза бахшид. Дар ин рӯз, ҳамчунин, намоиш – фурӯши  маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии корхонаҳои истеҳсолии шаҳри  Хоруғ ва ноҳияҳои  вилоят баргузор  гардид.

Раҳмони  ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.02.2020    №: 26    Мутолиа карданд: 860
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед