logo

фарҳанг

ПАЁМ - МАҶМӮИ АНДЕШАҲОИ ОЯНДАСОЗ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳамчун ҳидоятнома ба фардои боз ҳам дурахшон дар назди омӯзгорону устодон ва ҷавонону бонувон вазифаҳои нав гузошт. Мо, устодону донишҷӯён ва олимон дастуру супоришҳои Сарвари давлатро дар фаъолияти минбаъдаамон ҳамчун чароғи раҳнамо истиқбол намудем.
Дар Паём зикр шуд, ки яке аз шартҳои дар қатори давлатҳои мутамаддин қарор ёфтани Тоҷикистони азиз босавод ва соҳиби касбу ихтисос, забондон будани ҳар фард аст. Саводнокии миллат аз саводнокии ҳар фарди ҷомеа сарчашма гирифта, ин раванд тавассути муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва тарбияи хонаводагӣ сурат мегирад. Аз ин хотир, нашри муҷаддади “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров давоми мантиқии бедору зирак кардани миллат аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар 28 соли Истиқлолияти давлатӣ дар кишвари мо мактабу кӯдакистонҳои зиёд сохта шуда, пояи моддӣ - техникии ҳамаи зинаҳои таҳсилот  нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар шудааст.
Дар баробари ин, воқеан, нарасидани омӯзгорони баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷумлаи мушкилоте ба шумор мераванд, ки боиси нигаронии Сарвари давлат гардидааст. Аз ин рӯ, Пешвои миллат бо таваҷҷуҳ ба ин масъала дар Паём ҳушдор доданд: “Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем”. Оре, ҷомеаи имрӯза тақозо менамояд, омӯзгори имрӯза бояд дорои тафаккури баланд ва фазилати педагогӣ бошад, аз технологияҳои муосири иртиботӣ истифода бурда тавонад ва дар ҷараёни дарс аз методҳои фаъоли таълим кор гирад.
Саводнок ва соҳиби касб шудани ҷавонон кафили саодати худи онҳо ва татбиқи ормонҳои олии инсонӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Ё ба таъбири Сарвари давлат: “Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”. Ба як анъана табдил додани озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ...” низ барои равшан шудани фардои ҷомеа сахт муассир аст. Дар ин робита, нақши омӯзгор бузург аст, зеро меҳри китобу китохонаро дар сиришти хонанда маҳз муаллим ташаккул медиҳад. Аз ин рӯ, мо омӯзгорону устодон, волидон  ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки дар партави Паём ва татбиқи нишондодҳои судманди Пешвои муаззами миллат самимонаву содиқона ранҷ барем ва ояндаро бо дастони худ созем.

Имомалӣ ТАБАРӢ, омӯзгор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.02.2020    №: 26    Мутолиа карданд: 756
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед