logo

фарҳанг

САДА. БОЗТОБИ ИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР АШЪОРИ ШОИРОН

Сарвари хирадманди тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди кишвар ва ҳаёти осоиштаю шоистаи мардум тамоми донишу таҷриба ва сабақи хешро истифода бурда,  зикр кардаанд: “Таърих гувоҳ аст, ки ташаккули ҳар як давлати соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, ба анъанаҳои миллӣ - фарҳангӣ, ба дарки мансубияти миллӣ, сарватҳои бемислу монанду нотакрори фарҳангӣ, ки таърихи ҳар як халқро тавлид месозанд, ба муҳит ва дастовардҳои гуногуни ҳаёти маънавӣ такя мекунад”.  Шаҳодати ин иқдоми нек эҳёи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, ворид гардидани Чакан ба рӯйхати мероси ғайримоддии умумибашарӣ ва тасхири ҷаҳониён дар мӯди муосир, эътироф шудани Саразм ҳамчун қадимтарин шаҳри ҷаҳон мебошанд.
Эҳёи Ҷашни Сада рамзи бузургдошти Митра (Меҳр), рамзи рафтани нимаи зимистон, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз, имрӯз дар кишвари мо Ҷашни Садаро бо риояи суннатҳояш таҷлил мекунанд. Абурайҳон Берунӣ нигоштааст: «Сада чист? Обонрӯз аст аз баҳманмоҳ. Ва он даҳум рӯз бувад. Ва андар шабаш, ки миёни рӯзи даҳум аст ва миёни рӯзи ёздаҳум оташҳо зананд ба гавзу [чормағз] бодом ва гирд бар гирди он шароб хӯранд ва лаҳву [бозӣ] шодӣ кунанд». Ҷашни Садаро  шоирон оғоз аз Абулқосим Фирдавсӣ то имрӯз бо тобишҳои гуногун васфу тараннум кардаанд.
Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” пайдоиши Ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад:
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Яке аз шоирони тавоно ва ҳамасрони Рӯдакӣ Манучеҳрии Дамғонӣ таърихи Ҷашни Садаро чунин зикр кардааст:
Инак, биёмадаст ба панҷоҳ рӯз пеш,
Ҷашни Сада талояи Наврӯзи навбаҳор.
Шоир Манучеҳрӣ иловатан, дар қасидааш Иди Садаро тавсиф карда, аз ҷумла мегӯяд:
Омад, эй сайиди аҳрор, шаби Ҷашни Сада,
Шаби Ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад.
Дар бузургдошти Иди Сада шоири тавонои асри асри XI Фаррухӣ  васф чунин овардааст:
Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,
Мужда бипзиру бидеҳ  хилъату кораш ба тироз.
Бояд тазаккур дод, ки Ҷашни Сада бо нуру оташ робитаи ногусастанӣ дорад. Дар «Комил-ут-таворих» Ибни Асир иттилоъ дода, аз шоир Саёқӣ ин мисраъҳоро овардааст :
Сада омад, ки тарабро сару солор бувад,
Шодмониро з-ин пас ба(р) мо бор бувад.
Унсурӣ, шоири қасидасарои дарбори Ғазнавӣ ҳангоми таҷлили Сада дар  ҳузури Маҳмуди Ғазнавӣ қасидае дар бораи  Сада қироат кардааст, ки матлаи он чунин аст:
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.
Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ далолатгари пайдоиши яке аз ҷашнҳои бошукӯҳи ниёгонамон Сада буда, имрӯз баъди ҳазор сол бо ташаббуси Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  умри дубора ёфт. Сарвари кишвар чанде пеш ба ифтихори Ҷашни Сада таъкид карданд: «Ба олимону донишмандон зарур аст, ки паҳлуҳои норавшан ва аҳамияти Ҷашни Садаро омӯзанд, арзишҳои онро ба мардум, хусусан, ба наврасону ҷавонон ҳамчун мероси фарҳанги миллиамон ва омили худогоҳиву худшиносии наслҳо таблиғ намоянд». Дар бари ин гуфтаҳо имрӯзҳо шоирони муосири тоҷик дар бораи Сада шеърҳо мегӯянд. Яке аз шеърҳое, ки ба Ҷашни Сада бахшида шудааст, аз шоир  Гулназар бо унвони  «Ҷашни Сада» аст. Шоир Садаро  раҳкушояндаи Наврӯз номидааст:
Сада сад раҳ кушояд сӯйи Наврӯз,
Ба рӯйи мо намояд рӯйи Наврӯз.
Сано гӯям ба ин ҷашни ниёгон,
Ки дар сармо расонад бӯйи Наврӯз!
Шоир Муҳаммад Ғоиб дар шеъри «Оташи Сада» ин ҷашни ниёгонро бо нури НБО «Роғун» монанд карда, пайванди мантиқӣ медиҳад:
Ин оташ аз худафрӯзӣ нишон аст,
Фурӯзонтар шуд он дар аҳди Ҷамшед.
Ба даври мо ба Роғун зинда гашта,
Ба ҳар дар мерасонад нури уммед…
Ҳамин тавр, Саидалӣ Маъмур, Алимуҳаммад Муродӣ, Озар, Муҳтарам Ҳотам, Гурез Сафар, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Толиби Луқмон  дар бораи Ҷашни Сада таронаҳо эҷод карда, ҳар кадоме муҳаббат ва самимияти  худро нишон додаанд.
Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва профессор Равшан Раҳмонӣ  дар мақолаи  “Ҷашни Сада як ҷузъи арзишманди худшиносии мост” тазаккур додаанд: “Шоирони мо қалам ба даст гирифта забон, фарҳанг, таърих ва дигар ҷашну оинҳои кишвару миллатро ситоиш намуда, барои рушди минбаъдаи Тоҷикистони азиз ҳисса мегузоранд”.

Кибриё АТОЕВА,
Манзура САЙДУЛЛОЕВА,
омӯзгорони Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.02.2020    №: 26    Мутолиа карданд: 795
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед